Иҷлосияи сулҳофарин

Яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи сиёсии халқи тоҷик – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ кардани давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон аз оғози марҳалаи наву тозае дар ҳаёти миллатамон башорат дод.

Вале боиси таассуф аст, ки бо дахолати нерӯҳои аҳримании дохилӣ ва берунӣ тоҷикон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуданд. Ҳукумати фалаҷгардидаи Муросои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши роҳи ҷанги хонумонсӯзро гирифта натавонист. Оташи ҷанг минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро фаро гирифта буд. Ҳазорҳо ҳамватанонамон рӯ ба ғурбат оварданд.

Халқи шарифи тоҷик хатари ба сараш омадаро амиқ дарк карда, баҳри фурӯ нишондани оташи ҷанги хонумонсӯз ва фалокатбор ҷонбозиҳо кард.

Шукри тақдир, ки айёми умедро барои миллати тоҷик Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, ки дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, фароҳам овард. Иҷлосияи саодатбахш барҳақ поягузори сулҳи тоҷикон аст.

Новобаста ба баҳсҳои тӯлонӣ Иҷлосия қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсоз қабул намуд. Мақсаду мароми вакилони халқ ба он равона шуда буд, ки ақли солим ва адлу инсоф боло гирад, ризоияти миллӣ, якпорчагии Ватан ва сулҳ таъмин карда шавад.

Вакилони халқ бо дарки масъулияти бар дӯш доштаашон ба ҷои идоракунии президентӣ идоракунии парламентиро ҷонибдорӣ карданд. Дар иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Зимни суханронии нахустини хеш ҳамчун Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуда буд: «Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард».

Ин нахустин комёбии Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тавонист ҳамчун чеҳраи наву хос худро ба мардум муаррифӣ кунад. Далели ин садҳо барқияҳое аст, ки ба иҷлосия ва садову симо меомаданд, қариб як хел шурӯъ мешуд: «Аз суханронии аввалини Шумо дар дили мо шӯълаи умед фурӯзон гашт…».

Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуд. Ин як навъ барномаи нахустини Сарвари нави давлат дар марҳалаи аввалини фаъолияти ӯ буд, ки дар он аз ҷумла гуфтааст: «Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам.

Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Масъалаҳои сулҳу ваҳдат, якпорчагии кишвар масъалаҳои марказӣ ва тақдирсози иҷлосия буданд.

Воқеаи фаромӯшнашавандаи иҷлосия мулоқоти сардорони дастаҳои мусаллаҳи мухолифин дар Қасри Арбоб мебошад. Ин мулоқот бо таклифи вакилони халқ ва бо ташаббуси Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Тантанаю зиёфате, ки дар Қасри Арбоб мизбонон ба ифтихори ин ҷавонмардон ташкил карданд, ба чӣ қудрате молик будани қадри нону намакро бори дигар собит намуд.

Маросимҳои ба чашм молидани парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҷомапӯшонию гӯсфандкушии рамзнок, дуоҳои хайру ибрози орзуҳои нек бидуни шак ҳар як бинандаро ба поягузорӣ шудани тантанаи сулҳу амонӣ мутмаъин месохт. Оши оштии хуҷандиён ангезае буд, ки ҳамагонро ба ояндаи нек дилпур намуд ва аз таҷлили чунин маросим дар тамоми шаҳру деҳоти ноороми ҷумҳурӣ башорат медод. Минбаъд «Оши оштӣ» ҳамчун падидаи сулҳовар вирди забонҳо гардид.

Дар Қасри Арбоб гузаронида шудани Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаҳои таърих даромадааст. Оромӣ ва сулҳу салоҳ, ғалабаи адлу некӣ, асоси якпорчагӣ, аз байн нарафтани миллати тоҷик ва кишвари азизи мо маҳз дар ҳамин Қасри пуршукӯҳи Арбоб имконпазир гардид, ҷое, ки ваҳдати миллӣ дар он эҳё шуд, дар болои шӯҳрати фарҳангӣ доштанаш, минбаъд вай чун ҷои тавлидгоҳи бар арсаи сиёсат қадам мондани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шӯҳрати нав пайдо намуд.

Баъди Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нерeҳои солими кишвар тамоми қувваро барои ҳалли осоиштаи масъалаи байни тоҷикон равона карданд.

Бо ташаббуси Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 5 то 19 апрели соли 1994 бо миёнравии Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати корҳои хориҷии Руссия вохӯрии нахустини ҳайати ҳукуматӣ бо намояндагони мухолифин доир гардид.

Давраҳои минбаъдаи гуфтушуниди байни тоҷикон (18-28 июни соли 1994 дар Теҳрон), (20 октябр-1 ноябри соли 1994 дар Исломобод) барои комёб шудан ба сулҳ, ризоияти миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

17 августи соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари оппозитсиони тоҷик С.Нурӣ «Протокол дар бораи принсипҳои асосии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро имзо намуданд, ки дар комёб шудан ба сулҳ ва ризоият марҳилаи навро оғоз намуд.

Дар ин марҳала одамон дарк намуданд, ки танҳо ба эътидол овардани ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ барои тезонидани ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва беҳтар сохтани ҳаёти ҷомеа имкониятҳои васеъ ба миён оварда метавонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чунин шароит зимни мулоқот бо роҳбарони ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии миллӣ ва иттиҳодияҳои эҷодию илмӣ даъват кард, ки Аҳдномаи ризоияти ҷомеаро имзо кунанд.

Ҳамаи қувваҳои асосии сиёсии мамлакат ин даъватро дастгирӣ намуданд.

9 марти соли 1996 роҳбарони қариб 30 ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ Аҳдномаи ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистонро имзо карданд.

Моҳи апрели соли 1996 бо мақсади таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ, барои ба даст овардани таносуби манфиату ақидаҳо, ҷустуҷӯ ва барқарор намудани шаклҳои нави ҳамкории иштирокдорони Аҳднома Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд. Аз он рӯз сар карда нақши Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа пайваста боло меравад.

Дар муддати кӯтоҳ Шӯрои ҷамъиятӣ ба маркази машваратию таҳлилии афкори ҷамъиятӣ табдил ёфт. Кӯшиши аъзои он баҳри ба даст овардани сулҳу оромӣ дар ҷумҳурӣ самараи нек овард.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳу усулҳои ба даст овардани сулҳ ва ризоиятро идома медод. Дар ҳақиқат ҳам барои халқи тоҷик мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ С.А.Нурӣ дар Шимоли Афғонистон (декабри соли 1996), Москва (декабри соли 1996), Машҳад (феврали соли 1997) ва ҳуҷҷатҳои дар онҳо ба имзорасида аҳамияти тақдирсоз доштанд.

Гуфтушуниди Хосдеҳ заминаи асосии сулҳи тоҷикон гашт. Тибқи «Протокол дар бораи танзими авзои ҳарбию сиёсии минтақаҳои доғ» ҷониби ҳукумат вазифадор шуд, ки дигар ба минтақаи Қаротегин ва Тавилдара ҳуҷум намекунад. Ҷониби мухолифини ӯҳдадор шуд, ки ҳукумати феълиро эътироф мекунад, роҳҳо кушода ва асирон баргардонда мешаванд».

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ 23 декабри соли 1996 дар Москва созишномаеро ба имзо расониданд, ки ҳадаф аз он қатъи ҷанги граҷданӣ дар ҷумҳурӣ буд. Тибқи Созишнома тарафҳо ӯҳдадор шуданд, ки ҳама гуна музокиротро то 1 июли соли 1997 ба анҷом расонанд. Ҳамзамон Протокол дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ, ки қисми Созишнома ба ҳисоб меравад, ба тасвиб расид.

Музокироти миёни тоҷикон ба марҳилаи ҷамъбастии истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини Тоҷикистон омада расид. Ба шарофати иродаи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки аз ҷониби тарафҳо дар вохӯриҳои Москва, Хосдеҳ, Теҳрон, Машҳад, Бишкек зоҳир гардид, дар музокироти миёни тоҷикон пешравии назаррас ба даст омад.

Он дар қалби ҷаҳониён шӯълаи умеду бовариро оиди оғоз гардидани марҳилаи нек дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон бедор кард.

27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ С.А.Нурӣ Созишномаи умумиро дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо намуданд. Ҳамин тавр, марҳилаи тӯлонӣ, душвортарин ва хеле муҳими моҷарои байни тоҷикон анҷом ёфт.

Дар асоси Созишномаи мазкур Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) таъсис дода шуд, ки ба он намояндагони аз ҷиҳати шумора баробари ҳукумат ва ИНОТ (13 нафарӣ) дохил гардиданд.

Мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгори миллӣ бо мақсади таъмини бозгашти бехатар ва муташаккилонаи гурезаҳо ва ҳайати шахсии воҳидҳои мусаллаҳи иттиҳоди мухолифини тоҷик ба Ватан ва риояи кафолатҳои конститутсионӣ, ҳуқуқӣ ва озодиҳои онҳо 14 июли соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Оид ба тадбирҳои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон» фармон имзо намуд. Тибқи фармони мазкур гурӯҳи ҳамоҳангсози татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ гардонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгори миллӣ дар Тоҷикистон пешбинишуда таъсис дода шуда буд.

Дар ин раванд ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз – «Санади ҳамдигарбахшӣ» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Комиссияи оштии миллӣ С.А.Нурӣ ба имзо расонида шуд.

Бояд зикр намуд, ки 49 нафар намояндагони ИНОТ бо фармону амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов тибқи саҳмияҳо дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ шомили вазифаҳои баланди ҳукуматӣ шуда буданд. Аз ҷумла 15 ҷой дар сатҳи олии ҳукумат (муовини аввали Сарвазир ва муовини Сарвазир, 13 вазир, раиси кумитаву ширкатҳо, 15 ҷой дар сатҳи раисони ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ ва 19 ҷой дар сатҳи муовинони вазирону раисони кумитаву ширкатҳо).

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИНОТ дар омори амалӣ сохтани шартҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ қадамҳои суботкорона мегузоштанд. Дар ин миён пас аз анҷоми марҳилаи якум ва дуюми протоколи низомӣ бекор намудани манъи ҳизбу созмонҳои шомили ИНОТ муҳимтарин пешрафт дар кори татбиқи сулҳ шуморида мешуд.

3 августи соли 1999 роҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ расман декларатсияи парокандашавии дастаҳои низомии худро эълон дошт ва оиди ин масъала қарори Комиссияи оштии миллӣ қабул карда шуд.

Роҳи ҳалли масъалаҳои дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ифодаёфта сулҳи бебозгаштро дар ҷумҳурӣ таъмин намуд. Тоҷикистониён имрӯз аз он ифтихор доранд, ки Фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат гардид ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф шуд.

Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Тоҷикистон оғози сулҳофаринии тоҷикон буд ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд менамояд: «Ин иҷлосия, ки минбаъд дар таърихи навини халқамон бо номи Иҷлосияи тақдирсозт шонздаҳум сабт шуд, дар роҳиу сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷикро муайян намуд».

ВАҲҲОБ НАБИЕВ,
доктори илмҳои таърих, профессор

Add comment


Security code
Refresh