Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро

Имрӯзҳо мушкилоте ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, ки ин ҳам бошад кӯтоҳандешиву камсаводии ҷавононе, ки ба ҳизбҳою гурӯҳҳои  ифротгароӣ дохил мешаванд. Сабабҳои асосии ба ин кори нангин даст задани онҳо паст будани сатҳи маърифат дар оила ва надонистани дини мубини Ислом мебошад.

Асосан ҷавононе, ки бекоранд фирефтаи макри аъзоёни гурӯҳҳои ифротгаро мешаванд, ононро ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ бероҳа месозанд. Аммо  чи тавре  ки  шахсони гумроҳшудаи ба ватан баргашта мегӯянд, ҳамаи он ваъдаҳо фиреби маҳз мебошанд. Баъди аз Ватан баромадан  гапу кор ранги дигар мегираду ба домафтодагон ғуломи террористон мешаванд. Хусусан, ҳоли занҳое, ки шомили гурӯҳҳои ифротгаро шудаанду тарки Ватан кардаанд, хеле ҳузнангез аст. Онҳоро баъди ҳалок шудани шавҳарҳояшон чанд маротиба ба шавҳар медиҳанд, мефурӯшанд, тақдим мекунанд. Барои ҳамин ҳам зарур аст, ки бо ҷавонон ҳар чи бештар корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба соҳибилму соҳибмаърифат шудан гузаронида шавад. Ҷавонон бошанд пайваста худомӯзӣ кунанд, то ин ки аз ҳуқуқҳои худ бохабар гарданд, дини мубини Исломро донанд, аз хабарҳои нав огоҳ бошанд, касбу  ҳунар омӯзанд ва меҳнати ҳалолро интихоб намоянд.

М.ХАЛИФАЕВА,
устоди кафедраи забонҳо
ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh