Ояндасози халқу миллати хеш бошем!

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири соли ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар замони рушди бемайлони тамоми соҳаҳои хоҷагии кишвар ва мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир ироа гардид.

Мардум бо рўҳияи созандаю умедҳои нек суханронии Президенти мамлакатро бо шавқи том шунида, аз самтҳои минбаъдаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ки баҳри зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст, огаҳӣ пайдо карданд.

Сарвари мамлакат зимни суханрониашон чун ҳарвақта соҳаи маорифро чун соҳаи афзалиятнок ва пешбарандаи ҷамъият номида, изҳор доштанд, ки танҳо дар соли 2016 аз ҳисоби даромадҳо 201 адад биноҳои нави замонавӣ барои 32 ҳазор нафар хонанда ба маблағи 540 млн. сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳамчунин, қайд намуданд, ки минбаъд низ барои наслҳои ҷавон, ки онҳо ояндасози халқу миллати хеш ҳастанд, ба дараҷаи аъло шароитҳо муҳайё карда хоҳанд шуд, то онҳо барои пешрафти Ватани худ ҳиссагузорӣ карда тавонанд.

Супориши Сарвари мамлакат ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла муҳассилини муассисаҳои таълимӣ дар бораи омўзиши ҳатмии Конститутсия, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тадбири муҳим ва шоистаи дастгирист.

Барои амалӣ гардидани «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» мо, кормандони соҳаи маорифро вазифадор намуданд, ки бо хонандагони лаёқатманд кор бурда, ба сатҳу сифати раванди таълиму тарбия ва омўзиши фанҳои дақиқ, забономўзии хонандагон ва омўзиши технологияи муосир бештар диққат диҳем.

Пешвои миллат дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон сухан ронда, ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷамъият, ояндаи миллату давлат номида, Соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон доштанд. Сарвари мамлакат бо ҳисси ифтихормандӣ иброз доштанд, ки ҳукумати мамлакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошад, дар маркази диққати худ қарор медиҳад ва барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонон чораҳои заруриро амалӣ мегардонад, шароите муҳайё месозад, ки ҷавонон дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омўзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд.

Ин мо, омўзгоронро водор мекунад, ки бояд бо ҳисси баланди масъулиятшносӣ нисбати касби худ муносибат намоему насли ҷавонро дар замони ҷаҳонишавии ҷомеа бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ, худшиносу меҳнатдўст ва меҳанпараст тарбия намоем. Зеро пешрафти давлат, таҳкими иқтисодиёти миллӣ ва рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бидуни ширкати мутахассисони варзида ғайриимкон аст.

Мо, омўзгорон аз суханрониҳо ва дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўҳбаланд гардида, бо камоли масъулият мекўшем, минбаъд низ наврасону ҷавононро дар рўҳияи арҷгузорӣ ба илму дониш, эҳтироми забони модарӣ ва омўхтани забонҳои хориҷӣ, худшиносиву худогоҳӣ, меҳнатдўстиву ватанпарастӣ тарбия намоем, то шахсони соҳибмаърифат, бонангу номус, дорои ахлоқи ҳамида, ҳунарманду соҳибкасб шуда, чун ворисони ҳақиқии ин давлату миллат ба камол расанд ва барои ободии сарзамини аҷдодии хеш огоҳонаю тоҷикона ва содиқона саҳм гузоранд.

Паёми Президентро яке аз рўйдодҳои муҳими давр, раҳнамои имрўзу фардои нек метавон номид.

Дар Паём дар бораи дастгирии соҳибкорон, ҳифзи иҷтимоӣ, тарбияи кадрҳо, соҳаҳои тандурустию маориф, рушди сайёҳӣ ва сиёсати давлатии ҷавонон, касбомўзии ҷавонон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа сухан рафт ва боиси рўҳбаландии мардум гардид.

Мавлуда Ҳоҷибоева,
омўзгори гимназияи«Нур»,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh