Рушди ҷомеа аз Ваҳдат аст

Рўз то рўз ободу зебо гаштани Ватани азизамро дида, аз тинҷиву осудагӣ ва озодии он шукрона мегўям. Ин ҳама неъмати бемисл аз Ваҳдати комил, сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва созиш ба амал омада, ба зиндагии мо ҳусну таровати тоза мебахшад. Бо дили гарму умеди нек, сари баланду нигоҳи тоза баҳри фардои шукуфон, сўи ояндаи дурахшон қадам гузошта, аз сидқи дил ба шогирдонам дарси хештаншиносӣ меомўзонам. Зеро, агар мулк ободу амну осуда бошад, рўзгори мо ҳам бе ягон камбудиву норасоӣ пеш меравад.

Ҳамеша дар Ватан будан барои ҳар як инсон гуворо асту лаззати дигар дорад, махсусан, дар он ҷое, ки одамонаш тинҷу осудаанд. Ваҳдат ин бевосита ба ҳам омадан, аз як гиребон сар баровардан, миллатдўст будан аст.

Мо, омўзгорон, кўшиш ба харҷ медиҳем, ки дар ҳар соати дарсиамон каме бошад ҳам, аз мавзўи сулҳу Ваҳдат, худшиносию худогоҳии миллӣ, сиёсати давлатӣ, соҳибистиқлолӣ, пешравиву сохтмонҳои азим ҳарф зада бошем, зеро дар сурати баҳамоӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ душворию монеаҳо паси сар мешаванд, кишвари азизамон ба пешравиву тараққиёт рў меорад. Ҳар боре мавзўи сулҳу Ваҳдат ва чӣ гуна ба даст овардани ин неъматро ба шогирдонам мегўям, мебинам, ки дар дили кўчаки онҳо низ шарорае аланга мезанад. Барои онҳо мавзўъ хеле аҷиб асту паиҳам аз таърихи пайдоиш ва чӣ гуна ба амал омадани он суолҳои аҷоиб медиҳанд ва дарк менамоянд, ки ҳаёт, орзуву армон, наҷоти давлату миллат, ҳастӣ ва рушди ҷомеа ҳама аз Ваҳдат аст.

Ҳамагон медонем, ки Ваҳдат бо кўшиш ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо насиб гардид, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрўз дар чеҳраи ҳар нафар, аз ҷумла, шогирдонам хурсандӣ, Ваҳдату сулҳ падидор аст ва аз хандаву нишоти онҳо рўҳи ман ҳам болида асту бо дили пур ва умеди тоза ба онҳо дарси муҳаббат аз Ваҳдат мегўям.

Мусаллама Сангинова,
омўзгор аз ноҳияи
Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh