Ташаккули тафаккур ва ҷаҳонбинии миллӣ

Дарёфти сулҳи оштӣ дар Тоҷикистон солҳои 90-уми асри гузашта заминаи мусоидеро барои Ваҳдати миллӣ омода сохт. Ин буд, ки Ваҳдати миллӣ ва мустаҳкам гардидани он дар навбати худ ба худшиносии миллӣ боис гардид.

Хосатан, ба болоравии савияи худшиносии миллӣ, инкишофи шуури иҷтимоӣ ва сиёсати шаҳрвандони ҷумҳурӣ, сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , Ҷаноби Олӣ,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар айни замон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд ва мо бо он ифтихор мекунем, мусоидат намуд.

Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи хираду заковат, ҷаҳду талоши ватанпарастонаи Президенти мамлакат,  мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи осоишта ҳаллу фасл намудани муноқишаҳои тарафайн пеши роҳи парокандашавии миллати тоҷик гирифта шуд, фирориён ба Ватан баргардонида шуданд, давлати тоҷикон аз вартаи ҳалокат раҳо  шуд ва мо ба марҳилаи кунунии сулҳу субот расидем.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки Президенти Русия  Владимир Путин ҳанўз соли 1999 дар яке аз мусоҳиба  матбуотии кишвари худ ба мухбири маҷаллаи «Огонёк» чунин изҳор дошта буд:

«Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ў аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дорад дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои халқҳову мамлакатҳои дигар». 

Ҳанўз узви Палатаи мушовирони парлумони Ҷопон Таэдзо Такэми ба сиёсати давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, зимнан қайд намудааст, ки «Ман сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хеле баланд арзёбӣ мекунам. Ошти миллӣ ва демократикунонии ҳаёти мамлакат дар минтақа ибратомўз аст”.

  Ба андешаи сиёсатмадорони дунё сулҳ дар Тоҷикистон вазъияти мўътадили минтақаро, ки ба он экстремизм ва терроризм ҷиддӣ таҳдид менамуд устувор аст.

  Оре, Сулҳи тоҷикон, ҳамчун меъмори Ваҳдати миллӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли ҷаҳон чун арбоби барҷастаи давлатӣ ва сиёсатмадори варзида муаррифӣ намуд.

  Бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз бо зиёда аз 124 кишвари ҷаҳон муносибати дипломатиро ба роҳ мондааст. Тоҷикистон имрўз узви фаъоли СММ, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди давлати мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва чандин дигар ҳамкориҳои бисёрҷонибаи байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки маҳз маҳсули ташаббусҳои Тоҷикистон буд, ки аз ҷониби Маҷмааи Кулли Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» ва солҳои 2005-2015 чун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва соли 2013 ба ҳайси «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон гардид. Дар яке аз конфронсҳои байналмилалӣ, ки дар пойтахти ватанамон сурат гирифт, аз ҷониби Президенти мамлакат пешниҳод гардид, ки панҷсолаи дигар,”Об ҳамчун омили рушди устувори ҷомеа”, эълон гардад.

Тавре  ки Президенти мӯҳтарами кишварамон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ гуфтаанд: “…эҳтиёҷ ба насле дорад, ки дар руҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ ба воя расида бошад, Истиқлолият ва якпорчагии давлати тоҷиконро ҳифз кунад, аз дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ бархурдор бошад ва номабардори ниёгони хирадманд, сулҳпарва, эҷодкор ва ба ору номуси хеш бошад”.

Бо назардошти ин гуфтаҳо ба ақидаи мо, имрӯз масъалаи ташаккули тафаккури миллӣ ва ҷаҳонбинии миллӣ дар ҷомеаи тоҷик яке аз вазифаҳои муҳим ва асосӣ ба шумор меравад.

Омили дигаре, ки дар ташаккули тафаккур ва ҷаҳонбинии миллӣ саҳми муҳим мебозад, ин забон аст. Забон ин пояи миллат ва рукни асосии давлат аст. Аз ин лиҳоз, гиромӣ доштани лафзи модарӣ, забондонӣ ва забономӯзиро Президенти мамлакат борҳо таъкид мекунанд…

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки байти зерини Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, ки дар маснавии ҷовидонааш Ваҳдат, дўстӣ ва робитаи неки инсонҳоро аз ҷумлаи рисолатҳои азаливу аввалини башар мешуморад, шиору мароми доимии ҳамагон бошад:

Мо барои васл кардан омадем,

На барои фасл кардан омадем.

Имрӯз сокинони кишвар ба хубӣ дарк ва эҳсос менамоянд, ки агар дар мамлакат сулҳу суббот ва ташаккули тафаккури миллӣ  пойдор бошад. тамоми масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ роҳи ҳалли худро меёбад.

Хулоса, мо ифтихор аз он дорем, ки Тоҷикистони азиз дар эъмори давлати демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд комёбиҳои назаррас ба даст овардааст.

Қалбҳои саршорро имрўз суханони таърихии Сардори давлат умед ба гармӣ мебахшад: «То охирин гуреза дар ғарибӣ аст, ман дар Ватан осуда будан наметавонам».

Ин гуфтаҳо дар саҳифаи таърихи навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт шуданд.

Имрўз кулли мардуми сарбаланди тоҷик ифтихор аз Ватани азиз, бахти баланд ва Истиқлолияти комили давлати Тоҷикистон дошта, баҳри гул-гулшукуфоии кишвар, пояи устувори иқтисодиёту маънавиёт ва мудофиаи он талош мекунанд. Ба хубӣ эҳсос менамоянд, ки ин ҳама хушрўзиҳо тавассути тадбиқи сиёсати сулҳофарини Сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардидааст. Ва ҳама нашъаи хурсандию шодмонӣ мекунанду шукронаи Ваҳдат ва сулҳи бебозгашти Тоҷикистони азизро дар қаъри дил ҷой медиҳанд ва бо меҳри саршори хеш муҳаббати худро ба Сарвари хирадманд ва Ватани азизи аҷдодии хеш сари таъзим фуруд меоранд.

Ҳоло замоне фаро расидааст, ки барои ободӣ ва шукуфоии кишвар ҳама сарҷамъ ҳастанду дар пиёда сохтани ҳадафҳои созандагиву бунёдкории сарвари хирадпешаи тоҷикон бо азму иродаи қавӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Аз ин лиҳоз мо бояд ҳамеша манфиати Ватан, давлат ва миллати худро аз ҳама воло гузошта, баҳри ривоҷу равнақи Тоҷикистон саъю кӯшиш намоем.

Ў.Умаралиева
сармутахассиси  шӯъбаи тарбияи ДДХ
ба номи академик Б.Ғафуров, дотсент,
номзади илмҳои филологӣ

Add comment


Security code
Refresh