Ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳимояи арзишҳои миллӣ зарур аст

Вокуниш ба мақолаи «Ба кадом суханонатон бовар кунем?»

Номаи Абдуллоҳи Раҳнамо ба Саидрасули Мӯсавӣ вокуниши зиёдеро дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ба вуҷуд овард. Ин матлаб дар нашрияи «Ҷумҳурият» аз санаи 1-уми августи соли 2017, №161 ба табъ расид. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тезутунде перомуни ин навиштаҳо ҷой дода шудаанд, ки касро ба андеша кардан водор менамоянд. Матлаби мазкурро бо таваҷҷӯҳи зиёд мутолиа намудем ва Абдуллоҳи Раҳнамо баъди ширкат дар конфронси Бомиён дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мулоҳизаҳои хешро дар ҳафт нукта баён доштааст, ки аз донишмандию пажӯҳишгари ҳирфавӣ буданаш гувоҳӣ медиҳад.

Вақте маводро мутолиа мекунед, хуб дарк мекунед, ки Абдуллоҳи Раҳнамо ҳама андеша ва афкори собиқ сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби оқои Саидрасули Мӯсавиро бо далелҳои пухта ва боэътимод рад менамояд.

Муҳаққиқ ва пажӯҳишгари тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо дар конфронси Бомиён ширкат варзида, бо суханронии пурмуҳтаво перомуни масоили Афғонистон ва ҳалли мушкилоти ин кишвари ҷангзада фикру мулоҳизаҳояшро баён доштааст. Бале, ӯ ҳамчун муҳаққиқ ва донишманди тоҷик, ки муаллифи китоби «Афғонистон ва Осиёи Марказӣ» мебошад, ба ин конфронс даъват шуда, фикру мулоҳизаҳояшро зимни маърӯзаи пурмӯҳтавои хеш баён доштааст, ки сафири муҳтарам аз таҳқиқот ва забондонию шеваи гуфтори олими тоҷик ба ваҷд омада, таъкид менамояд, ки: «Ин беҳтарин суханронии имрӯз буд, ҳам мантиқаш хуб буду ҳам забонаш олӣ буду ҳам мавзӯъаш муҳим буд».

Аммо сабаби асосии вокуниши шадид пайдо кардани гуфтаҳои сафир дар он аст, ки  дар хабаргузориҳои мухолифини тоҷик бори маломатро ба ҳукумат бор карда, аз мавқеи собиқ мухолифин, аз ҷумла ҲНИТ дифоъ менамояд. Бале, дар ин рӯзҳое, ки муносибати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон хеле дар вазъи хароб қарор дорад, бояд баҳри он талош намоем, ки ду кишвари ҳамзабону ҳамдил бо дарназардошти манфиатҳои миллии худ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монанд, на ин ки сӯи ҳамдигар сангандозӣ карда, гунаҳкорро ҷустуҷӯ намоянд. Мо ҳама хуб медонем, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз аввалин кишварҳоест, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эътироф намуд ва дар оғоз ҳамкориҳо дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шуданд. Бахусус дар даврони президентии Маҳмуди Аҳмадинажод ва сафирии Алиасғари Шеърдӯст робитаҳо ва ҳамкориҳои судманд дар сатҳи хеле баланд қарор гирифтанд. Аммо дар идомаи ин матлаб Абдуллоҳи Раҳнамо аз омилҳои сардии муносибатҳои Эрону Тоҷикистон ёдовар шуда, зикр менамояд, ки маҳз фаъолияти ҲНИТ ва дастгирии он баъди барҳам додани он аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шояд гуруҳе аз созмонҳои ба ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон наздик то андозае муносибатҳоро халалдор намуд.

Дар идомаи матлаб Абдуллоҳи Раҳнамо ба таври қотеъ зикр менамояд, ки «Дар Тоҷикистон касе муқобили доштани робитаҳои дӯстона, вале баробар ва дар асоси манфиатҳои дуҷониба бо Эрон нест. Таъриху фарҳанг ва манфиатҳои муштараки кишварҳои мо барои касе пӯшида нест. Мо ба худи Эрони ҳамзабону ҳамфарҳанг ҳеҷ мушкилӣ надорем, балки мо бо амалкардҳои мушаххаси баъзе мақомоти мушаххаси давлатии Эрон дар масъалаҳои комилан мушаххас мушкил дорем».

Аз ин масъалаҳои комилан мушаххас тарафи Ҷумҳурии Исломии Эрон низ хуб огоҳанд ва сардии равобити ду кишвари ҳамзабон бояд бо ҳамдигафаҳмӣ ва ҳимояи арзишҳои миллии ҳар ду кишвар рӯ ба беҳбудӣ оварад. Албатта, мушкилоти имрӯзи ҳар ду кишвар ва муносибатҳои сардгардидаро наметавон бо воситаи баҳсҳои доманадор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаллу фасл намуд. Ин муносибатҳо ба қавли Абдуллоҳи Раҳнамо бояд «дар як муҳити осудаи корӣ, бо як самимияти инсонӣ, дур аз ҳилаи дипломатӣ» ҳаллу фасл гарданд.

Инъомҷон Ҳалимов,
Нӯъмон Раҷабов,
кормандони ДИС ДДТТ

Add comment


Security code
Refresh