Кафили пирӯзӣ ва саодат

Бисту шаш сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуқӯъ пайваст. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, халқи тоҷик соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр шуд.

Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқўъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати наве бо номи Тоҷикистон арзи вуҷуд намуд, ки ҳоло мо бистушашсолагии  Истиқлолияти онро ҷашн мегирем. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб меёбад. Истиқлолият буд, ки Тоҷикистонро аксар давлатҳои ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил ва дорои фарҳанги бою ғанӣ то имрӯз мешиносанд ва ба Сарвараш эҳтироми хоса доранд. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба суи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Бисту шаш сол аст, ки хуршеди истиқлол бо нурҳои ҳаётбахши худ, дар осмони софи Тоҷикистон  нурафшонӣ мекунад. Дар солҳои аввали Истиқлолият Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ печид, иқтисодиёт фалаҷ гардид ва ҷомеаро бӯҳрони гарони сиёсиву иқтисодӣ фаро гирифт. Иқтидори истеҳсолӣ рӯ ба коҳиш оварда, хазинаи давлат холӣ монд ва хатари гуруснагӣ ба миён омад.

Бо ҷаҳду талош,  ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакат аз вартаи ҷанги хонумонсуз баромад ва инчунин сохти конститутсионӣ барқарор гардида, таҳкиму тақвияти давлату давлатдории миллӣ ва сарҷамъиву ваҳдат таъмин гардид.

Истиқлолияти мо гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик аз қадимулайём дорои марзу бум, расму оини ба худ хос ва фарҳанги бою ғанӣ буда, барои нигоҳдошти онҳо ҷаҳду талошҳои беандоза менамуд.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки бисту шаш сол қабл  нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳоданд. Аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем, ки Парчами давлатиамон дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ парафшон гардида, суруди миллиамон бошад  дар маросиму чорабиниҳои сатҳи олӣ ва дигар маъракаҳои муҳим бо садои баланд Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Маҳз дар даврони Истиқлолият Артиши миллӣ таъсис дода шуд, ки ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро ба души худ гирифтем. Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва бунёди ҷомеаи демократии адолатпарвар басо бузург аст. Дар солҳои  аввали  ба даст овардани Истиқлолият то ба имрӯз ҳукумати мамлакат ғамхорӣ дар ҳаққи мардуми кишвар, боло бурдани сатҳи зиндагии онҳо, ҳаёти осудаву саодатмандонаи ҳар хонадони мамлакат мақсаду маром ва ҳадафи ҳамешагии худ меҳисобад. Маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар муддати 26 соли Истиқлолият бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд иқтисодиёти милламон бо суръати кайҳонӣ рушд ёфта, сатҳи зиндагии мардум бо маротиб баланд гардида истодааст. Дар даврони Истиқлолият якчанд барномаи стратегӣ қабул ва роҳандозӣ шуда истодаанд, ки  барои пешрафти ҳамаи соҳаҳо мусоидат менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикситон ҳамчун давлати соҳибистиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла дастрасии аҳолии ҷаҳон бо  оби тоза, нақши муҳим бозида истодааст.

Бояд гуфт, ки Истиқлолият ин ганҷинае бебаҳое мебошад, ки ҳамаи муваффақият аз он маншаъ иегиранд. Аз ин хотир ҳар як фарди тоҷику тоҷикситониро зарур аст, ки барои  нигоҳдории арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ саъу кӯшиш намояд,  барои  Ватан содиқона хизмат намуда Истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистонро ҳифз намояд. 

Муҳаммадсодиқ БОҚИЗОДА,
сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Add comment


Security code
Refresh