Се рукни муҳими давлати навини тоҷикон

3. Ҳадафи мустақим дар рифоҳи зиндагӣ

Фаъолияти сиёсӣ ва давлатдории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар авҷи муборизаҳои басо мураккаб, тезутунд ва хеле ҳассос оғоз ёфт. Дар ин раванд ифода ва ё чунонки мегўянд, воҷаи фарҳанги ҷомеадорӣ ба ҷараёни ҳаёт омезиш ёфт ва он корсоз бишуд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳ зикр шудааст. «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демок-ратӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».

Биноан, ташаббусҳои созандаи кишварамон бо тафаккури бунёдӣ ва ҳадафмандии Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи умумиҷаҳонӣ касб карда, ҷонибдории афзуне гирифтаанд. Чунонки Сарвари давлат дар суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзўи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир», ки он дар шаҳри Душанбе 12 июни соли 2017 ба вуқўъ пайваст, изҳор намуданд: «Кишвари мо, ки асоси иқтидорҳои энергетикиашро соҳаи гидроэнергетика ташкил медиҳад, аз рўи истифодаи манбаъҳои тавлиди «энергияи сабз» дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Дар ин росто, Тоҷикистон ташаббусҳои глобалии «Энергияи устувор барои ҳама» ва Даҳсолаи байналмилалии энергияи устувор барои солҳои 2014-2024-ро фаъолона ҷонибдорӣ намудааст».

Дар ҷараёни ташаббусҳо ва пешниҳодҳои Пешвои миллат Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо дарназардошти натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии сипаришудаи «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», бо ибтикори Тоҷикистон – бо иттифоқи оро – қатъномаро роҷеъ ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои рушди устувор», 2018-2028 қабул кард. Ҳамин талошҳои бунёдӣ дар масири рушди устувор мавқеи комил дорад.

Мардуми мо ваҳдатшиору ваҳдаткоранд, сулҳпарвару нусратшиоранд. Ба ҳамаи корҳои неку созанда бо дасту дили гарм, бо ақлу идроки расо муносибат мекунанд. Ба қавли Ҳаким Носири Хусрав:

Чу расми ҷаҳонӣ ҷаҳон беш бинӣ,

Ҳазар кун зи бадҳош агар пеш бинӣ!

амал намуда, кору пайкори хешро тақвият мебахшанд. Падидаи хеле ва хеле нодири миллӣ – Ваҳдати миллӣ, ки хоси Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад, бо ном ва ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Мардуми мо имрўз бо ҳамин се рукни давлатдории навин: Истиқлолияти давлатӣ, Иҷлосияи таърихӣ, Ваҳдати миллӣ ҷонпайванд буда, дар атрофи Пешвои миллати худ муттаҳиду меҳрпайванд ва садоқатманд ҳастанд. Мо аз Сарвари хирадманди давлати худ ифтихормандӣ дорем, баҳри афзудани нуфузу эътибори кишвари биҳиштосоямон Пешвои муаззами миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста азму суботи миллӣ нишон доданд ва ин ҳадаф мунтазам хирадмандона амалӣ мегардад. Ин муаррифӣ дар арсаи ҷаҳон пазируфта шудаанд, ки дар оинаи ҳаёти умумибашарӣ ҷилои миллӣ дорад.

Ҳамин боз як ташаббуси ҷадиди Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», 2018-2028, ки дар Рўзи байналмилалии захираҳои об – 22 марти соли 2018 амали он оғоз мегардад, қадами бунёдӣ ва устуворе дар раванди татбиқи ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон мегардад. Барои миллати тоҷик ин таҳкимбахшии нуфузи Тоҷикистон ва обрўю манзалати Сарвари хирадманди давлати тоҷикон хеле ва хеле гуворост.

Зеро Тоҷикистони имрўза дар арсаи байналмилалӣ соҳиби ҷойгоҳи хоса мебошад.

Ташаббусҳои Тоҷикистон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид баҳои баланд гирифтааст, ки дар саҳифаҳои таърихи ҷаҳонӣ ва махсусан, миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик сабт шудаанд.

Мегўянд: Ваҳдату иттиҳод барои ҳар миллат беҳтарин неъмат маҳсуб мешавад ва устувории давлатдорӣ вобастаи ин нерўи сарнавиштсоз мебошад. Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик беҳтарин неъмат ва кафили осудаҳолӣ шинохта шудааст.

Вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ, баргузор гардидани Иҷлосияи таърихӣ ва дар боғи ҳаёт сабзиш доштани Ваҳдати миллӣ меравад, зеҳну хотироти мо беихтиёр вориди таърихи на чандон дури кишвар, яъне аз бист то биступанҷу бистушашсолагӣ мегардад. Дар ин айём фарзанди худогоҳу покизасиришт – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ва давлатдорӣ баромаданд, ки нидои қалбашон саршор аз ҳуввият буд – «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ин сухани дил, ин нерўи зеҳнӣ ва ин ҷўши одамият ва ҳамияти ватандорӣ мардумро рўҳу тавони воқеӣ, умед ба ояндаи неку дурахшон, саодатмандӣ, шарафмандӣ бахшид. Биноан, Истиқлолияти давлатӣ, ҳадафҳои Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ – дар сарнавишти мардуми тоҷик дар як радиф қарор гирифтаву ҳар сокини кишварро ўҳдадор менамоянд, ки ғояҳои онҳоро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, бояд баҳри рушду тараққиёти диёр ва осудаҳолии сокинони он содиқона кору пайкор намоем.

Ҳамин се рукни миллӣ асоси суботи ҷомеа ва рушди устувори кишварро дар фарогирии моҳият ва муҳимияти созандагӣ, муттаҳидсозӣ ташкил намуда, тақвияти комил бахшидаанд.

Даврони соҳибистиқлолӣ, ғояҳои корсози Иҷлосияи тақдирсоз ва риштаҳои пурдошти Ваҳдати миллӣ иқдомҳои соф миллиро роҳандозӣ намудаанд. Дар ин росто, бо ташаббуси бунёдии Пешвои миллат ду Қонуни аз ҷиҳати мазмун ва моҳият болиғи миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пешниҳод ва қабул карда шудаанд, ки имрўз мавриди амал қарор гирифтаанд. Ҳар ду Қонун бешак, аз миллитарин, муҳимтарин ва мардумитарин Қонуне мебошанд, ки бо дастгирии оммаи васеи мардуми кишвар, дар раванди муҳокима ва пешниҳодоти омма мувофиқ ба меъёрҳои конститутсионию байналмилалӣ қабул ва амалӣ гашта истодаанд.

Халқи тоҷик соли равон бистсолагии Рўзи Ваҳдати миллиро бо фараҳу шодмонӣ, ифтихору саодатмандӣ таҷлил намуда, баҳри боз ҳам шукуфоии Ватани азиз азму суботи тоза гирифт. Ва амалҳои ҷадидро ба пешвози ҷашнҳои бистушашсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва биступанҷсолагии Иҷлосияи таърихиву тақдирсози миллату давлати соҳибихтиёр роҳандозӣ менамояд.

Дар ин радиф дар саросари кишвари азизамон, аз ҷумла дар вилояти Суғд тадбирҳои муассир ҳадафмандона амалӣ гардида истодаанд.

Ҳамин тавр, се рукни давлати навини тоҷикон – Истиқлолияти давлатӣ, Иҷлосияи таърихӣ, Ваҳдати миллӣ дар иҷрои се ҳадафи стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ҳамрадиф мебошанд.

Файзулло АТОХОҶАЕВ,
 собиқадори матбуоти тоҷик

Add comment


Security code
Refresh