Муҳимтарин масъала: Ҳифзи амнияти давлату миллат

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, аҳли зиё ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархўрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон, муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра ва шиддат гирифтани бўҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам баён гардида, новобаста аз мушкилотҳои номбурда Паёми созанда ва бунёдкорона аст.

Президенти кишвар аз сатҳу сифати баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ изҳори сипосмандӣ намуда, зикр намуданд, ки он дар фазои сулҳу салоҳ ва сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардид ва аз баланд шудани маърифати сиёсии шаҳрвандон шаҳодат дод.

Сарвари давлат аз вазъи имрўзаи минтақа ва ҷаҳон ба ташвиш омада, махсус таъкид намуданд, ки дар шароити ташаннуҷи рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.

Президенти мамлакат барҳақ зикр намуданд, ки: «Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

ҳақиқати ин суханҳоро мо аз нооромиҳои давлатҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон ва дигар давлатҳои мусулмонӣ, ки ҳодисаҳои террористӣ ҳамарўза боиси марги ҳазорон нафар одамон, аз ҷумла занону кўдакон мегардад, эҳсос менамоем. Бетартибиҳои солҳои 1990-ум, ки боиси ҷанги шаҳрвандӣ, маргу беватан гардидани шаҳрвандони Тоҷикистон ва талаву тороҷ гардидани моликияти давлат гардида буд, аз дасти хоинони миллат ва маслиҳати хоҷагони хориҷиашон амалӣ гардида буд, онҳо террористу экстремист буда, имрўз чеҳраи аслиашон баъди воқеаҳои моҳи сентябри соли 2015 маълум гардид. Лекин халқу миллати тоҷик аз ин ҳодисаҳо сабақи таърихӣ гирифта, ҳеҷ гоҳ ба амалӣ шудани ҳадафҳои нопок роҳ намедиҳад.

Сарвари давлат мубориза бо терроризм ва экстремизмро бо фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ вазифаи муҳими тамоми давлатҳо шуморида, аз «сиёсати дугона» нисбат ба ин вабои ҷаҳонӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Сиёсати дугонаю манфиатҷўёна бар зарари худи ин давлатҳо буда, рўзе ба чоҳи кофтаашон худ меафтанд.

Президенти кишвар дар Паём қайд карданд, ки «террористон ватан, миллат ва дину мазҳаб надоранд» ва ин воқеӣ буда, ҳадафҳои бо хун олудаи онҳо ба манфиати ягон ҷомеа ва давлат буда наметавонад. Террористон аксаран шахсони зархарид ва фирефтаи хоҷагони худ мебошанд, ки бо ҷаҳонбинии тангу торик, осебпазирӣ, гумроҳӣ ва руҳан носолим будан, даст ба куштору хунрезӣ мезананд. Онҳо Ватан, миллат ва модари худро кайҳо фаромўш намуда, барои амалӣ намудани супоришҳои роҳбаронашон худро ба оташи ҷаҳаннам мепартоянд.

Дар ин масъала Президенти кишвар ҳақиқати ҳолро баён намуда, зикр карданд, ки «зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву маз-ҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз он пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд».

Инчунин, дар суханронии худ Сарвари давлат изҳори таассуф аз он карданд, ки «баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кўдаконро нодида мегиранд».

Имрўз Созмони Милали Муттаҳид ҳам-чун созмони бонуфузи ҷаҳонӣ кафили ҳифзи сулҳу субот дар сайёра, ҳуқуқҳои фитрии инсон ва баробарҳуқуқиву дахлнопазирии соҳибистиқлолии давлатҳо мебошад ва дар ин асно санадҳои зиёд қабул намудааст, ки аксарияти давлатҳо онро ҷонибдорӣ намудаанд, ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки давлатҳо ва ташкилотҳои ба ном хайриявӣ инро нодида гирифта, бо кўмак ба террористон ё бо истифода аз онҳо вазъи минтақаҳои алоҳидаро ноором сохта, манфиатҳои худро амалӣ намоянд. Ҳодисаҳои даҳшатовари давлатҳои Сурия, Либия, Яман ва Афғонистон шаҳодати онанд, ки ҳуқуқҳои байналмилалиашон поймол гардида, хатари аз байн рафтани истиқлолияти ин давлатҳо ва маргу зери оташ мондани кўдакону занон гардида истодааст. Аксарияти давлатҳои номбурда то омадани террористони зархариди давлатҳои манфиатдор аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ мустақил буданд ва шаҳрвандонашон зиндагии осоишта доштанд. Тааҷҷубовараш он аст, ки дар ин давлатҳо аллакай идоракунии исломиро пеш гирифтаанд ва танзими тамоми муносибатҳояшон ба муқаррароти дини Ислом мувофиқанд, душманони дини Ислом бо номи «террористу экстремистон» ҳадафи бунёди «давлати исломӣ» доранд, ки ин мантиқан ҳадафи дигар доштани онҳоро шаҳодат медиҳад.

Мо аз ин нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бояд хулосаи зарурӣ бароварда, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ва суботу оромии ҷомеа дар атрофи Cарвари хирадманд сарҷамъу муттаҳид бошем.

Маъмур ЮСУФЗОД,
Иброҳим ҶАББОРОВ,
устодони Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд, ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh