Баҳри пойдории сулҳу субот муттаҳид бошем

Ҷаҳони муосир  пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, ки яке аз сабабҳои он афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, фундаментализм, сепаратизм, анархизм, ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо мебошад.

Мутаасифона, дар ҷомеаи мо низ аломатҳои чунин зуҳуроту падидаҳои номатлубро мушоҳида кардан мумкин аст.  

Он чиз муссалам аст, ки дини мубини ислом ҳама гуна зуҳуроти экстремизм, терроризм, душманӣ, адоват, ҷанг ё задухӯрдҳоеро, ки нерӯҳои экстремистӣ ва террористӣ ба он даъват мекунанд, қатъиян маҳкум менамояд. Мутаассифонадар тафаккури доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гӯё ифрогароӣ хоси табиати ислом бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рӯи инсофу адолат нест. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳама гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад.    

Дар баробари терроризм дар бисёр кишварҳои ҷаҳони муосир амалиётҳои экстремистӣ ба амал омада, боиси ташвишу изтироби ҷомеа гардида истодааст.

Дар ҷаҳони муосир ва замони пурихтилоф ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амали созанд.                                                                                                                       

Пас аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ дар аксарияти кишварҳои минтақа аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳамингуна ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳо аз қабили «ҳизб-ут-таҳрир», равияи динии «Салафия», ҷамъияти «Ансуруллоҳ», «Кумитаи - 24» ва ғайра зуҳур карданд, ки мақсади онҳо заиф намудани пояҳои давлатдорӣ ва киштани тухми низову нифоқ дар ҷомеъа ва ноором сохтани вазъи сиёсии он мебошад. Мутобиқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти якчанд гурӯҳҳо ё ташкилотҳои экстремистӣ ва ғайриқонуни амалкунанда дар қаламрави кишвар маън карда шудааст.

Бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо дар қаламравӣ Тоҷикистон, ҳамчун гурўҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ, экстремистӣ ва ғайриқонунӣ маън карда шудааст.

Мусаллам аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгири ва бартараф намудани ин равияҳои номатлуб Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ ) ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд.

Пӯшида нест, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав то ҳол ба назар мерасад. Ин моро ҳушдор медиҳад, то ба хулоса оем ва дарк намоем, ки омилҳои барангезандаи кинаву адовати динӣ ва ҳамзамон миллию маҳаллӣ дар ҷомеаи мо то ҳол пурра решакан нашудаанд.

Имрўз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб натанҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бономуси миллат мебошад. Мо хуб дарк мекунем, ки  дар як қатор давлатҳо идома доштани ҷангҳои харобиовар боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ гуруснагӣ ва шиддат гирифтани муаммоҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд.

Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Бинобар ин тамоми кишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм ва ифротгарои дастаҷамона ва беамон мубориза барем.

Бояд ҳар як шаҳрванди ба ору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд.  Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеъа мо ҳама бояд муттаҳид бошем.

   Фирдавс ТОАТОВ, 
Абдукарим  БОБОЕВ,
устодони кафедраи
ҷомеашиноси ДИС ДДТТ

Add comment


Security code
Refresh