Дар мубориза алайҳи ифротгароӣ амали дастаҷамъона мебояд

Терорризм ва экстремизм чун вабои аср хатари ҷиддӣ буда аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷонӣ ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (Душанбе 13.01.2015)

Халқи олам нахустин бор 35 сол пеш аз ин шоҳиди худро тарконидани террорист гаштанд. Ин амали нангин соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод, ки дар он 27 нафар ба ҳалокат расида, 100 тан захм бардошт. Масъулияти ин амалро ташкилоти навтаъсиси террористӣ «ҳизбуллоҳ» ба ӯҳда гирифт.

Имрузҳо бисёр амалхои террористиро шохид мегардем, ки аз тарафи гуруххои чудогонаи террористи ба амал меояд, ки ба номгӯи нопурраи гурӯҳҳои террористӣ Ал-қоида, ДОИШ, ҳизби Таҳрир, Бародарони мусулмон, Ҷунбиши Толибон, ҳаракати исломии ӯзбекистон, Салафия, Ҷамоати даъват ва таблиғ, Ихвон-ул-муслимин, ҳизби исломии Туркистони Шарқӣ, Акрамия, Ҷамоати муҷоҳиддини Осиёи Марказӣ, Аш-Шабоб, Боко ҳаром ва Ансоруллоҳ дохиланд.

Дар амалҳои террористӣ бештар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд. Инро мо дар мисоли амалҳои террористии ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрав дар Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия, Ирландияи Шимолӣ, Фаронса, ИМА, Африқои Шимолӣ мушоҳида намудаем.

Масалан, амали террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба амал омада, ҳазорон қурбонию захми бар ҷо гузошт. ҳамчунин, ҷангҳо алайҳи ҳукумати Башор Асад, ки аз ақалияти мазҳабии шиаҳои алавӣ намояндагӣ мекунад, идома дошта, бино ба ҳисобохо, дар ин чанг то имруз беш аз 130 000 нафар кушта шудаанд. Бахши аъзами мухолифини Асад аз пайравони мазҳаби суннианд, ки аксарияти аҳолии Сурияро ташкил медиҳанд.

«Давлати исломӣ» гурӯҳи тундравест, ки аз тобеияти шӯъбаи ироқии шабакаи «Ал-Қоида» ҷудо шуда, дар як муддати кӯтоҳ қаламрави бузургеро дар Ироқу Сурия ишғол кард. Ин гурӯҳ аз сарзаминҳои таҳти назораташ “Хилофати исломӣ” таъсис дода, мехоҳад хилофати воҳиди исломиеро, ки дар асрҳои аввали зуҳури ислом вуҷуд дошт ва тамоми сарзаминҳои мусалмониро муттаҳид мекард, барқарор ва меъёрҳои шадиди шариатро ҷорӣ намояд. Дар харитаи «Давлати исломӣ», аз ҷумла Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо шарқи Эрон ва Афғонистону Покистону ҳинд дар як «устон»-и воҳид бо номи «Хуросон» инъикос шудаанд. 

Тибқи гузориши Гурӯҳи байналмилалии буҳроншиносӣ (ICG) таҳти унвони «Бонги изтироб аз Сурия: тундгароӣ дар Осиёи Марказӣ» шумораи афзояндаи ҷангиён аз ин минтақа дар сафҳои созмони тундрави «Давлати исломӣ» мушкили печида барои ҳукуматҳои қаламрави собиқ давлати шӯравӣ номида шудааст. Созмони «Давлати исломӣ» бино ба ин гузориш, «на фақат онҳоеро, ки ҷанг меҷӯянд, балки онҳоеро ҳам, ки диндортару эътиқодмандтаранд ва ба ҳаёти мазҳабии бунёдгароёна бартарӣ медиҳанд, ба худ ҷалб мекунад». Бино ба гузориши ахири Созмони Милали Муттаҳид, фақат тайи солҳои охир зиёда аз 25 000 ҷангиёни хориҷӣ аз 100 кишвар ба гурӯҳҳои террористии исломӣ, аз қабили «Ал-Қоида» ва «Давлати исломӣ» ҳамроҳ шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои экстремистии Ал-Қоида, Толибон, Бародарони мусалмон, ҳаракати исломии ӯзбекистон, ҳизб-ут-таҳрир, Салафия, Ҷамоати таблиғ, Ҷамоати Ансоруллоҳ, Ҷабҳат ан - Нусра, «Гурӯҳи-24», «Давлати Исломӣ» мамнуъ эълон шудааст. Аммо, бино ба маълумоти Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз аз сӯи ин ниҳод чандин нафар барои узвият дар ҳизби исломии ӯзбекистон, Ҷамоати Ансоруллоҳ, Толибон, Ҷабҳат ан-Нусра, «Давлати исломӣ», Мусалмонони Солеҳ, ҳизб-ут-таҳрир, Салафия, «Гурӯҳи 24», ҳамкорӣ бо Ҷамоати Таблиғ боздошт шудаанд.

Пӯшида нест, ки имрӯз садҳо ҷавонони тоҷик ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ шомил шуда, қурбони амалҳои ғайриинсонӣ гардидаанд. Ин амали ҷавонон, албатта, хеле нанговар буда, зиёиён, донишмандону сиёсатмадоронро водор месозад, то андешаи хешро дар мавриди пешгирӣ кардани ҳамроҳшавӣ ба ин ҳаракатҳо ва оқибатҳои фалокатбори ин ҳамроҳшавиҳо баён намоянд.

Ҷомеаи ҷаҳониро лозим меояд, ки барои муҳофизат ва аз байн бурдани ин гурӯҳҳои ифротгаро дастҷамъона мубориза бурда, ҳамдигарро дастгирӣ кунанд.

Зӯҳрохон ҲОШИМОВА,
сармуаллимаи кафедраи фалсафаи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh