Самараи Истиқлолият

Истиқлолияти давлатӣ барои рушди босуръати соҳаи маориф ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос  шароитҳои мусоид фароҳам овард.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид кардаанд, ки «Яке аз масъалаҳои бисёр муҳум,  ин тарбияи кадрҳои ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Кишварамон имрўз, алалхусус ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи геология ва коркарди маъдани сатҳи байналмилалӣ ниёзи бештар дорад ».

Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар кори тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ ва рушди саноати кўҳӣ-металлургии кишварамон саҳми арзишманду назаррас дорад.

Донишгоҳи мазкур 3-уми майи соли 2006 дар асоси қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва соли 2016 даҳсолагии он таҷлил гашт.

Бахшида ба ҷашни 10-солагии ин донишкада китоби номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент М.Фозилов ва номзади илмҳои таърих, дотсент И.Абдуллоев Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон «Марҳилаҳои асосии таърихӣ» нашр гардид.

Дар соли аввали хониши 2006-2007 аввалин донишҷўён аз рўи 10 ихтисос бо шумораи 344 нафар ба факултаҳои корҳои кўҳӣ, металлургия ва энергомеханика қабул гардиданд.

Аз рўзҳои аввал дар донишкада ба масъалаи ташкили ҷараёни таълим, тарбия ва корҳои таълимию методӣ аҳамият дода шуда, корҳои зиёде иҷро гардид.

Бо мақсади мутамарказ намудани корҳои  илмию методӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълимӣ аз лаҳзаи таъсисёбӣ шўъбаи таълим ва шўрои таълимӣ-методӣ ба фаъолият оғоз намуда, то ба имрўз пурсамар фаъолият дорад.

Дар Донишкада оид ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ аҳамият дода мешавад. Бо ин мақсад дар Донишкада соли 2014 шўъбаи аспирантура таъсис ёфт. Алҳол ин ҷо 12 нафар аспирант таҳсил намуда, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд.

Ба ғайр аз ин бо роҳи унвонҷўӣ тайёр намудани кадрҳои унвондор  низ ба роҳ монда шудааст. Дар тўли даҳ соли фаъолияти донишкада 12 нафар устод дар мавзўъҳои гуногун рисолаҳои номзадиро дифоъ намуда, сазовори унвони номзади илм гардиданд.

Имрўз дар донишкада 41 нафар номзади илм-дотсентон ва 5 нафар доктори илм-профессорон фаъолият менамоянд.

Бояд зикр, кард ки дар донишкада ба масъалаи ташкили конфронсҳои илмӣ, намоиш – озмунҳо дар баробари раванди таълим аҳамияти лозими додашуда, корҳои зиёде иҷро шуданд.

Ихтирооти дотсент А.Қодиров - «Насоси автоматики гидравликӣ, таҷҳизоти фотометрии ДКМТ», ихтирооти профессор Х.Назаров – «Тарзи гирифтани уран аз тахтаҳои обдор», «Тарзи коркарди боқимондаҳои урани саноатӣ», ихтирооти дотсент О.Тўхтасинов «Сохтор барои ҳосил кардани йод аз пўсти чормағз» ва дигарон сазовори потент гардиданд, ки онҳо барои истеҳсолот аҳамияти муҳим доранд.

Донишкада бо бисёр донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои хориҷ ҳамкориҳои судманд доранд. Чунончӣ, бо донишгоҳҳои бонуфузи Федератсияи Россия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Норвегия, Словения, Португалия, Ҷумҳурии халқии Чин ва Словения.

Чунончӣ, дар ин донишкада бо профессори донишгоҳи илмҳои табии Нарвегия Харта Ратнавира, мактаби байналмилалии Словения Петер Стегнер, ректори донишгоҳи нафти Ҷумҳурии халқии Чин Шан Хун Хун, директори кули иттиҳодияи Тетис – петролиуми ИМА Дэвид Робсон, роҳбари корхонаи омўзиши портовҳои радиатсионии Шветсария Эберл Хансҷонрч ва бисёр дигар олимону мутахассисони хориҷӣ вохӯриҳобаргузор гардиданд.

Бояд афзуд, ки бо мақсади боз ҳам васеъ ривоҷ додани ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ бо Ҷумҳурии ҳалқии Чин соли 2015 дар назди Донишкадаи қўҳӣ – металлургии Тоҷикистон Донишкадаи Конфутсий таъсис дода шуд, ки он дар кори омўхтани забон ва фарҳангӣ чинӣ дар байни донишҷўёни тоҷик саҳми арзандаю назаррас хоҳад гузошт.

Соли хониши 2010-2011 хатми аввалини донишҷўён Донишкадаи кўҳӣ – металлургии Тоҷикистон ба вуқўъ пайваст. Дар ин сол 165 нафар донишҷў аз рўи ихтисосҳои корҳои кўҳӣ, тоза кардани канданиҳои фоиданок, коркарди конҳои нафту газ, металлургияи ранга ва ғайра Донишкадаро хатм намуданд. Дар асоси мактуби Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 74 нафар хатмкунанда ба 17 корхонаи саноатӣ барои кор фиристонида шуданд.

Дар донишкада ба масъалаи бо ҷойи корӣ таъмин намудан ва гузаронидани таҷрибаомўзии истеҳсолӣ аҳамияти хосса дода мешавад.

Донишкада бо корхонаи «Фулузоти нодири Ленинобод», ҶСК «Чароғ», ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент», ҶДММ «Петролеум Суғд», корхонаи алюминии тоҷик, комбинати «Такоб», ҶДММ «Элегант» ва даҳҳо корхонаҳои дигар ҳамкорӣ дорад ва дар 45 корҳонаи саноатӣ таҷрибаомўзии истеҳсолии донишҷўён гузаронида мешавад.

Донишкадаи кўҳӣ – металлургии Тоҷикистон яке аз ҷавонтарин муассисаҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад.

Имрўз дар ин донишкада аз рўи 17 ихтисос мутахассисон тайёр карда мешаванд, ки шумораи умумии донишҷўён зиёда аз 3000 нафарро ташкил медиҳад.Б.Ризоев,

          Ф.Ҳомидов,
          д.и.т., профессорони Донишгоҳи давлатии
          ҳуқуқ,  бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,
         А.Одинаев,
Б.Алимов,
 н.и.т. дотсентони Донишгоҳи давлатии
         ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh