Либос – оинаи фарҳанги миллӣ

Аз қадимулайём дар урфият ин масал маъруф аст, ки «Одаму либос, хонаву палос». Дар ҳақиқат, либос рамзи фарҳанги миллӣ ва таҷассумгари расму оин, нишони  зебоипарастӣ ва ифтихори ҳар халқияту миллат аст.

Мусаллам аст, ки либос як пораи фарҳанги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳар халқу миллати ҷаҳон на танҳо бо забон, урфу одат ва анъанаҳои худ, балки бо либоси худ, тарзи тайёр намудан ва одоби истифодаи он аз ҳам тафовут доранд.

Инсоният тӯли мавҷудияти худ баҳри он талош дорад, ки пайваста сатҳи зиндагии хешро баланд бардорад ва аз лиҳози талаботи моддию иқтисодӣ ва дараҷаи маънавӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардад.

Миллати тоҷик, ки таърихи бою қадима ва урфу одатҳои шоиста дорад, дар асри ҷадид толеи басо баланд ба ӯ ёр гардида, таҳти сарварии Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҷдиди сиёсати давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба беҳтарин анъанаҳои миллию фарҳангӣ кӯшиш ба харҷ дода, баҳри пойдории ғояҳои демократии сиёсату давлатдорӣ ва рушди фарҳанги миллӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Тоҷикистони соҳибистиқлолу навин дар баробари ширкат дар масоили глобалии ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ба таҳкими пояҳои миллӣ, урфу одат ва густариши анъанаҳои неки фарҳангӣ эътибори ҷиддӣ дода, дар ин ҷода тадбирҳои муҳим рӯи кор омада истодааст.

Суханронии Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10 –солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» намунаи боризи андешаи фавқуззикр буда, Пешвои миллат  барҳақ қайд менамоянд:

«Мардуми бостониву тамаддунсози тоҷик ойину анъана ва маросиму ҷашнҳои қадимае доранд, ки қисми зиёдашон дар тӯли таърих ҷойгоҳ ва арзиши худро гум накарда, ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ то ба замони мо расидаанд.

Сокинони ин сарзамини фарҳангдӯсту адабпарвар маросиму ойинҳояшонро на танҳо ҳифз кардаву гиромӣ доштаанд, балки дар марҳалаҳои гуногуни ҳаёти худ ба онҳо мазмуни нав ва сифатҳои башардӯстона зам намуда, беҳтаринашонро то даврони мо ба мерос гузоштаанд, ки нигоҳдориву арҷгузорӣ ба ин ганҷинаи бебаҳо вазифаи ҳар як фарди соҳибватан мебошад».

Дар ҳақиқат, қабули қонуни мазкур ҷиҳати ҳифзи анъанаҳои халқӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимтарин буда, дар ин санади меъёрию ҳуқуқӣ дар баробари гиромидошти арзишҳои ахлоқиву динӣ ва таърихию фарҳангии халқи тоҷик ба масъалаи фарҳанги либоспӯшӣ ва пешгирии тазоҳуроти бегонапарастӣ андешаҳои муҳим иброз гардид. 

Дар суханронии Пешвои миллат ин маънӣ зикр гардид, ки фарҳанги миллӣ аз зумраи рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва пояи устувори маънавиёт буда, ҳифз ва ба ояндагон мерос гузоштани он аз вазифаҳои муҳими давлат ва тамоми шаҳрвандон маҳсуб меёбад.   Аз ҷумла, таъкид гардид, ки солҳои охир таҳти таъсири шабакаҳои интернетӣ ва гурӯҳҳои алоҳида дар байни занону духтарони тоҷик зуҳуроти тақлидкорӣ ба фарҳанги либоспӯшии бегона ба назар мерасад. Ин тоифа бонувон ба тақлиди кӯркӯрона дода шуда, рукнҳои ислому диндориро на дар ботин, балки дар зоҳири худ ба намоиш гузоштаанд. Махсусан, ин нукта аз ҷониби Пешвои миллат комилан дуруст  таъкид гардид:

«Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар  хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».

Тибқи супоришҳои Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тарғибу ташвиқ ва бузургдошти фарҳанги миллӣ ва густариши соҳибкорӣ истеҳсоли ҳарчи бештари намуду навъҳои либоси миллӣ, аз ҷумлаи атласу адрас, зардӯзиву чакан дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, пайи иҷрои ин тадбир    аз як ҷиҳат теъдоди зиёди занҳои хонашин бо ҷойи корӣ таъмин гарданд, аз ҷиҳати дигар занону духтарони тоҷик бо матоъҳои истеҳсоли Ватанӣ таъмин мегарданд, ки ҳам арзон ва ҳам барои саломатӣ нафъи зиёд дорад.

Бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар байни занони тоҷик аз  ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ грантҳо ҷудо гардида, ҳамасола ин иқдом дастгирӣ меёбад ва занони тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки ҳарчи бештар матоъҳои зебою шинам    ва ба миллати тоҷик хосу зебандаро истеҳсол намуда, баҳри таъмин намудани бозори дохилӣ низ ҳиссагузор бошанд. Аз ин лиҳоз, занону духтарони тоҷикро зарур аст, ки шукронаи ин ғамхории падаронаи Пешвои миллатро ба ҷо оварда, барои пос доштани арзишҳои миллӣ  ва роҳҳои рушду густариши он кӯшиш ба харҷ диҳанд. Бо ин мақсад занону духтарони тоҷикро зарур аст, ки бо илми муосир ва технологияи пешқадам мусаллаҳ гардида, дар баробари он эҳтироми урфу одат, анъана ва фарҳанги миллии худро ба ҷо оранд, аз он фахр намоянд, ки меросбари миллати қадимаю фарҳангсолори тоҷикон мебошанд.

Дар асоси тадбирҳои хирадмандонаи Сарвари давлат ва пайгирии он аз ҷониби мардуми кишвар зуҳуроти номатлуби солҳои охир – пайравии занону духтарон ба фарҳанги бегона торафт ислоҳ  ва аз байн рафта истодааст. Ба аҳли ҷомеа, махсусан занону духтарон лозим аст, ки таърихи халқи худро омӯхта ба хулоса оянд, ки дар ягон давру замон занону духтарони тоҷик чунин озодии комилро  дар интихоби касбу кор, пешрафти илмӣ, рушди соҳибкорӣ, омӯзиш ва корбасти технологияи муосирро надоштанд. Ҳамзамон, дар ҷодаи интихоби сару либос рӯй овардан ба анъанаҳои миллӣ – пӯшидани навъҳои хушнамуди атласу адрас ва дигар матоъҳои пахтагину абрешимин аз бахти баланди эшон аст, зеро ба симои зани тоҷик беш аз ҳама ҳамин либосҳои миллӣ мезебад. Аз ин лиҳоз, таманнои онро дорам, ки дар ҷумҳурии мо  соҳаи соҳибкорӣ дар самти истеҳсоли либосҳои миллии тоҷикӣ аз матоъҳои истеҳсоли Ватанӣ рушд намуда, барои ҳамаи синну сол – аз кӯдакон то калонсолон тибқи истифодаи мӯдҳои зебои миллӣ ба роҳ монда шавад, ки он зебандаи ҳар як фарди тоҷик аст.

Миллати тоҷик миллати соҳибтоҷ аст, аз ин лиҳоз дар тамоми ҷабҳаҳо мо бояд аз таърихи бостониву тамаддунсози худ, аз суханварони мумтози он, аз ҳунар ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, ҳамзамон аз либосҳои миллии худ ифтихор намоем, зеро либоси миллӣ аз матои атласу адрас ва зардӯзиву чакан моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Либоси миллӣ оинаест, ки дар он фарҳанги миллии мо  инъикос меёбад.      

М.Ҳабибуллоева, дотсент,
сармутахассиси
 шӯъбаи идоракунии 
сифати таҳсилоти ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh