Ҷавонон - ояндаи дурахшони Тоҷикистон

Дар доираи Соли ҷавонон ба муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Деваштич маҳфили «Кадбону» зери унвони «Ҷавонон-ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол» бо ташаббуси бахшҳои кор бо занон ва оила ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо шўъбаи маориф, намояндагии Ташкилоти чамъияти ҷавонони «Созандагони Ватан» баргузор гардид.

Дар маҳфил муовини раиси ноҳия Рафоат Каримова иштирок намуда, доири таълиму тарбияи фарзанд, масъулияти падару модар, мустаҳкамии оила, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд сухан ронд.

Гурӯҳи духтарон маҳорати кадбонугию рӯзғордории хешро намоиш доданд, ки ба он аз ҷониби иштирокчиён баҳои баланд дода шуд. ҳамчунин, бонувони собиқадор, муаллимаҳои таълимгоҳҳо, иштирок намуда, қаноатмандии хешро, ба ҳунаромӯзию рӯзгордории хонандагон изҳор намуданд. Имрӯз дар таълимгоҳ маҳфилҳои дӯзандагию бофандагӣ, пазандагӣ, расмкашию дуредгарӣ хуб ба роҳ монда шуда, хонандагон дар озмуну намоишҳои гуногун ширкат варзида, ҷойҳои намунавиро ишғол менамоянд.

Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,
мутахассиси бахши таблиғоту иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh