Он кас, ки надорад сифати одамӣ нест бари одамиён одамӣ

Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон бар асари мудохилаи баъзе  кишварҳои хориҷӣ, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро хуб дар ёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардид.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд.

Дар ин раванд мардуми тоҷик кӯшиш бар он мекарданд, ки  фазои сулҳу субот созандагӣ ва пешравии кишвар барқарор гардад, лекин буданд афроде, ки ба давлату миллат хиёнат намуда, пеши роҳи рушди муназзами кишварро халалдор месохтанд.

Бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ баъзе аз афроди гумроҳгаштаи тоҷик бо мақсадҳои ғаразноки худ ба низоми сиёсии давлати худ зарба мезаданд, ки ин хиёнати онҳоро нисбати марзу бум ва давлату  миллати худ нишон медод. Чӣ тавре, ки дар наворҳои телевизионӣ пахш гардид, ин афрод оиди ҷиноятҳои содиркардаи худ бар зидди сохти конститутсионӣ ва ваҳшониятҳое, ки нисбати мардуми кишвар кардаанд, баён карданд ва дар ин раванд ҳамкории худро бо гурӯҳҳои ифротии хориҷӣ иброз карданд. Кирдорҳои ҷиноии ин террористон ва ҳаммаслакони онҳо нобахшиданист, зеро онҳо бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ аз мамолики хориҷа ба фарҳангу маданият, илму маърифати тоҷикон мехостанд зарба зананд.

 Шахсони баруманди миллати тоҷик, ки дар соҳаи илму маърифат, тиб, ҳуқуқ шӯҳрати ҷаҳонӣ доштанд аз дасти ҳамин гуна афроди зишттинат ба қатл расонида шуданд.

Аз ҷумла шахсиятҳо ва нобиғаҳои миллати тоҷик ба монанди Сафаралӣ Кенҷаев – вакили Парлумон, Муҳаммад Осимӣ файласуфи бузург, Юсуф Исҳоқӣ, Карим Йӯлдошев мушовири Президент, Ҳабиб Сангинов муовини ВКД-и кишвар аз дасти ин гурӯҳи террорист ба қатл расонида шуд, ки зарбае буд ба  пешрафти Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки ин гуна одамони бевиҷдон, ки виҷдони худро барои пулҳои ночизе, ки хоҷагони хориҷиашон ба онҳо медоданд фурўхта ба давлату миллати худ хиёнат карданд.

Дар урфият мегӯянд:

Ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,

Нашояд фикандан дар он сангу хок

Аммо террористон на виҷдон доранду на маърифату на андешаи солим, зеро онҳо барои манфиати ночизи худ ба хоку марзу буми худ зарба заданд.

Агар фикру андешаи солим медоштанд, зархариди хоҷагони хориҷӣ намегардиданд. Мехостанд, ки муносибатҳои дӯстонаи давлатро бо шарикони стратегӣ аз ҷумла Федератсияи   Русия тавассути зарба задан ба нерӯҳои дивизияи 201- уми Федератсияи Русия вайрон созанд. Ин хаёлҳои хоми онҳо барабас рафтанд, зеро дар Тоҷикистони азизи мо нерӯҳои созанда, бузург таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қодир буданд тамоми гурӯҳҳои ифротӣ, террористӣ ва ҳаракатҳову падидаҳои номатлубро аз байн баранд.

Мисоли равшани ин аз байн бурдани Назарзода ва ҳаммаслакони ӯ аст.

Пайдост, ки ҳанўз ҳам дидаи ҳасуди душманони тангназар ба сўи мост. Аз ин хотир, ба таъбири Сарвари давлат ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод.

 Аз ин рў, ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки камари ҳиммат баста, дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва сарватҳои Ватан саҳми беназир бигзорад. Барқарор гардидани сулҳи тоҷик, ташкили давлати мустақили миллӣ, бунёди иншоотҳои муҳими кишвар далели корнамоии беназири Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

Б.Алимов,
устоди ДД
ҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh