ҶОН БА РАҲИ ВАТАН ФИДО МАН НАКУНАМ, КӢ МЕКУНАД?

Андешаҳо перомуни тарбияи насли солим

Раванди таҳаввулу инкишоф, тараққиёт, мушкилоту муносибатҳои печдарпечи давлатҳо, баҳси доманадори ҷаҳони дуқутба ё якқутба, сиёсати амиқи ҷаҳонишавии бошитоб, доман густурдани радикализм (ҷонибдории чораҳои қатъӣ), экстремизм (моҷароҷўӣ) ва терроризм (даҳшатандозӣ) аз ҳар як фарди солим, насли худогоҳ, оилаи асил, волидайни ботадбир, ҷомеаи меҳнатӣ, Сарвари ватандўст тақозо менамояд, ки лаҳзае аз андешаи тақдири имрўзу фардои Ватану миллат бехабару дар канор набошем. Аз банду қайди худхоҳию худкомӣ, бефарқию беғамӣ, ҳавою ҳавасҳои шахсӣ, даъвою дасисаҳои кўҳнаю пучу беасос бароем. Воқеъбин бошему бо воқеияти реалӣ кор кардану кор бурданро омўзем.

Ҳар як таъкиду эрод, дастуру супоришот, ҳидояту раҳнамоӣ, иқдому ташаббус ва даъвату талаби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба ҳамин нукта нигаронида шудааст. Миллате, ки пешорўйи ҳамаи ин ҳаводиси тақдирсози қарни ХХI истодагару побарҷост, ҳуқуқу ҳаққи маънавии зистан дорад. Миллате, ки ин гирдобу гирдбодҳои тақдирсозро нодида мегирад ва дар фавран пиёда кардани онҳо бепарвоӣ зоҳир менамояд, по андар вартаи нобудӣ ниҳодааст. Таҳкими пояҳои давлату давлатдорӣ, бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёди дунявию демократӣ, тарбияи наслҳои солиму созанда, меҳанпараст, эҷодкор, худшинос, тамаддунофар, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти комили энергетикӣ ва иҷрои барномаи таъмини озуқавории мамлакат ба мо даст медиҳад, ки бо соярўшанҳои ҷаҳони бетараҳҳуми имрўза рақобат карда тавонем. Маҳз, рақобатпазирӣ метавонад моро дар арсаи олам муаррифӣ намояд, ҳуқуқи минбаъдаи зист ва ҳамчун миллат рисолати тамаддунофарӣ диҳад.

 Ба андешаи ман на нерўи ҷисмонӣ, балки мақсад нерўи ақлонӣ, зеҳнӣ ва донишу тафаккури созанда, дарки аслии ҳақиқат аст. Ин маъниро ҳанўз пас аз итмоми ҷангҳои бемаънои бародаркуши шаҳрвандӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда буданд. Дар ҳамаи баромадҳо, Паёмҳои ҳарсола, вохўриҳо, сўҳбатҳои хоса Сарвари давлат ба сарчашмаи зояндаи нерўи зеҳнӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамоянд. Кулли қонуну барномаҳое, ки дар соҳаи рушди мактабу маориф солҳои охир қабул гардидаанд, ба як мақсад нигаронида шудаанд - инкишофи нерўи ақлонии миллат ва дар заминаи он ба вуҷуд овардани базаи мустаҳками илмӣ, эҷодӣ, ихтироъкорӣ ва тоб овардан ба рақобатпазирӣ ва побарҷо истодан пешорўйи таҳаввули босуръати ҷаҳони муосир.

Санаи 16 майи соли равон дар қасри «Кимиё»-и шаҳри Исфара бо Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд, генерал-лейтенант Назарзода Шариф Раҳмон вохўрии пурмўҳтаво баргузор гардид. Толор ҷойи нишасти холӣ надошт. Нахуст филми мустанади « Ворисони Аҳриман» пешкаши аҳли нишаст гардид. Қатлу ғорат, ҳайбату ваҳшигарӣ, кирдорҳои ноҷавонмардонаи ҳайвонҳои одамсурат, хоинони Ватанро, ки дар хоки Сурия дар зери ливои давлати исломӣ меҷанганд, дида, кас, пеш аз ҳама, аз тарбияи хонаводагии онҳо, дараҷаи дарку фаҳми волидайни онҳо, чигунагии сатҳи донишу ҷаҳонбинии онҳо боиси нигаронӣ мекунаду афсўс мехўрад. Обу нону ҳавою хоку офтоби Ватан ин гуна ашхосро кўр хоҳад кард. Намаки Ватанро хўрда, ба намакдонаш носипосӣ намудан хиёнати нобахшиданист. Холигии домони Ватану модар беҳ, ки чунин фарзандони нохалаф ба дунё орад…

Намакҳарому дўзахист ҳар он, ки пеша кардааст,

Ба домани намозият раҳи хато Ватан, Ватан.

Қиссаи Заҳҳоки морону Аҳримани лаин, ки зикраш дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ҳанўз ҳазор сол пеш рафтааст, имрўз дигар афсона нест. Инро бояд ҳар як фарди боору номус, худогоҳ, оқил, солим дарку эҳсос намояд. Имрўзҳо шогирдони шаётин, Аҳриманони нобакор ақлу андеша ва мағзи ҷавононро заҳролуд карда, онҳоро тамаллуқкоронаю хоинона ба морони гушнаю одамхори Заҳҳокони асри ХХI ҳамчун тўъма пешниҳод мекунанд. Манқуртони аз худу аз Худо бехабар бо номи ислому дар асл ба сўди деви нафси хеш даст ба қатлу тороҷу фаҳшу фисқ мезананд.

Номи Худо дар сиёҳӣ

 Террорист миллату Ватану Модар, дину мазҳабу Худо надорад, ба ў ин ҳама ҳайф аст.

 Ягон миллат намехоҳад, ки намояндаи ў ба бадномию бадкирдорию беномусӣ ангуштнамои даҳр гардад. Ягон Ватан намехоҳад, ки дар ивази оби поку ҳавои анбаромезу хоки зархезу нони ҳалолаш фарзандонаш даст ба носипосию номардӣ зананд. Ягон модари дунё намеписандад, ки дар ивази шири сафеди ҷонбахшояш писаронаш сияҳкорию табаҳкорӣ намоянд.

 Ягон дини дунё чӣ Зардуштиву чӣ Буддоию чӣ Ибронию чӣ Насрониву чӣ Ислом қатлу ғорату даҳшатро ба зоти инсон, ки офаридаи Худост, раво намебинад. Мегўянд, ки чу ба ҷисме ҷон дода наметавонӣ, ҷони ҷондореро наситон, ки ҷон аз ҳама қиммату азиз аст ва он танҳо як бор дода мешавад. Саъдии бузургвор мефармояд:

Чӣ хуш гуфт Фирдавсии покзод,

Ки раҳмат ба он турбати пок бод:

«Маёзор мўре, ки донакаш аст,

Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст»…

 Ягон мазҳаб ба рехтани хуни инсон иҷозат надодааст. Дар ягон аз чаҳор китоби осмонии Худованд ба ҷуз талқини роҳи росту аъмоли нек одамкушӣ, даҳшат, тороҷ, сияҳкорӣ ва зино ситоиш карда нашудааст. Яъне ягон дини олам ҷонибдори террору ғасби ҳокимияту талаю тороҷ нест. Пас иллат дар куҷост? Ҷанбаъҳои ин иллат дар худи мост, дар ниҳоди инсонҳост. Дар тарбияти нодуруст, дар кинаю бухл, рашку ҳасад, нафси саркаш, васвасаи шайтони лаин аст. Решаю асл, обу гил агар поку мубарро бошад, агар ризқу рўзӣ аз нони поку беолоишу меҳнатӣ ба каф омада бошад, агар инсон аз ангубини тарбия аз хурдӣ ғизо хўрда бошад, ба сияҳкорӣ асло даст намеёзад.

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

 Худо мавҷуди пок, ҳамабину ҳамадон, олими олимон, донои доноён аст. Пас ба ин тўдаи шаётин, аҳриманзодагони одамсурат, ҷаллодони хуношоми асри ХХI, Заҳҳокони морбакитф кӣ ҳаққу ҳуқуқ додааст, ки номи поки ўро дар рўйи матои сиёҳ навишта, чун ливо болои сар бардоранду ба хабисиҳо фатво диҳанду ба фисқу фуҷур даст зананд? Охир наход номи Худо дар сиёҳӣ навишта шавад? Худи ҳамин рамз аз сиёҳии дилу нияту тинати нопоки ин аҳриманзодагон шаҳодат медиҳад. Соҳибдиле мефармояд:

 Ранги замона бишнос, бигрез аз сиёҳӣ,

 Болотар аз сиёҳӣ ранге дигар набошад.

 Китоб ё фита?

Бузургтарин кашфиёти инсоният дар масири таърих ихтирои китоб аст. Аз рўйи сангу пўстлохи дарахтону пўсти ҳайвонот сар карда, то ба шакли имрўза расидани китоб таърихи басо тўлонӣ паси сар шудааст. Вале сухан ин ҷо аз таърихи пайдоиши табъу нашри китоб нест, балки мурод аз нақши китоб дар тарбияю ташаккули инсон аст. Соҳибдиле гуфтааст: «Зиндагӣ бе нон, бе об, зиндагӣ бе китоб, бе ёр зиндагӣ нест».

 Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст, ки падару модар вазифадоранд, асбобу анҷом ва китобу дафтару ҷойи дарстайёркунии фарзандонро муҳайёю мураттаб созанд. Дар дили кўчаки онҳо шўълаи муҳаббати китоб ва илму донишро афрўзанд ва ба тарбияи маънавии онҳо диққати бештар зоҳир намоянд. Дар ақлу идроку андешаи пайвандон танпарварию ҷаҳолату разолату қабоҳату фориғболию бераҳмиро ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳанд.

 Фарзанд ба дунё овардан ҳоло маънои пурраи падару модар шуданро надорад, ин нисфи рисолати инсонист. Тарбияи фарзанд рисолати волидайнро пурраю ҳаққонӣ менамояд. Падару модар ононе нестанд, ки тифлро ба дунё овардаанд, ҳамонанд, ки ўро тарбия намудаанд. Пас тарбия бояд вазифаи ҷонии ҳар як волидайн бошад.

 Шукри истиқлолу озодӣ, шукри ҷаҳду талоши мунтазаму шаборўзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрўзҳо аз тарҷумаи тоҷикии Каломуллоҳ сар карда, аксарияти осори адибони гузаштаю муосири тоҷик бо сифати аъло нашр шудаанд. Ин шоҳкориҳои адабиётро бояд дастраси омма, хусусан, насли наврас намуд. Ба мағозаи китоб медароию аз сифати аълои китобҳои тозанашри адибони классикию муосир дил аз фараҳ лабрез мегардад. Таърихи давлатдории тоҷикон аз қадим то кунун ба ин андоза табъу нашри китобро надидаасту намедонад.

 Вале ҳайҳот! Ку дилбастаи адабиёт?! Ку сарсупурдаю волаи сухани воло?! Дар як рўз дари мағозаи китобфурўширо мухлисони камшумор дилу бедилон мекушоянд. Чун зеҳн мемонӣ, онҳо ақаллан ҷониби рафи китобҳои тозанашр намераванд, ҳатто нигоҳ намекунанд. Наход завқи мо ин қадар харобу абгору мурда бошад? Вале теъдоди мағозаю дўконҳои фитафурўшӣ, ҳаннотони кўчагии фитафурўши пулмаст аз мағозаи китоб даҳҳо баробар зиёданд. Аз саҳар то шом навбати мардум аз дари онҳо кам намешавад. Номи сериалҳои туркию ҳофизони эрониро аз кампири 70-сола то кўдаки гаҳвора медонаду тамошо мекунаду серияҳою фаслу мавсимҳои ҷадидашро бесаброна интизорӣ мекашанд. Ана ин аст маъною дараҷаи фарҳангу тафаккури миллӣ ва тарбияи хонаводагии мо! Сари ин масъала ҷиддӣ андеша бояд кард.

 Бояд дар ниҳоди фарзандон, шогирдон муҳаббати китоб, илм ва омўзишро бедор кард. Ба онҳо бояд талқин намуд, ки китобу китобдўстию китобхонӣ дар пай саодату иқболи якумрӣ дорад. Кўдак, насли наврас амсоли ниҳолаки нозук аст. То дарахт шудани ў метавон ўро рост карду тарбият намуд, чун дарахт шуд, аллакай дер мешавад, кўшиши росткунӣ, ки кардӣ, мешиканаду меҳнатат зоеъ мегардад. Оҳанро бояд дар гармиаш кўфт.

 Чаманзори Истиқлолияти Ватани мо дар симои наслҳои ҷавонаш садҳо ҳазор гулҳои рангоранг дорад. Онҳо мўҳтоҷи дасти навозиши боғбонони пухтакору равшанзамиру корозмудаанд. Ин гулҳоро парвариш бояд намуд, то зеби бўстони Ватани соҳибистиқлол гарданд. Шоху баргу навдаю решаҳои тақлиди онҳоро бо меҳр, бо тарбият, бо талқин, бо навозиш кўтаҳ бояд намуд, то ғурури сарфарозию худшиносӣ ва ифтихори миллию ватандорӣ дар ниҳоди онҳо ғалаба кунад. То давомдиҳандаи корномаи ниёгони хеш бошанд.

Гуле, ки тарбият зи дасти боғбон надид,

Агар ба чашмаи хуршед ҳам расад, худрўст…

Тӯррорист - дўзахист!

 Ҳангоме ки воқеаҳои фоҷиабори Сурия оғоз шуд ва ваҳшонияти гўшношуниди тарафдорони Давлати исломӣ ба тамоми дунё паҳн гашт, нахустин фатвое, ки идораи муфтиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арзи ҳамватанон расонид, ин буд: « Ҷанги Сурия ҳеҷ гуна ҷанги муқаддас нест. Касе, ки дар он ширкат меварзаду онро ҷонибдорӣ мекунад, бешакку шубҳа кофиру дўзахист»…

Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,

В-агар хомўш биншинӣ, гуноҳ аст…

 Ҳамин маъниро бо баробари дар воситаҳои ахбор дарҷ шуданаш хурду бузурги Чоркўҳ бо ҳамовозӣ пазируфт. Зеро дар дилу нияти ин мардум дар ҳеҷ давру замон хусумату ғиромӣ ҷой надошт. Дар ҳамаи маҷлису маҳфилҳо, мизҳои мудаввар, масҷиду муассисаҳо таъкидан ин нукта қайд мешуду ба гўши ҷавонон талқину такрор меёфт. Охир фатвои идораи муфтиёт магар ҷойи баҳс аст? Оне баҳс мекунад, ки ба дар кадом мазҳаб будани худаш шубҳа дорад.

 Натиҷаи ҳамин буд, ки аз Чоркўҳи «осебпазир» дар ҷабҳаи даҳшати Сурия хушбахтона, нафаре иштирок накард.

 Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» шаш сол пур мешавад. Ин Қонун дар байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ назир надорад. Вай силсилаи тарбияи наслҳоро дар худ таҷассум намудааст. Вазифаю масъулият ва ўҳдадорию қарзи волидонро дар назди фарзандон бо асосҳои илмию ахлоқӣ ва ҷамъиятӣ аниқу дақиқ муайян менамояд. Мақсади асосии ин Қонун тарбияи инсони комил, фарзанди солеҳ, шахси ватанпарвар, меҳнатдўст ва тамаддунофар аст. Мақсади он танҳо манъ кардани рафтани наврасони то 18-сола ба масҷид нест! Вале душманони миллат, баъзе манқуртони аз худу Худо ноогоҳ аз як Қонуни бузург маҳз ҳамин нуктаро ливо намуда, дар байни халқ шўр андохта буданд.

 Кўдаки наврас бояд то 18-солагӣ илм омўзаду ба саодат расад. Маҳз то ҳамин давра ў метавонад ба ҳадафҳои зиндагии ояндаи хеш таҳкурсӣ гузорад. Баъди ба ҳадафҳои ниҳоии худ расидани ҷавонон, ягон инсонро ин Қонун ба чизе манъ накардааст. Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол имрўз муҳандис, духтур, омўзгор, олим, кайҳоннавард, лётчик заруранд. Ана ин аст, мўҳтавои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».

 Соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Тўли 10 сол аст, ки баъзе бебасару бехабарон бо ихтиёри худ амал намуда, муқобили маҷро шино карданӣ мешаванду халқро гумроҳ месозанд. Касе нест, гўяд, ки ин Қонун сад дар сад ба манфиати халқ аст. Мақсаду ҳадафи он ин аст, ки мардум як бурида нони ҳалол ва пасандози бо хуни ҷигар ҷамъкардаи худро барои хотирҷамъию шикамсерии худ сарф намояд, хуш хўраду хуш пўшад. Туфайлихўрони ҳарис иштиёқманданд, ки халқи бечора тўю маъракаҳои дабдабанок барпо намуда, ба қарз ғўтаду онҳо шикам сер кунанд.

 Ба ҷои ин бояд ҳама лаҳза ба гўши наслҳо дарси садоқат ба Ватан, созандагию ободкорӣ, ҳушёрию зиракӣ баён намуд. Ғофилию бепарвоӣ, кўҳнасароию кўҳнасолорӣ оқибати нек надорад. Масалҳои «гўр сўзаду дег ҷўшад», «туро газад, маро чӣ ғам» кўҳнаю фарсудаю нодаркору ҳатто зарарнок гаштаанд. Раванди бошитоби ҷаҳонишавӣ хатогиро намебахшад. Дунёи ҷадид бо ҳамаи каҷдорумарезҳояш аз ҳамаи қишри ҷомеа диду назари тоза, нафасу нияти тоза ва гуфтору рафтору пиндори шаффофу тоза мехоҳад.

Манфиати миллӣ ва динӣ

Манфиати миллӣ-эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллӣ, ифтихор аз таъриху тамаддун, адабиёту фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои неку санҷидашудаю эътирофгардидаи миллат аст. Манфиати миллӣ тақозо менамояд, ки ҳамеша, дар ҳама ҳолат пешорўйи санҷишҳою монеаҳои ғайриинтизор, худогоҳу худшинос, аз ҷиҳати сиёсӣ пухта, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ки алорағми миллат нигаронида шудаанд, оштинопазир бошем.

 Ҷонибдорони ҳизби манъшудаи ҲНИТ манфиатҳои динии худро аз манфиати миллӣ боло мегузоштанд. Онҳо ҷонибдорони дигар ҳизбҳо ва мардуми оддии бо онҳо ҳамфикру ҳамақида набударо бо чашми кам дида, дар ҳифзи манфиатҳои шахсии хеш дини Исломро сипар намуда буданд. Бо маблағҳои ҳангуфти хоҷагони хориҷии хеш ғарра шуда, ҷамъиятро ба гурўҳҳо ҷудо менамуданд. Бо ҳар роҳ кўшиш мекарданд, ки ба раванди созандаи сулҳ ва Ваҳдати миллӣ осеб расонанд. Барои онҳо ифтихори ҳизбию гурўҳӣ аз ифтихору манфиатҳои миллӣ боло буд. Оқибат парда аз рўйи аъмолҳои носолимашон бардошта шуд. Симои ҳақиқӣ ва ниятҳои нопокашон, ки бар хилофи манфиатҳои миллӣ нигаронида шуда буданд, фош гардиданд. Аз тарси ба сазои амал расидан, онҳо рў ба фирор ниҳода, зану фарзанд, хешу табор ва наздиконашонро ба дасти тақдир ҳавола намуданд. Бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад. Дар дунё ҳеҷ як асроре нест, ки оқибат фош нагардад…

 Ҳимояи Ватан, хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ, обутоб ёфтан дар кўраи мардонагию ҷасорат ин манфиати миллист. Дарки ин маънӣ, ҳидояти ҷавонон ба он, тарғибу таблиғи корнамоии қаҳрамонони Ватан аз нишонаҳои равшани манфиати миллист. Масъулияти вазифашиносӣ, ўҳдадориҳои шаҳрвандии фарзандон аз вазифашиносию масъулияту ўҳдадориҳои шаҳрвандии пеш аз ҳама, волидони босавод, омўзгорони варзида, аҳли ҷамоатчигӣ маншаъ мегираду оғоз меёбад ва рушд менамояд. Вақти даъватҳои баҳорию тирамоҳӣ саркашӣ аз хизмати Ватан - Модар, пинҳон шудан дар коҳдону сандуқ ба шаъни ворисони Шераку Спитамен, Сомониён, Муқаннаъ ва Маҳмуди Торобӣ, Темурмалику Сарбадорон ҳеҷ гоҳ намезебаду зиёда аз ин доғ меорад. Хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ин ҳимояи манфиати миллии халқи тоҷик аст.

Бош фарзанди вафодори падар,

Лоиқи ин Ватан, ин хонаву дар.

Доғи ҷанги бетараҳҳуму бародаркушу бемаънои шаҳрвандӣ магар аз лавҳи хотираҳо зудуда мешаванд? Ҳазорон пуштаҳо, ки аз хуни куштаҳо лолагун аст, ба мо ҳушдор медиҳад, ки ҷанг офату балост. Як қатра ашки чашми ятим магар ба ҷангу хархаша ва қатлу ғорат меарзад? Як оҳи сарду дардноки ғариби беватан моро дарси ибрати якумрӣ гардида, бояд то абад ҳар як тоҷикро ба посдории қадри Сулҳу Ваҳдат маҷбур бинамояд. Сенздаҳ миллиард доллар хисороте, ки ин ҷанг ба иқтисодиёти мо расонид, то ҳол ҷуброн нашудааст ва асараш эҳсос мешавад. Маззаи нони ҷавину ҷуворимакка то ҳанўз дар комҳост. Нолаи ҷонгудози модарон аз гўшҳо нарафта. Асари торикию сардӣ дар дафтари ёдҳо нақш бастааст.

 Пас аз ҳазор сол таърих боз баъди Сомониён бори дигар ба халқи тоҷик лутф намуду имконият дод. Дар лаҳзаҳои вазнину тақдирсоз, ки рисолати буду набуди миллат ҳал мешуд, марде ба майдони сиёсат омад, ки боиси дар дунё, дар харитаи олам, дар дафтари тамаддун мондани номи тоҷику давлати Тоҷикистон гардид. Ў алорағми кулли мушкилиҳо далерона, бо дасту дили пок ва ақли сард чун суруши наҷотбахш ба сарвақти тақдири миллаташ расид. Бисёриҳо дар он лаҳза ҷонро аз хизмати халқу Ватан авло шуморида, ҳатто аз мансабҳои пешниҳодшуда даст кашидаю рў гардонида буданд. Бо азму иродаи сангину матини Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соат ба соату рўз ба рўзу моҳ ба моҳу сол ба сол ва қадам ба қадам душвориҳоро сабурона паси сар намуда, баъди 25 сол ба ин рўзҳо расидем. Шукри Истиқлолу Ваҳдату якпорчагӣ!

 Ҳамаи душвориҳоро миллати тоҷдори тоҷик зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона паси сар намуд. «Он рўз дур нест, ки азоби маҳрумиятҳои солҳои аввали Истиқлолият ба афсона бадал нашаванд»,- гуфта буданд боре Сарвари давлат.

 Сохтмони зиёда аз ҳазор километр роҳҳои ҷавобгў ба меъёрҳои байналмилалӣ, садҳо пул, даҳҳо нақб моро лаҳза ба лаҳза ба саодати комил наздик месозад.

 Паси чанбараки идораи экскватори азим нишаста, пеши рўди Вахши саркашро бастани Пешвои миллат нишонаи ҳатмию ҳақиқии ободии ояндаи Тоҷикистони навин аст. Аз моҳи декабри соли 2018 сар карда, ба кор даромадани нахустин агрегатҳои НБО-и Роғун аз амалӣ гардидани мустақилияти энергетикии мост. Нури бахт диёри моро ба оғўш мегирад. Торикиҳою сардиҳою нобасомониҳои воқеии мо паси сар мешаванд. Хуршеди иқбол аз паси қуллаҳои толеъ ба бахти мо тулўъ менамояд, вале бояд дар илоҷи паси сар кардани торикиҳои таассуб, ҷаҳолат, нодонӣ, тақлид, бефарқию фориғболӣ ва бетарафӣ шуд!

 Бале, бояд кас аз таърих бехабар намонад. Агар таърихи миллатро надонем, онро таҳриф намоем, воқеаҳояшро нодида бигирем, кай ба қадри имрўз мерасем? Саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик бисёр рангину пур аз ситаму ҷабру дарду ҳасратанд. Чун инҳоро хонему донем, ба қадри саодати имрўза, албатта, мерасем. Ба қадру қиммати азму талошҳои шабонарўзии Пешвои миллат мерасему ҳар як ваҷаби хоки поки Тоҷикистонро муқаддас дониста, бо нархи ҷон ҳифз менамоем. Зеро Ватан яктост, модар яктост ва Тоҷикистон яктост:

Ҷон ба раҳи Ватан фидо ман накунам, кӣ мекунад?

Фахр ба номи Пешво ман накунам, кӣ мекунад?

Исматуллоҳи Абдуллоҳ,
узви Иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон,
директори муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии №25-и шаҳри Исфара

Add comment


Security code
Refresh