Ҳайфи дил, ки санг шуда…

Аз шабакаи Телевизиони «Тоҷикистон» навори Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба куштор ва қатлҳои ваҳшиёнаи хизматчиёни ҳарбии Двизияи 201-уми Федереатсияи Россия дар Тоҷикистон, шахсиятҳои сиёсатмадор, ҷурналистон, академикҳо ва роҳбарони варзидаи соҳавиро дидам.

 Бо он ду нафаре, ки дар даст завлона дошт, нафрат хондам, ба рӯяш туф кардам, ки чунин амалҳои разилонаро нисбат ба ҳаммиллатони худ раво дидаасту супоришҳои хоҷагони эронии худро иҷро намудааст. Ҳайфи одамӣ гуфтам ба он ду нафар. Ду нафари дигар, ки ҳоло маҳбасӣ аст, воқеан дар ботин на одам, балки гурге дар пӯсти одам будааст. Ба онҳо ҳатто кунҷи маҳбас ҳайф аст. Қадами номубораки эшон ба тамоми рӯйи Замин ҳайф аст. Нону оби Ватан онҳоро кӯр кунад! Ин гурӯҳи ғарра ба доллари муфтакаки хоҷагони эронӣ гардида, ки бо супоришҳои хоҷагонашон ҳизби наҳзати исломии ба амалҳои экстремизму терроризм ғӯтида рафтор кардааст, гули сари сабади маърифату фарҳанги миллати тоҷик канда, несту нобуд карданӣ хостааст. Аммо аблаҳона хато каардааст, ки шахсияти шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз ҷисман дар ҳаёт набошанд ҳам, рӯҳан дар шараёни хун ва набзи дили тоҷикону тоҷикистониён ба таври абад боқӣ мондаанд.

Ҷаллодони кӯр надиданд, ки онҳо дастони худро доранд ё не, онҳо бо дастони ҳизбиёни террористии наҳзати исломӣ амал карданд ва оқибат бе даст монданд. Ҳайфи одамӣ!

Ин гуна тоифаро кӯри худу бинои кас гӯянд!

Файзулло АТОХОҶАЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»,
собиқадори матбуот 

Add comment


Security code
Refresh