Ҷавонон-нерўи созанда

Мусаллам аст, ки ҷавонон қувваи созанда ва нерўи пешбарандаи ҷамъият, ояндаи давлату миллат ва идомабахши кору пайкори насли калонсол маҳсуб меёбанд. Дар Тоҷикистони муосир ҷавонон аксарияти аҳолиро ташкил медиҳанд, аз ин лиҳоз онҳо дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву мадании кишвар саҳмгузор ҳастанд. Ҷавонони тоҷик чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он таҳсили илм менамоянд, сатҳи дониши худро баланд мебардоранд ва дар шукуфоии кишвари маҳбуб саҳми босазо мегузоранд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ саҳми ҷавононро дар тараққиёти ҷомеа ва ширкати онҳоро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат ба назар гирифта, соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд ва изҳор доштанд, ки  «Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд».

Иқдоми мазкур бори дигар ҷавононро вазифадор менамояд, ки дар рушду шукуфоии кишвар камари ҳиммат банданд ва Тоҷикистонро ба кишвари пешрафта, ободу зебо мубаддал гардонанд.

Дастовардҳо ва комёбиҳои Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати дохилӣ ва байналхалқӣ дар асри ҶҶI аз бисёр ҷиҳат бо ҳаллу фасли проблемаи насли наврас алоқамандӣ дорад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақши созандаи ҷавононро қайд намуда, гуфтаанд: «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».

Асарҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Бунёдкорони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Ҷавонон-ояндаи миллат» ҳамчун барномаи стратегии сиёсати давлатии ҷавонон арзёбӣ гаштааст.

Истиқлолият барои миллати мо дастоварди беназир ва неъмати бебаҳост, зеро барои ноил гардидан ба ҳадафҳои олии мардуми кишварамон шароити мусоиди таърихӣ фароҳам овард. Яъне, дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла рушди соҳаи илму маориф муваффақ гардид.

Ғамхориву дастгирии пайвастаи давлату ҳукумат доир ба рушди соҳаи маориф ҳар як корманди соҳа, пеш аз ҳама устодону омўзгорон, инчунин падарону модаронро водор месозад, ки ба таълиму тарбияи насли наврас, диққати ҳамаҷониба дода, барои ояндаи неки насли ҷавон, яъне фардои ободу осудаи ҷомеа заминаҳои боэътимод гузоранд.

Устодону омўзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби ҳар чӣ бештари падару модарон ва фаъолону зиёиён корро дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» беҳтар ба роҳ монанд.

Омили муҳими саводнокии муҳассилин дар сатҳи аъло донистани забони модарӣ ва хуб аз худ намудани забонҳои хориҷӣ мебошад. Донистани забонҳои хориҷӣ ба ташаккул ва тавсеа ёфтани мафкураву ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон мусоидат менамояд ва барои онҳо дар самти азхудкунии техникаву технологияҳои навтарин, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ роҳи васеъ мекушояд.

Ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ аз бисёр ҷиҳат ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон вобаста буда, аз мавқеи ишғолнамудаи онҳо дар ҷомеа иборат мебошад.

Ҳоло ҷавонон дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ саҳмгузор ҳастанд.

Аз ҷумла, дар самти варзиш гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Ҷанейрои Бразилия, ки 19 августи соли 2016 баргузор гардид, ғолиб дониста шуда, соҳиби медали тилло гашт. Нахустин бор аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон варзишгари тоҷик сазовори медали тиллои бозиҳои олимпӣ шуд. Ў бо ин ғалаба шаъну шарафи Тоҷикистонро ҳимоя намуда, Парчами давлатиро боло бардошт, ки ин ифтихори мардуми шарафманди тоҷик аст.

Дар баробари пешравиҳо дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дар замони муосир ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон масъалаи доғи рўз ба шумор меравад.

Авҷгирии экстремизм ва терроризм, таассуби динӣ, кўшиши гурӯҳҳои ифротгаро дар кори гумроҳ намудани оммаи халқ, хусусан ҷавонон ва ба мақсадҳои сиёсии худ истифода бурдани дин хеле зиёд гардидааст.

Аз ин лиҳоз, ҷавононро лозим аст, ки ҳамеша соҳиби ҳисси баланди ифтихори миллӣ бошанд, Ватану миллат, давлат, забону фарҳанги хешро муқаддас донанд, баҳри ҳифзи марзу буми он омода бошанд, зираку ҳушёр бошанд, то худро аз хатарҳои ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд.

А.Д.Султонова,
сармуаллимаи кафедраи фанҳои
ҷамъиятии Донишггоҳи давлатии
ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 

Add comment


Security code
Refresh