Истаравшан: АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо аст. Маҳз, аз ҳамин хотир сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин қадру қимати бузург доранд ва ҳифзу таҳкими он вазифаи ҷонии тамоми халқи мамлакат мебошад. Дастоварди бузургтарини мо дар тўли 25 соли Истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва Ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдўсти тоҷик муяссар гардид.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22-юми декабр ироа гардид, Пешвои миллат дар қатори дигар соҳаҳои мухталифи кишвар ба соҳаҳои маорифу иҷтимоӣ таваҷҷўҳи бештар зоҳир намуданд.

Бояд қайд кард, ки соли равон дар соҳаҳои иҷтимоиёт, маориф ва фарҳанг пешравиҳои муайян ба назар расиданд. Кулли сохторҳои соҳа дар самти беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ташаккули фазои мусоиди маънавӣ корҳои муайянро ба анҷом расониданд.

Сохтори маорифи шаҳр 81 муассисаи таълимӣ, тарбиявӣ ва томактабиро дар бар гирифта, дар ёздаҳ моҳи соли равон ба масъалаи қабули духтарон ба зинаи сеюми таҳсил таваҷҷўҳи асосӣ равона гардид. Дар натиҷа ин нишондиҳанда дар шаҳру деҳот ба 95,5 фисад расонида шуд.

Аз ин ҷост, ки соли ҷорӣ, тибқи маълумотҳо, аз шаҳру деҳоти Истаравшан 1969 нафар, аз ҷумла 854 духтар, аз онҳо хатмкунандагони соли таҳсили 2015-2016 1615 нафар буда, аз ҳисоби хатмкунандагони солҳои пешин 354 нафар ба унвони донишҷўӣ соҳиб гардиданд. Чун ҳамасола тибқи квотаи Президентӣ 20 нафар хатмкунанда ба донишгоҳҳои олии кишвар барои идомаи таҳсил дохил гардиданд, ки аз онҳо 10 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар коллеҷи тиббии шаҳр 1060 донишҷў, аз он 895 нафар духтар бо таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 182 нафар омўзгори соҳибтаҷриба таълим медиҳанд.

Дар муассисаи таълимии коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳр аз рўи 10 ихтисос, аз ҷумла ҳунарҳои заргарӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, кордсозӣ, сохтани армуғонҳо аз чўб, гаҷкорӣ, наққошӣ, қолинбофӣ, зардўзӣ ва кашидадўзӣ-гулдўзӣ 369 нафар донишҷў ҳунар меомўзанд ва 42 нафар омўзгору ҳунарманди мардумӣ ба онҳо таълим медиҳанд.

 Боиси ифтихор аст, ки сол то сол сафи донишҷўён аз минтақаҳои гуногуни кишвари азизамон барои омўхтани касбу ҳунарҳои миллӣ меафзоянд. Ҳоло дар коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ донишҷўён аз шаҳрҳои Хоруғ, Кўлоб, Ваҳдат, Панҷакент ва аз ноҳияҳои Варзоб, Ҷалолиддини Балхӣ, Рашт, Айнӣ, Деваштич, Зафаробод, Шаҳристон ва дигар шаҳру ноҳияҳо илму ҳунар омўхта истодаанд.

Бо мақсади тақвияти сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1 адад таҷҳизоти нафаси сунъидиҳанда ба маблағи 25000 сомонӣ, 1 адад таҷҳизоти ултрасадоӣ ба маблағи 26000 сомонӣ ва ба маблағи 42700 сомонӣ таҷҳизоти ёрирасон дастрас гардид.

Дар ин давра маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба беҳдошти хизматрасонии тиббӣ ва дигар барномаҳои миллии соҳаи тандурустӣ 105,2 фисад таъмин карда шудаанд.

Бо мақсади солимгардонии аҳолӣ ва истироҳати бофароғати мардум осоишгоҳҳои муосири «Авис-сити», «Авитсенаи Истаравшан» «Ўротеппа» ва «Ҳавотоғ» фаъолиятро бомаром идома дода истодаанд.

Дар самти кишоварзӣ 18 ҳазору 115 нафар занону духтарон фаъолият менамоянд, ки аз ин 1973 нафарашон раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳастанд.

Айни ҳол 52 нафар занону духтарони шаҳри Истаравшан дар рўихати захираи кадрҳои роҳбарикунанда қарор доранд.

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2016 дар шаҳр 145 нафар занону духтарони хонанишин мувофиқи талаботи бозори меҳнат ба омодагии касбӣ дар заминаи филиали «Маркази таълимии калонсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Истаравшан, Литсейи касбӣ-техникии №14, марказҳои таълимии адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ ва сўзанидўзӣ баҳри омўзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб карда шуданд.

Мардуми Истаравшан тасмим гирифтаанд, ки дар пайгирӣ ва ҷонибдории амалӣ аз сиёсати серҷабҳаву ояндасози Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои мавҷударо баҳри густаришу вусъати дастовардҳо, ободу зебо гардонидани диёр ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум сафарбар менамоянд.

Нигора ҲАЙДАРЗОДА,
муовини раиси шаҳри Истаравшан

Add comment


Security code
Refresh