Мо роҳи худро интихоб кардем

Муҳтарам  Абдуллои Раҳмон, ман мақолаи шуморо зери унвони «Ба кадом суханатон бовар кунам» мутолиа намуда, ба хулоса омадам, ки мушовири аршади вазири умури хориҷии Эрон ҷаноби Саидрасули Мусавӣ аз рўи мақоли «Дара задам девор мекафад» амал намуданд.

Афсус, ки дар мақола суханони дар конфронси мазкур гуфташудаи ҷаноби Мусавӣ дар мақола оварда нашудааст, вале аз арзу шикваи шумо оид ба  баромади ноҷои он кас маълум гардид, ки сухан дар бораи ҳукми «ноодилона»-и Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаққи собиқ ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон ва сарвари он Муҳиддин Кабирӣ меравад. Шумо ин қадар озурдахотиру  гиламанд нашавед, зеро одатан аксарияти сафирон сиёсатмадору «дипломат» мешаванд. Инро худи баромади ноҷояи кутоҳандешонаи собиқ сафири  Давлати Исломии Эрон дар Тоҷикистон, дар назди меҳмонони Тоҷикистонӣ-олимони бо мақсади соф инсонмеҳварӣ ба хоки Афғонистони ҳамсоя ташрифи холисона оварда буданд, собит менамояд.

Ҷаноби Саидрасули Мусавӣ аз вазъияти Афғонистони ҷангзада ва таркиби  иштирокчиёни  конфронси мазкур истифода бурда, муносибати Вазорати корҳои хориҷӣ ва мумкин сарварони Давлати Исломии Эронро нисбати ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дар сатҳи сиёсати давлатӣ, балки дар сатҳи афкори Элитаи сиёсии Эрон гушрас намудааст.

Ҳеҷ боке нест, ки ҷаноби Мусавӣ дар шахсияти шумо олимони Тоҷикистонӣ, намояндагони давлати соҳибистиқлоли Точикистонро дида, ба сари шумоён тири маломат задааст. Ин ҳамон шеъри В.Маяковский «Шиносномаи Шўравӣ»-ро  ба хотир меоварад. Дар чунин вазъияти муташаниҷ ҳолати шумо ва дигар  олимони Тоҷикистониро хеле хуб тасаввур мекунам. Агар ҳамин конфронс дар дигар давлати ғайриисломӣ мешуд, шумоён ҳам қодир будед, гумон мекунам аз он ҷаноб мепурсидед, ки чаро Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз фаъолияти Ҳизби наҳзади исломӣ Тоҷикистонро маҳкум намуд? Барои чӣ ба ивази аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон, шахсан Президенти Ҷумҳурӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муҳайё намудани шароити васеи бемамонияти рушду нумўи Дини ислом, ташкили зиёди Колеҷҷу донишгоҳҳои  исломӣ, маркази дини ислом  эълон карда шудани Душанбе ва ғайраву ғайраҳо баъзе руҳониёни ислом ба чашми давлат хок пошиданд, генералу полковникҳои то гулў аз ҳисоби давлату халқ сершудаву аз худрафта, кушишу табадуллоти давлатӣ карданд?

Дар назар гўё амали ношоистаи таҷлилдодагони конфронси бонуфуз зери унвони «ягонагии ислом» ва ба он таклиф карда шудани сарвари собиқ ҳизби Наҳзади Исломии Тоҷикистон, суханони духурагии намояндаи расмии Ҳукумати Эрон ҷаноби Саидрасули Мусавӣ кори дохилии Эрон бошад. Вале моргазида аз сояи мор метарсад. Ҷанги бародаркушие, ки солҳои 90-ум дар Тоҷикистон бо нишондоди хоҷагони хориҷӣ ба халку давлати мо миллиардҳо доллар зарари иқтисодӣ овард, 150 ҳазор кас аз он ҷумла, фарзандони беҳтарини тоҷик-арбобони сиёсии давлатӣ, ҳуқуқшиносони варзида, олимони забардаст, ҷурналистону санъаткорони беҳтарин кушта шуданд. Хатари аз байн рафтани давлату халқу тоҷик ба миён омада буд, моро сахт ба ташвиш овардааст.

Ин ва дигар далелҳои қотеъ дар бораи хамон ваҳшигариҳои қувваҳои экстремистии бо ном «муҷоҳидони исломӣ» ба ҷаноби Саидрасули Мусавӣ набояд пинҳон бошад, зеро он кас ҳамчун собиқ сафири Давлати Исломии Эрон дар Тоҷикистон мумкин шоҳиди он воқеъаҳои даҳшатангез бошанд.

Ҷои тааҷуб нест бародари киромӣ Абдуллои Раҳмон.Таърих гувоҳ аст, ки чи дар Эрону Афғонистон ва чӣ дар давлати абарқудрати ИМА ва чӣ дар худи Тоҷикистон шахсоне пайдо мешаванд, ки дар назди манфияти шахсӣ, гурўҳӣ ё геополитикӣ дустиву бародарӣ, ҳамхуниву ҳамзабону ва нону намаки ҳамсоягиро ба як пули пуч намегиранд.

Мусаллам аст, ки симои аслии халқу давлатҳоро сатҳи баланди фарҳангу тамаддун ва бузургони он муайян мекунанд.

Олими барҷастаи ориёнтабори умумибашарӣ Саид Нафисӣ ҳанўз солҳои 20-уми қарни ХХ бо ифтихор  ва бо як ҷаҳон эҳсосот навиштааст: «Дар шимоли шарқии Эрон имрўз замини бисёр ҳосилхезе воқеъ аст, ки мо дилбастагии махсус ба он дорем. Бисёре аз уламо ақида доранд, ки наҷоди мо, яъне наҷоди ориёӣ дар он сарзамин, дар домани кўҳҳои Ҳиндукуш, дар канори рўди Ҷайҳун ва Сайҳун нахустин рўзҳои зиндагии хешро гузаронидааст».

Дўст аз дўст гила мекунад, зеро дўсти  беназиру арзиши бебаҳои ахлоқист. Он аз як тараф нозуку ҳасос аз дигар тараф шикастанопазир ва ҷовидонӣ аст.

Инро мисраҳои зерини шоири тавонои тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ чунин  инъикос намудааст:

Ба душмани ман чун дўст бисёр нишаст,

Бо дўст набоядам дигарбор нишаст.

Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,

Бигурез аз он магас, ки бо мор нишаст.

Мавқеи ҷаноби Саидрасули Мусавӣ ва мумкин ҳукумату давлати Эрон нисбати ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  ва онҳое, ки берун аз марзи Тоҷикистон бо ҳар васила  давлату роҳбарони моро сиёҳ карда мехоҳанд  ва бо роҳи зўри низоми интихобкардаи сиёсии феълии Тоҷистонро сарнагум кунанд, ман аз номи худам ва аз номи ҳазорҳо зиёиёни тоҷик гуфтаниям, ки ҷанобон ором шавед, мо роҳи худро кайҳо интихоб кардем. Ин роҳи сохтмони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.Исломи мо исломи  бетакабур, инсонпарвар ва созанда аст.Чӣ  тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои  худ қайд намуда буданд: «Мо аз таърих на хокистар, балке шўъла бардоштем».

Устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои  ДДТТ
Олимӣ Р.Л. ва Авазматов Н.

Add comment


Security code
Refresh