Сарчашмаи пирўзиҳо ва саодати миллат

Ҳангоми ҷашнгирии ҳар як санаи таърихӣ, одатан дастовардҳо ва мушкилоти мавҷударо таҳлил мекунанд ва аз ин хотир, мехостам ба баъзе дастовардҳои давраи соҳибистиқлолии мамлакатамон таваҷҷўҳи хонандагони рўзномаро ҷалб намоям.

Ҷоизи зикр аст, ки баъди пошхўрии давлати абарқудрати Шўравӣ дар як қатор кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ нооромиҳои шадиди сиёсӣ ба амал омада, Тоҷикистони офтобрўяи мо низ дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аз ин муноқишаҳои сиёсӣ берун намонд.

Дар давраҳои барои мардуми мо хеле мудҳиш, як гурўҳ шахсони манфиатхоҳ бо ҳамроҳии хоҷагони хориҷиашон зери ниқоби демократия ва озодихоҳӣ давлати соҳибистиқлоли ҷавони моро ба даргириҳои сиёсию маҳалгароӣ рў ба рў карда, оташи ҷанги шаҳрвандиро дар қисми ҷануби кишвар барангехтанд, ки он боиси талафоти калони молӣ ва фавти ҳазорҳо нафар шахсони бегуноҳ гардид.

Хушбахтона, тавассути сиёсати хирадмандонаю дурандешона Сарвари тозаинтихоби давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои мураккабу ҳассос тибқи қарори вакилони Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсати калон ворид гардида, зимоми роҳбарии давлати дар он марҳала хеле нооромро ба ўҳда гирифтанд.

Яке аз дастовардҳои бузурги солҳои соҳибистиқлолии кишвари мо давлатсозии миллӣ бо истифода аз мустақилияти сиёсӣ, эътибори ҷиддӣ додан нисбат ба барқароркунии арзишҳои фарҳангии миллӣ, нигоҳ доштани забон ва рушди анъанаҳои аҷдодӣ ва татбиқи сиёсати иқтисодӣ бо назардошти рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои мамлакат ба шумор меравад.

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, дар ҳамаи ҷабҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвари мо асосан аз соли 2000 оғоз карда, дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада истодаанд. Натиҷаи сиёсати дурбинонаи Роҳбарияти кишвар буд, ки тўли солҳои охир дар саросари мамлакат корҳои ободонию созандагӣ мунтазам вусъати тоза мегиранд.

Зина ба зина амалишавии се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ додани мамлакат, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва ноил шудан ба амнияти озуқаворӣ худ далели дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардидани давлати тоҷикон мебошад.

Ботантана ҷашн гирифтани 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии шаҳри Кўлоб ва Соли тамаддуни ориёӣ, барориши Пули миллӣ, дохил шудан ба СҲШ (Созмони ҳамкории Шанхай) дар радифи давлатҳои дигар (Русия, Хитой, Ўзбекистон, Қирғизис-тон), қабулшавии ташаббуси таърихии Тоҷикистон дар татбиқи Амалиёти даҳсолаи «Об-барои ҳаёт», барои солҳои 2005-2015, кушода шудани нақби Анзоб, оғози сохтмони роҳи автомобилгарди ағбаи «Шар-Шар», ба кор даромадани НОБ-и «Сангтўда-1», ба истифодабарии хатти барқии «Ҷанубу Шимол», кушода шудани нақби «Шаҳристон» ва ғайраҳо дастовардҳои бузурги Истиқлолият ба шумор мераванд.

Новобаста аз он, ки дар давраи начандон тўлонии ҷанги шаҳрвандӣ ба мардуму иқтисодиёти кишвар зарарҳои ҷиддии молиявӣ расонида шуда буд, алҳол давлати мо ба нишондиҳандаҳои хеле назарраси рушди макроиқтисодӣ ноил гардида, Ҳукумати кишвар дар назди масъулини тамоми шохаҳои ҳокимияти иҷроия вазифаи амалигардонии ҳадафи дигари олии иҷтимоӣ -ноил шудан ба зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакатро гузоштааст.

Дар ин раванд, барномаҳои махсуси ҳукуматӣ таҳия гардида, чуноне, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои мазкур тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд.

Боиси зикр аст, ки сохтмонҳои азими роҳу пулҳо, иншооти табобатию соҳаҳои маориф, фарҳангу варзиш ва дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар аз натиҷаҳои хуби фаъолияти иқтисодиёт ва ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети давлатӣ шаҳодат медиҳад.

Дар ҳаллу фасли муаммоҳои иҷтимоӣ ва пешрафти корҳои ободонию созандагӣ дар маҳалҳо соҳибкорони бонангу номуси кишвар ва кулли сокинони мамлакат низ саҳми худро гузошта истодаанд, ки далели раднопазири Ваҳдати миллӣ мебошад.

Алҳол мо дар арафаи ҷашнҳои бузурги умумидавлатӣ - 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ҳар як сокини давлати моро зарур аст, ки ба қадри тинҷию оромии мамлакат, дўстию рафоқат расида, баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани ин равандҳо ва пояҳои давлати соҳибистиқлоламон ҳамеша саҳмгузор бошем.

Зеро ҳаллу фасли тамоми муаммоҳои зиндагӣ танҳо тавассути оромии сиёсӣ, Ваҳдати комил, меҳнати аҳлона ва хирадмандию дурандешии ҳар як фарди ватандўст имконпазир аст. Бо чунин амалҳои содиқонаи хеш, мо метавонем кишвари азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ машҳур гардонем ва бори дигар исбот намоем, ки ҳар яки мо ворисони арзандаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Синою Рўдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзода ва дигар алломаҳои миллати тоҷик ҳастем.

Карамулло Одилов,
Корманди шоистаи
 Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии
 молияи Иттиҳоди Шўравӣ ва
Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Add comment


Security code
Refresh