Инъикосгари ҳақгўи иҷлосия

Солҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар, яъне аввали солҳои навадуми асри гузашта, ки дар мамлакатамон ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқўъ пайваст, на ҳар аъзои ҷомеа мавқеи худро дар ҳамон рўзҳо мушаххасу аниқ карда метавонист.

Дар чунин рўзҳо ва лаҳзаҳои ҳассос маҳз рўзнома, ки аз азал рисолаташ ба ҳам овардану муттаҳид гардонидани оммаи халқ, ба мардум расонидани афкори солим аст, метавонист роҳи росту дурустро нишон диҳад. Дар ҳамин рўзҳои душвори ба сари халқи кишварамон омада ҳайати эҷодии нашрияи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ба вазъияти кишвар баҳои дуруст дода, дарҳол мавқеи худро аниқ кард. Дар он солҳо ба ҳайати эҷодии рўзнома Файзулло Атохоҷаев, ки аз охири солҳои шастуми асри гузашта тақдирашро ба кори газета бахшидаву пас аз хатми шўъбаи ҷурналистикаи Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд ҳамчун сиёсатмадори комил сабзида расида буд, сарварӣ мекард. Дар он рўзҳо мўҳтавои маводи рўзнома дар рўҳияи сафарбар намудани мардум ба меҳнати бунёдкорона, дастгирии аҳолии минтақаҳои вазъияташон муташанниҷ равона карда мешуд. Дар аввалин рўзҳои баргузории Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз ҷониби роҳбарияти идораи рўзнома ҳайати бонуфузи ҷурналистони парлумонӣ ба инъикоси рафти иҷлосия сафарбар карда шуданд, то ки мардум ба ҳар як ҷузъиёти он огоҳ бошанд. Мухбирони парлумонӣ Ҳасанбой Шарифов, Ҳадиятилло Тўйчизода, Шарифҷон Мамадҷонов, Исроилҷон Рабиев (рўҳашон шод бошад!), Fафури Нарзулло, Мазбут Воҳидов бо сарварии Файзулло Атохоҷаев ҳама фардони аз ҷиҳати сиёсӣ комил буданд. Он рўзҳо, ки телевизиони мамлакат ба ҷуз эълони рўихати гурезагони иҷборӣ барномаи дигареро пахш намекард, маводи рўзнома барои мардум ҳамчун роҳнамо, роҳбалад дар интихоби роҳу мавқеи дуруст буданд. Рўзнома бо маводҳояш эътиқоди мардумро ба сохти конститутсионии давлат мустаҳкамтар мегардонд. Ақидаву андешаи солим кадом асту афкори хато кадом, рўшан мекард. Ин ғояҳо аз номи сиёсатмадорони дар ақида устувор, инсонҳои дар имтиҳоноти рўзгор санҷидашуда ва ба эътимоду боварии халқ сазоворгардида дар рўзнома инъикос меёфтанд. Ҳамин буд, ки Раиси дар Иҷлосияи ХVI интихобшудаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рўзҳои нахустини ба фаъолият шурўъ кардани худ бо ҳайати эҷодии нашрияи вилоятӣ мулоқот оростанд. Ин нишонаи эътирофи роҳу мавқеи рўзнома, нишонаи эътимод ба нашрияи Ҳукумати вилоят буд.

Аслан ҷурналисти асил бояд сиёсатмадор бошад, ба вазъи замона хуб сарфаҳм равад, мавқеи худро ҳамчун тарғибгари сиёсати давлат донад. Сиёсатмадорони бузургтарини олам - Маркс, Энгелс, Ленин, Бобоҷон Fафуров ва бисёр дигарон ҷурналист буданд.

Ана дар ҳамин рўзҳои ҳалкунандаи тақдири мамлакат, ба андешаи ман нақши сармуҳаррири рўзномаи вилоятӣ, ки мавқеи худро, рисолати рўзномаро аниқ идрок мекард, дар инъикоси воқеъбинона ва то ба ҳар сокини вилоят ва кишвар расонидани афкори солим, ҳуҷҷатҳои Иҷлосия, муҳимияти баргузории он хеле шоиста аст.

Зикри он ҷоиз аст, ки ин фарди шариф бароям ҳаққи устодӣ ҳам дорад. Вақте ба даргоҳи мўътабари рўзнома қадам гузоштам, дар ин ҷо зумраи ҷурналистони оташсухану соҳибқалам фаъолият доштанд. ҳайати кормандони идора бештар аз ҳафтод нафарро ташкил медод ва сармуҳаррири рўзнома аз соли 1971 то соли 1985 Усмонҷон Тоҷибоев (рўҳашон шод бод) бо вуҷуди он, ки маълумоти олӣ доштам, маро ба вазифаи ҳуруфчин ба кор қабул карданд. Яъне, он замон ҳарчанд теъдоди ҷурналистон кам буд, дар интихоби рўзноманигори асил ҳаргиз шитоб намекарданд. Ин охири солҳои ҳафтодум буд. Файзулло Атохоҷаев ҳамчун мудири шўъбаи кишоварзӣ маводи ба шўъбааш воридшудаи меҳнаткашонро дода, мегуфт, ки якбора бо таҳрир чоп кунам. Яъне ба ман малакаи таҳрир намуданро меомўзонид. Дар ҳамин вақтҳо пай мебурдам, зодаи ноҳияи Бобоҷон Fафуров, ки мебошад, баҳри пурраву ҳамаҷониба инъикос намудани фаъолияти ҳар як хоҷагӣ он вақт вилоятамон асосан ба самти аграрӣ буду кори соҳа домани фарох дошт, ҳар як хоҷагидор, сарвари бригада, обмон, каландзан, чорводор, даҳмарда мекўшид дар кору пайкор пешсаф бошад ва дар ҳар шумораи рўзнома, ки он вақт ҳафтае панҷ маротиба интишор мегашт, маводе ё очерки хондание аз ҳаёти ноҳия, албатта буд. Ба назарам, ягон ноҳия аз назари он кас дур намонда буд. Яъне, кору азму субот ва заҳмати сокинони ноҳияро, асосан аз ҷиҳати мусбат дар пеши назари хонанда ҷилвагар мегардонд. Ин аст, ки дар қаламрави ноҳия ҳама эҳтиромаш мекарданд.

Боз як хислати неки ин шахс буд, ки дуои волидон гирифтааст. Чун бо аҳли оила дар шаҳр истиқомат дошт, зуд-зуд аз ҳоли волидонаш хабар гирифта меистод ва субҳи барвақт, аз деҳа албатта, бо ду нони гарму се-чор сар ангур ё ягон меваи дигар ба ҷои кор меомад.

Давоми солҳои сарвариаш, ки ба солҳои аз ҷиҳати сиёсиву иҷтимоӣ душвори мамлакат рост омад, баҳри таъминоти рўзгори кормандон доимо ғамхорӣ мекард, то ки мо дар он рўзҳо азият накашем.

Газетачии асил ҳаст, ки барориши рўзномаро бо тамоми ҷузъиёташ ба таври аъло медонад. Солҳои шўравӣ газета нозукиҳои худро дошт: нахуст тарҳи саҳифа тартиб дода мешуд, мавод аз рўи ҷадвали рубрикаҳо омода мегардиданд, як мавод аз назари чанд нафари масъул мегузашт (яъне мавод мебоист тарбиявӣ бошад, тарзи солими ҳаётро тарғиб кунад). Дар давоми ҳар як мавсими сол бошад, ҳафта ба ҳафтаву моҳ ба моҳ соҳаи кишоварзӣ мавзўоти инъикоси хоси худро дошт. Аз ҷумла, дар мавсими киштукори чигит аз лаҳзаву рўзҳои нахустини чигитпартоӣ то дубаргаву себарга шудан, гулу шона бастан, сарчинӣ, нармкунии зери ниҳолҳо, обмонии вегетативӣ, ғунучин, ба корхонаҳои коркард кашонидан ҳар як раванди ҷараёни ҳосилрасониву ҷамъоварӣ инъикос меёфт. Ва се нафар корманди шўъбаи кишоварзӣ - Ф. Атохоҷаев, зиндаёд Исмоилхон Бобоҷонову Карим Солеҳзода соҳаро монанди панҷ панҷаи худ омўхтаву медонистанд. Ва шояд ҳамин замина гашт, ки ба ҳайси мухбир ба фаъолият шурўъ карда, беш аз бист сол дар вазифаи мудири шўъбаи кишоварзии рўзнома фаъолият доштам...

Дар кадом вазифае фаъолият барад, хоҳ мухбир, ҷонишини котиби масъул, котиби масъул, хоҳ мудири шўъба, муовини сармуҳаррир ё сармуҳаррир, барои нашри рўзнома чун шахси масъултарини идора муносибат мекунад. Одате дорад, ки аз ҳама ҳамкорон дертар аз кор меравад. Пеш аз рафтан ҳар саҳифаи рўзнома ва ҳар сарлавҳаро дигарбора аз назар мегузаронад.

Имрўз, дар ин замони ҳассос низ содиқ ба сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат аст, баҳри тарғиби афкори солим дар ҷомеа, барои ба мардум талқин намудани роҳи дуруст, ғояву моҳияти аслии Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ бо дили софу нерўи хос заҳмат мекашад.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh