Ҳифзи арзишҳои миллӣ масъулият аст!

Имрўз ҷомеаи мо дар як пайроҳае қарор дорад, ки он пайроҳаро бидуни фарҳангу тамаддун ва маорифу ирфон тай кардан нашояд. Маҳз, ахлоқу одоби шоиста, рафтору кирдори нек, инсонгариву адолати иҷтимоӣ ва Ваҳдату ягонагӣ аст, ки ҷомеа рушд мекунад ва барои насли оянда фарҳанги шоистаро ба мерос мегузорад.

Мутаассифона, имрўзҳо на танҳо дар ҷомеаи мо, балки берун аз он бархе афрод ҳастанд, ки бо хулқу атвор ва ахлоқи ғайриинсонӣ зиндагониро ба хатар овардаанд. Иттилоот оид ба таркиши биноҳову иморатҳо ва қатли одамони бегуноҳ тавассути телевизиону радио ба гўш садо медиҳад. Манзараҳоро аз телевизион тамошо карда, дар ҳайрат мемонем, ки наход ин амалҳо аз ҷониби фарзанди инсон сурат гиранд?

Дар фарҳанги исломӣ аз ибтидо то интиҳо инсони хайрхоҳ будан, ба ҳамҷинсон кўмаку дасти ёрӣ дароз кардан, якдигарро эҳтиром намудан, ба олам ба назари нек нигаристан, ятимонро парастидан, калонсолонро эҳтиром намудан, ҳаққи ҳамсоягиро ба ҷой овардан, бо якдигар додугирифт кардан ва монанди ин атвори нек талқин шудаанд. Ҳамаи инро дониста террористону экстремистон аз куштору қатл, ноором кардани ҷомеаи имрўзаи мо даст намекашанд ва ғаразҳои нопоки хешро амалӣ менамоянд. Онҳо намедонанд, ки бадахлоқиву корҳои ношоистаашон барои авлоду аҷдодашон ба таври доимӣ доғ боқӣ мегузорад.

Вақте ки ба фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ менигарем, некӣ ва накўкорӣ, ахлоқи шоиста доштан ҳамчун омилҳои расидан ба мақсадҳои олӣ тараннум гардидаанд.

Аммо бархе аз одамон ба гурўҳҳои иртиҷоию ифротгаро шомил гашта, бегонапарастиро беҳтар медонанд, ба сафсатаҳо ва бофтаҳои онҳо такя намуда, зидди хонавода ва волидайни хеш баромада, мақсадҳои ғаразнокашонро амалӣ намуда истодаанд.

Инсон ҳар як кореро, ки ба анҷом расонад, он кирдор хоҳ нек бошад, хоҳ бад, мувофиқ ба он мукофот мегирад. Ҷавоби некӣ - некӣ ва бадӣ - бадӣ аст.

Воқеан, инсон барои васл кардан, яъне ваҳдат бояд кўшиш намояд. Ваҳдат ҷомеаро ба мақсадҳои олӣ мерасонад. Тавассути ваҳдат халқияту миллатҳо аз фарҳанги якдигар бохабар мегарданд, Ваҳдат одамонро сарҷамъ мекунад, инсонгароӣ ва инсонпарастиро дар онҳо ташаккул медиҳад, аз мақсадҳои якдигар бохабар мегардонад ва ба муҳайё сохтани муҳити мусоид заминаҳо фароҳам меоварад.

Бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизу биҳиштосои мо Ваҳдат ва сулҳ пойдор гардид.

Пешвои миллат, аз рўзи аввалини ба сари ҳокимият омадан ба ҳамаи ҳизбҳо бо назари нек менигаристанд.

Аммо ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон бо сарвараш ба мамлакат хиёнат кард, ки ин хилофи шариату қонунҳои давлат ба ҳисоб меравад. Онҳо мебоист ба корҳои сиёсии давлат ҳамроҳ нашуда, корҳои диниву иҷтимоии хешро иҷро мекарданд, вале онҳо бештар бо кору фаъолияти зиддидавлатӣ машғул гаштанд ва оқибат ин ҳизб аз номгўи ҳизбҳо дар Тоҷикистон бардошта шуд. Дар Тоҷикистон барои Ваҳдати миллиро аз байн бардоштан кўшиш намуданд, ки ин амал ба террористону экстремистон хос аст. Онҳо аз байти гуфтаи бузургон, суханҳои пурҳикмати халқ ва дигар таҷрибаи рўзгори ниёгон ғофил монданд ва оқибат, ба лаънати халқу миллат гирифтор шуданд.

Имрўз мо, халқи кишвар бояд Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва дар зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъ шавем ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намоем.

Салоҳиддин ВАЙДУЛЛОЗОДА,
мудири кафедраи
 умумидонишгоҳии забони
 тоҷикии Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh