Амалҳои зишти ҳизби иртиҷоию динӣ ва экстремистию террористӣ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ягона ҳизби сиёсии расмӣ ба шумор мерафт.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба суфуфи Иттиҳоди нерўҳои мухолифини тоҷик пайваст, ки бо Фронти халқӣ дар ҳоли мубориза буд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз масҷидҳои ҳамонвақта, аз ҷониби баъзе муллоҳо ва бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки тибқи қонун ҳизби террористӣ эътироф шуда, фаъолияти он манъ гардидааст, оғоз шуда буд.

Моҳи ноябри соли 1992 дар пайи шикасти иттиҳоди нерўҳои мухолифин раҳбарони ҲНИТ ё ба кишварҳои хориҷ фирор карданд ва ё ба шарқи Тоҷикистон паноҳ бурданд. Солҳои 1993-2006 раҳбарии ҲНИТ-ро Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бар ўҳда дошта, он замон яке аз чеҳраҳои бонуфуз миёни руҳониён ба шумор мерафт. Баъд аз вафоти Абдулло Нурӣ дар соли 2006 Муҳиддин Кабирӣ раҳбарии ин ҳизбро ба зимма гирифт.

Дар ҷараёни ҷанги дохилӣ, ҳудуди 150 ҳазор нафар кушта ва беш аз 1 миллион нафар муҳоҷир шуданд. Дар ин давра аз ҷониби қотилони ин гурӯҳ чӣ қадар одамони барӯманд, олимон, сиёсатмадорон, ба монанди Сафаралӣ Кенҷаев, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Отахон Латифӣ ва дигарон бо фармони яке аз роҳбарони ин гурӯҳ,  Абдулҳалим Назарзода “Ҳоҷи Ҳалим”, аз ҷумла сарбозони дивизияи “201”-и Федератсияи Руссия ваҳшиёнакушта шуданд. Аз ин лиҳоз, ба қавли ҳарду ҷониби сулҳ, имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ барои мардуми Тоҷикистон дорои аҳамияти сарнавиштсози таърихӣ буда, дар радифи Эъломияи истиқлоли кишвар меистад.

Аммо дар пасманзари ҳодисаи ошӯби Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015, Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ намуд. Ба дунбол шуморе аз сарони ин ҳизб боздошт шуданд ва додгоҳ онҳоро барои муддати тӯлонӣ равонаи зиндон намуд.

Тибқи иттилои Додситонии кулли кишвар, генерал Назарзода гӯиё бо дастури бевоситаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ беш аз 20 гурўҳи хурди мусаллаҳ ташкил кардааст, ки мехост бо истифода аз онҳо оромии Тоҷикистонро барҳам занад.

Имрӯзҳо, қисме аз роҳбарони ин ҳизби мамнӯъ дар мисоли роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ берун  аз Тоҷикистон бо дастгирӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷиашон ва бо истифода аз ҳар гуна бўҳтон ва танқидҳои беасос ба воситаи нашрия ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз худ дарак медиҳанд. Бо ин кирдорашон мехоҳанд фазои орому осудаи кишварамонро аз нав халалдор созанд. Вале онҳо ва пайравонашон бояд дарк намоянд, ки сокинони мамлакат аз кирдорҳои разилонаи ин ҳизб дар фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ ва минбаъд дар замони сулҳу оромӣ воқиф мебошанд. Дар симои он ҳизби иртиҷоӣ - динӣ ва экстремистию террористиро мебинанд, ки мехост бо истифода аз иғво ва дигар амалҳои таҳрибкоронаи хеш ба ҳадафҳои сиёсӣ даст ёбад.

Халқи тоҷик ба мақсадҳои ғаразноки қотилон ва роҳбарони ҲНИТ ҷаҳонбинии устувори сиёсии худро муқобил гузошта, дар пуштибонӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доимо мавқеи қавии худро нишон хоҳад дод.

Қурбонова Х. 
устоди ДДҲБСТ 

 

Add comment


Security code
Refresh