Рўҳбаландии фарҳангиён аз Паёми Сарвари давлат

Кулли фарҳангчиёни вилояти Суғд Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шавқу рағбати бепоён тамошо ва гўш карданд. Паёми навбатии Пешвои миллат, ки дар остонаи соли таърихии 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карда шуд, тамоми соҳоти хоҷагии халқи кишварро фаро гирифта, ба такмили рушди иқтисодӣ, сармоягузории давлатӣ, аз байн бурдани терроризму экстремизм, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон бахшида шуд.

Дар Паём ҳамчунин нисбат ба рушду инкишофи ҳунарҳои бадеӣ-халқӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон, бонувону занҳои хонашин сухан рафт.

Боиси хурсандист, ки Сарвари кишварамон дар ҳар як Паёми худ иқдомҳои наҷибу созандаро пеш мегузоранд. Аз ҷумла, дар «Соли рушди фарҳанг» дар қаламрави вилоятамон даҳҳо иншооти бузург бунёд ва таъмиру тармим ёфтанд, заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои фарҳангӣ хеле устувор гардиданд, чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ дар сатҳи хеле баланд доир гардида, аз ҷониби Пешвои миллат баҳои арзандаро сазовор шуданд.

Дар соли 2017, ки «Соли ҷавонон» эълон гашт, Раёсати фарҳангӣ баҳри рушду такомул, дарёфти наврасону ҷавонони боистеъдоду умедбахш, истироҳати бофароғати шаҳрвандон, пурмазмун баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, мустаҳкамгардонии заминаи муассисаҳои фарҳангӣ чораҳои мушаххас андешида истодааст.

Дар маҷмўъ, дар Соли нави мелодӣ фарҳангчиёни вилоят баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлату ҳукумат ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат чораҳои амалӣ роҳандозӣ хоҳанд кард.

Орифҷон Набиев,
сардори Раёсати
фарҳанги вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh