Зарари терроризм ба муносибати кишварҳо

Терроризм имрӯз ба яке аз проблемаҳои глобалии умумиҷаҳонӣ табдил ёфта, ҳатто ба муносибатҳои байналмилалии бархе аз мамолики дунё таъсири манфӣ расонидааст. Мисоли равшани ин гуфтаҳоро мо бараъло дар қарордоди президенти ИМА Доналд Трамп, ки вуруди шаҳрвандони 7 кишвари мусулмоннишинро ба давлаташ мамнӯъ кард, дида метавонем. 

Агар ба таҳлили сиёсии ин масъала назар карда шавад, пас мушоҳида мешавад, ки Трамп ба хотири таҳдиди терроризми байналмилалӣ, алалхусус терроризми исломӣ, даст ба чунин амал задааст. Амалҳои террористии дар шаҳри Парижи Фаронса, Шоҳигарии Белгия, Ироқ, Покистон, Миср ва ахиран дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба вуқӯъ пайваста, бешубҳа, ҷомеаи ҷаҳониро сахт нигарон карда, тазоҳуроти зиддитеррористиро ба миён овард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар иқрор шуд, ки терроризм ба ҷуз қатлу куштору таркишу ғорат дигар мақсаде надорад. Террористон бо мақсади ангехтани кинаю адоват ва биму тарс, аввал маконеро интихоб намуда, баъдан онҷо даст ба амалҳои террористӣ мезананд.  Ва ба андешаи сарвари ИМА, ин давлат бинобар сабаби ивази роҳбарияташ ҳадафи навбатии террористон қарор гирифтанаш аз эҳтимол дур нест.

Ҳадаф аз баёни ин матлаб, пеш аз ҳама, аз хатари глобалии терроризм ба масоили сиёсати умумиҷаҳонӣ дониста мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатару таҳдиди терроризми байналмилалӣ берун буда наметавонад. Дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ, ки имрӯз соири кишварҳои оламро фаро гирифтааст, зуҳури падидаҳои номатлуби замон, амсоли терроризм, экстремизм ва сепаратизм вазъиятро дар равобити байналмилалӣ ноором сохта, пайваста ба амнияти кишварҳо таҳдид менамояд. Нигаҳдории осудагиву суботи сиёсӣ, ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони маҳбуб, аз вазоифи аввалиндараҷаи Ҳукумату роҳбарияти мамлакат маҳсуб ёфта, ҷомеаи шаҳрвандии моро водор менамояд, ки дар ин масъала бетараф набошанд.

Бо мақсади фаҳмонидадиҳии оқибатҳои ногувори падидаҳои номатлуби ҷомеа, амсоли терроризму экстремизм ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 22 декабри соли 2016 ба таъкид хатари ҷиддии таҳдиди терроризмро баён намуда, аз ҷумла, таъкид карданд: «Моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем». Дар робита ба ин таъкиди Сарвари давлат, қариб ҳамаи сохторҳои қудратии мамлакат, вазорату идораҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва кулли мардуми кишвар бори дигар масъулияти хешро эҳсос карда, ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо, конфронсу маҳфилҳо ва чопи маводи аксултеррористӣ дар васоити ахбори оммаи мамлакат шурӯъ карда, хушбахтона бо ин амали хеш сазовори дарку фаҳмиш ва боварии ҷавонон гардидаанд.

Стратегияи мубориза бо терроризм ва экстремизм кори на танҳо Ҳукумат ва сохторҳои он, балки тамоми ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Яке аз роҳҳои мубориза бо терроризм ин, пеш аз ҳама, эҳёи фарҳанги асили миллӣ ва тарғиби ғояи сулҳу амният дар Тоҷикистон дониста мешавад. Бо мақсади қувват бахшидан дар ин самт, Ҳукумати мамлакат пайваста чора меандешад ва насли ҷавони кишварро ба ҳамкории зич даъват менамояд. Бо дарки ин омил, бевосита аз ҷониби сарвари мамлакат эълон гардидани соли 2017-Соли ҷавонон худ гувоҳи таваҷҷӯҳи хос ба ояндаву инкишофи ҳамаҷонибаи насли ҷавон арзёбӣ мегардад.

Имрӯз, ҷавонони мо қариб дар тамоми соҳаҳои ҷамъият бо шумораи беш фаъолият мебаранд, кору таҷриба меомӯзанд, ҳадафҳои созанда пешниҳод мекунанд, мехонанд, ҷӯё ҳастанд ва пайваста барои ободиву оромии Ватан саҳмгузорӣ мекунанд, ки ҳамаи ин боиси ифтихор аст. Вале боз ҳастанд, ҷавонони сустиродаву камсавод ва беандешае, ки даст ба ҳар гуна амалҳои ношоям зада, ҳаёти худ ва наздиконашонро дар хатар мегузоранд. Аз ҷумлаи чунин ҷавонон, имрӯз ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил мешаванд, ки хушбахтона шумораашон торафт кам гашта истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аллакай аксарияти эшон хатогии хешро дарк карда, даст ба амалҳои шоиста ва ободкорӣ мезананд.

Ҳароина, терроризм торафт доираи фаъолияташро иваз ва ё тағйир медиҳад ва ин боиси нигаронӣ ва хатар ба кишварҳо гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори садҳо мамолики олам терроризмро бо тамоми зуҳуроташ сахт маҳкум намуда, дар самти мубориза бо он, корро ҷоннок кардааст. Ҷавонони саодатманди мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Ҳукумату Сарвари мамлакат мутаҳҳид гардида, бо ин падидаҳои номатлуби ҷомеа мубориза мебаранд.

Каёнуш КАЛОНОВ,
омӯзгори ДИС ДДТТ

Add comment


Security code
Refresh