Се рукни муҳими давлати навини тоҷикон

2. Ташаббуси мубин

Замони муосир ва ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандии кишвари соҳибистиқлоли мо ба арсаи рўзгори нав ибораи нав – «идеяи миллӣ»-ро ворид намуд. Аз ин лиҳоз, идеяи миллии тоҷикон ин сулҳ аст. Биноан, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маҷлиси Шўрои ҷамъиятӣ – 27-уми январи соли 2017 хотиррасон намуданд: «Зимнан, ваҳдату ҳамзистӣ ва ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми ҳамдигар пояи боэътимоди Истиқлолият, тавоноӣ ва шикастнопазирии давлатро ташкил медиҳад ва риояи он, хусусан, дар шароити кунунӣ амри зарурӣ ба ҳисоб меравад».

Ифодаи «об ҳаёт аст!» бо гузашти солҳо дар рўзгори инсонӣ ҳар қадар қиммат, арзиш ва дараҷа мегирад, ки ба рўшноӣ бадал гардида, умеди зиндагӣ, сарсабзӣ, умеди амали орзуву ормонҳоро мебахшад ва гуфтаи «то реша дар об аст, умеди хуррамӣ, солимӣ ҳаст» - торафт маънои болиғ ба худ касб мекунад. Ҳамин тавр, об сарсабзӣ, ободӣ ва хуррамист. Дар ин радиф сулҳ низ ободонӣ, маъмур сохтан, хуррамиву солимиро мазмун ва маъно дораду таҷассумгари ободбум аст.

Ба ин маънӣ, иқдомҳои бунёдӣ, шоиставу башардўстонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба арҷ, арзиш ва қиммати ҳаётофарии об – ин неъмати ҷонбахш, дар сатҳи байналмилал эълом доштани «Соли 2003 – Соли оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об – барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об – 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028), барои амалӣ шудани орзуву ормонҳои тамоми мардуми олам, Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ва Ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи ин ниҳод мувофиқат ва мутобиқат мекунанд ва аз ҷониби Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид ва аксари кулли кишварҳои ҷаҳон пазируфта шуданд.

Мардуми дилогоҳи тоҷик ифтихор аз он доранд, ки Сарвари муаззами давлати тоҷикон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои марбут ба об баромад намуда, таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли мушкилот – дастрасӣ ба оби тозаи нўшиданӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳамкории кишварҳо ва созмонҳои байналмилалиро ҷалб карданд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар шаҳри Душанбе – дар Ҳамоиши байналмилалӣ роҷеъ ба рушди устувор ва вохўрӣ бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳангоми боздид аз кишвари ба гуфтаи худи ў «намуна дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ» ба Тоҷикистони соҳибихтиёру сулҳбахш омада буд, изҳор кардааст: «Шумо мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин кишвари зебо ва табиати нотакрор доред».

Ташаббуси ҷадид ва пешниҳоди бунёдии Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои рушди устувор», (2018-2028) ин мазмун ва маънои башардўстонаро бозгўй буда, ташаббуси мубин, яъне муайян, возеҳ, соф ва равшану пок аст, шабоҳати оби тозаву шаффоф ва нуқрафом мебошад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси умумибашар ҳамчун Сарвари хирадманд, инсонпарвар, адолатпарвар ва маҳбуб мавқеъ доранду шинохта шудаанд. Ба ин маънӣ дар асари пурарзиши «Ахлоқи Мўҳсинӣ» омада:

Адл нурест, к-аз ў мулк мунаввар гардад,

В-аз насимаш ҳама офоқ муаттар гардад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол бо азму суботи Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳосили Иҷлосияи беназири шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати комили миллӣ дар фазои беғубори осудагӣ ба кишвари ободбум, яъне сарзамини ободон, мулки маъмур, биҳиштосо мубаддал гардид. Пешоҳанг ва сабақомўз шуд кишвари тоҷикон. Сиёсати сулҳҷўёнааш воло, суботи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву хайрхоҳонааш дучандон гардида, комёбу саодатманд, муваффақу комёр шинохта шуд.

Ҳаёт мактаби бузурги тарбият асту вақт мизони ҳақиқат, санҷиш ва қиёс аст. Дар ин раванд сиёсати хирадмандонаву башардўстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари сулҳофари Тоҷикистонро дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ ба ҷаҳониён намуна гардонидаанд. Биноан, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш зимни боздид аз кўли Сарез, ки дар водии Бартанги Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ҷойгир мебошад, изҳори ақида кард: «Хеле муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз ин шеваву усули истифода сабақ биомўзад ва ба он пайравӣ намояд». Яъне Тоҷикистон дар истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ намуна аст!

Мавзўи ҷаҳонии об ниҳоят муҳим, воқеӣ ва ҳаётӣ буда, ки ба он Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти хоса, аввалиндараҷа ва алоҳида зоҳир менамоянд. Ташаббуси Роҳбарияти олии кишварамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об- барои рушди устувор», (2018-2028) шаҳодат аз он, ки мо – тоҷикон мардуми ҳақиқатан ҳам назаркарда ҳастем. Саодат насиби мардуми мост, ки ватандоранд. Ватанро ҳифз кардан, нигоҳ доштан, рушду такомул бахшидан аз ҳар фарди худогоҳу бедордил заҳмату масъулият металабад, вазифадор менамояд, ниҳоят мо ўҳдадор ҳастем. Бояд дар ин ҷабҳа ҳама якдилу якқавла бошем, ҳамдил ва иродатманд худро нишон диҳем, ки ба қавли Мавлавии бузург «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст»…

Мардуми сарбаланди тоҷик дар зарфи чаҳоряк асри соҳибистиқлолӣ, дарозои биступанҷ соли баргузории Иҷлосияи маъруфтарини шонздаҳуми Шўрои Олӣ ва бист соли Ваҳдати булуғи миллӣ ба дастовардҳои беназири иқтисодӣ комёб гардиданд, ки татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо бозгўи онҳост.

(Давом дорад)

Файзулло АТОХОҶАЕВ,
 собиқадори матбуоти тоҷик

Add comment


Security code
Refresh