Ҷаҳонбинии ҷавонон аз файзи Истиқлолият аст!

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин давра санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсию иҷтимоӣ муайян карда шуданд. Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 – Соли ҷавонон эълон ва пазируфта шуд. Омилҳо барои ин пешниҳоди муфид, хушбахтона зиёданд. Зеро, саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа зиёд аст. Ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат иштироки фаъолона доштанду доранд.

Аҳамияти рушди илм ва маориф байни ҷавонон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати давлат қарор дорад. Тавре дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр доштаанд:

«Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Ҷавонони имрўзаи мо, яъне насли замони Истиқлолият аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад».

Дар рушди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд илму фарҳанг ва маориф дунёи маънавии инсонро ташаккул медиҳад. Дар ин замина мавқеи муҳимро ҷавонон ишғол мекунанд. Забон, адабиёт, таърих, сарчашмаҳои хаттӣ, ёдгориҳои таърих, барномаҳои радио, телевизион, маводи компютерӣ, шабакаҳои интернетӣ ва васоити ахбори умум дар тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон нақши асосӣ доранд.

Муҳаққиқони ҷавон ба рисолати таърихии халқи худ ва имрўзи дурахшони он шукргузорӣ карда, дастовардҳои беназирро аз кўшишу ғайрат, садоқату мардонагӣ, поктинатӣ, ватандўстиву меҳанпарастии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешуморанд. Дар ҳақиқат ҳам Пешвои миллат наҷотбахши воқеиву ростини халқу Ватани худ ҳастанд. Бо иродаву ҳамзабонӣ Ваҳдати миллиро миёни халқи тоҷик ва ҷавонон таҳким бахшида, барои сарҷамъии мардуми тоҷик хизматҳои беназир доранд ва ҷавонон ифтихори чунин Сарвари ваҳдатофару маърифатпарвар ва фидоии миллат ҳастанд.

Падидаи дастгирии ташаббусҳои Пешвои миллат, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аст, аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерўи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Воқеан, аз баракати Истиқлолияти давлатӣ имрўз ҷаҳонбинии ҷавонон куллан тайғир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ, иштироки онҳо дар корҳои давлату ҷамъият зиёд шудааст.

Ҷавонон барои ободии Ватан, рушду нумўи иқтисодӣ, суботу оромии кишвар ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон сидқан хизмат менамоянд. Имрўзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷавонон-номзадҳои илм, аспирантон, магистрантон ба фаъолияти илмию тадқиқотӣ машғул мебошанд.

Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати мамлакат ҳамасола конфронси илмӣ – назариявии олимони ҷавони вилоятҳо дар сатҳи баланд доир гардида, беҳтарин мақолаҳои олимони ҷавон гирд оварда шуда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба нашр расонида мешаванд, ки ин дастгирӣ олимони ҷавонро пайваста барои ҷустуҷўҳои нав ба нави илмӣ водор месозад.

Тавре маълум аст, мутобиқи Фармони Президенти мамлакат идрорпулии президентӣ барои ҷавонони болаёқат таъсис дода шуда, теъдоди сазоворгаштагони он марҳала ба марҳала зиёд мегардад. Теъдоди зиёди гирандагони идрорпулиҳои президентӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, шаҳодати таваҷҷўҳи хосаи ҳукумат ва Сарвари давлат ба ҷавонони соҳибистеъдод гардидааст. Хушбахтона, ҳамасола дар қатори дигар ҷавонони мамлакат хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд ба гирифтани идрорпулии президентӣ мушарраф мегарданд.

Бо мақсади ҳавасмандии моддиву маънавии донишҷўёну магистрантон ва аспирантон стипендияи Раиси вилоят низ таъсис дода шудааст.

Сарвари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон, аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббуси созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Имрўз, ҷавонон ҳастии хешро баҳри ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон ва халқи азизамон мебахшанд. Ҷавонон пайваста кўшиш менамоянд, ки қуллаҳои баланди илмро фатҳ намуда, вориси ҳақиқии ниёгони хеш гарданд. Вазифаҳо, дастуру супоришҳоеро, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон дода мешаванд, бо тамоми ҳастӣ ва сарбаландона иҷро намоянд.

Ҳ.Бобоев,
С.Мамадов,
дотсентони кафедраи
андоз ва андозбандии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh