Мулоқоти Пешвои миллат бо Директори генералии Ширкати “Юнан Констракшн Энд Инвестмент Групп” Лю Гуочан

Дар шаҳри Пекин ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии Ширкати “Юнан Констракшн Энд Инвестмент Групп” Лю Гуочан мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои тақвияти ҳамкорӣ бо ширкатҳои сармоягузории Чин баҳри рушди иқтисодиёт ва пешрафти саноати мамлакат иброз доштанд.

Ширкати “Юнан Констракшн Энд Инвестмент Групп” ташкилоти молиявию технологӣ буда, яке аз ширкатҳои пешсаф дар бахши истеҳсоли алюминий мебошад. Зимни мулоқот намояндагони ширкат ҳавасмандии худро баҳри таҳияи лоиҳаҳои муштарак, маблағгузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, воридоти технологияи наву муосир ва аз ҷиҳати экологию техникӣ дар ҷаҳон нодир барои пешрафти кори Ширкати ТАЛКО дар самти коркарди ашёи хом изҳор доштанд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Add comment


Security code
Refresh