Мутахассисони сазоворро тарбия намоем

Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо-мардуми вилоятро рўҳу илҳоми тоза мебахшад. Шунидани Паём тариқи оинаи нилгун маро водор сохт, ки чанд ақидаи хешро иброз намоям.

Дар зарфи бисту панҷ соли Истиқлолияти давлатӣ меҳнати бурдборонаю софдилонаи халқи заҳматкаш буд, ки ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ноил гардидем. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаю сулҳҷўёнаи Сарвари давлатамон имрўз мо, таълимдиҳандагону тарбиятгарон дар фазои озоду демократӣ кору фаъолият бурда, баҳри таълиму тарбияи насли навин заҳмат мекашем. «Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгўи талаботи замони муосирро тарбия намоем» омадааст дар Паём.

Вобаста ба ин омўзгорону устодон ва падару модаронро зарур аст, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷўёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намуда, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ таваҷҷўҳи бештар зоҳир намоянд, забонҳои хориҷӣ ва омўзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монда, ҷиҳати касбомўзии шогирдону фарзандон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасон озмунҳо ва мусобиқаҳои илмиву эҷодиро роҳандозӣ намудан дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, ба саҳна баромадани афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷў дар ҷодаи илмҳои дақиқ имконият медиҳад, ки давлати мо дар ояндаи наздик дар қатори кишварҳои мутараққӣ ҷой дошта бошад.

Аз Паёми навбатӣ, ки саропо барои рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ равона карда шудааст, омўзгорон миннатдоранд ва кўшиш мекунанд, ки боварии Сарвари давлат, давлату Ҳукумат ва аз ҳама асосиаш, халқро сазовор бошанд.

Мухбира МЎҲСИНОВА,
омўзгори Муассисаи таълимии
«Ирфон», шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh