Нишони нотавонбинӣ ва заифӣ

Мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо, ки «Ба кадом суханатон бовар кунем?» унвон гирифтаву ба масъалаи муносибати байни ӯву Саидрасули Мӯсавӣ-сафири собиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон нигаронида шудааст, аслан назари паҷӯҳишӣ ва ё матлаби сиёсиеро фарогир нест. Абдуллоҳи Раҳнамо дар ин номаи хеш ба унвони оғои Саидрасули Мӯсавӣ ҳафт нукта аз масоилеро бо назари хеш мавриди иншо медиҳад, ки ҳини сӯҳбати эшон аснои конфронси илмӣ дар Бомиён ба вуқӯъ пайвастааст.

Ҳар амал ва натиҷае сабаби вуқӯъ дорад. Ҳароина суоле, ки пайдост, ин ҷост, ки чаро Абдуллоҳи Раҳнамо аз суханони оғои Саидрасули Мӯсавӣ дар шигифт афкандаву чунин посухе унвонаш равон кардааст? Мусаллам аст, ки оғои Мӯсавӣ бо иншо ва интишори маводе дар расонаҳои хабарии мухолифини тоҷик аз Абдуллоҳи Раҳнамо ҷилави танқид ва масхара дорад.

Бар замми ин, боз андеша бар масоили сиёсӣ ва дохилии Тоҷикистон карда, Абдуллоҳи Раҳнаморо барғалат намояндаи мақоми расмии Тоҷикистон дар конфронси Бомиён арз мекунад, ки ин худ барои шахсе, ки нисфи умрашро сарфи масоили сиёсиву дипломатӣ кардааст (оғои Мӯсавӣ сафир ва намояндаи воломақоми ҶИЭ дар Тоҷикистон буд) падидаи бағоят ғайриоддӣ мебошад. Бешак, Абдуллоҳи Раҳнамо дар номаи худ ӯро ҷавоби мардона ва ҳадафрасе гуфтааст. Андешаҳояшро бохирадона, оромона ва дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум арза медорад.

Сухани рост мегӯяд ва далоили дақиқ меорад. Худ қазоват кунед, ки чаро оғои Мӯсавӣ-нафаре аз сиёсатмадорони шинохтаи Эрон бо як олим ва паҷӯҳишгари тоҷик, ки аслан ягон мақоми сиёсӣ ва ё роҳбарикунандаи идораи давлатро надорад, чунин «даст ба гиребон» шуданист? Ҳадафаш дар чист? Чӣ мехоҳад? Чӣ мақсадеро пеша дорад? Албатта, ин ҳама суолҳое ҳастанд, ки ҷавоби худро ба ибораи Абдуллоҳи Раҳнамо «Мо низ мехостем назари Шумо ва дӯстонатонро на аз расонаю интернет, балки бевосита аз худи Шумо бишнавем» интизоранд.

Дар пайи ин муносибот ва пайомадҳо, ки дар сафҳаҳои расонаҳои хабарӣ мехонем, бешубҳа, мухолифини тоҷик даст доранд. Эшон ба ҳар роҳу восита мекӯшанд, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ бадном муаррифӣ кунанд. Дар муносибатҳои дипломатӣ ва байналмилалии мо халал ворид созанд. Ин ҳама аз заифӣ, нотавонбинӣ, бевиҷдонӣ ва бадхоҳи миллати хеш будан дарак медиҳад. Оё эшон намеандешанд, ки бо ин амали худ дар назди халқи ҷаҳон номи миллатро бад мекунанд?

Шахсан барои ман, чун як тоҷик, вақте ки сухан дар бораи шаъни миллату давлатам меравад, ғайр аз бародари ҳамватанам, ҳамзабону ҳамкешам, андешаи каси дигар, алалхусус, кадом як сиёсатмадори эронии иғвоангез заррае аҳамият надорад!

Пайомади ҳамаи ин иғвогариҳо дар он аст, ки имрӯзҳо дар ҳошияи ин мавод, ки дар сомонаи payom.net нашр гардида, боз даҳҳо касони беиродаву бадхоҳи миллату давлати хеш вокунишҳо доранд. Минҷумла, дар маводи «Пурзӯртарин хатар аз уламои хоин аст», ки бар унвони Абдуллоҳи Раҳнамо равона гардида, муаллифи беноме санги надомату бадбинӣ мезанад. Муаллифи ин маводи аз нуқтаи назари рӯзноманигорӣ «гуногунандеши» иғвогар, ки гӯё ба назари худаш таҳлилҳои дуруст мекунад, ҷое мегӯяд, ки: «Вале ҳазорҳо мисол аз таърих вуҷуд дорад ва ҳатман дар паҷӯҳишҳоятон ҳам мисолҳои зиёдеро вохӯрдаед, ки хоин дар ҳеҷ тарафе қадру қиммате надорад. Дар тарафе, ки ба он хиёнат кард, ба хотири хиёнаташ, дар тарафе, ки хоин ба он пайваст, ба ин хотир, ки медонанд, хоинон ҳаргиз ба ҳеҷ тарафе вафо нахоҳанд кард».

Агар ҳамин андешаро нисбати худи ҳамин мухолифони бадхоҳу бадбини миллату давлат каси дигаре мегуфт, ҳароина зери бори гарони таънаву ҳақорати эшон қарор мегирифт, вале аҷоиботаш ин аст, ки шумо, эй бадхоҳони миллати тоҷик, худатон то ба ҷое расидед, ки баҳои худатонро додед. Ин суханон на ба як паҷӯҳишгаре мисли Абдуллоҳи Раҳнамо, балки бештар ба шумо барин сангзанони давлату миллати хеш арзанда аст. Дуруст қайд мекунӣ, эй муаллифи беном, ки «хоин дар ҳеҷ тарафе қадру қиммате надорад».

Каёнуш Калонов,
омӯзгори ДИС Донишгоҳи
давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh