Тақдими мукофотҳои давлатӣ

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба пешқадамону фаъолони ҷомеа, кормандони соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии вилоят баргузор гардид. Мукофотҳои давлатиро Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар вазъияти мутантан тақдим намуданд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мукофоти давлатӣ сарфарозшудагонро табрик намуда, ба онҳо дар амалӣ гаштани нақшаву ниятҳои нек, ҷиҳати боз ҳам ноил гардидан ба дастовардҳои шоистаи меҳнатӣ, саҳмгузорӣ дар раванди созандагию ободкорӣ барору муваффақиятҳои тоза таманно намуданд.


Зикр бояд дошт, ки мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти мамлакат бахшида ба ҷашни 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсиятҳои сазовор, ки дар фаъолияти меҳнатии худ ба дастовардҳои арзанда ноил гардидаанд, супорида шуд.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh