Ҳастӣ ва бақои миллат

Ба Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол пур шуд. Гарчанде дар назди таърих ин фурсат начандон тўлонист, кишвари азизамон ба таври шинохтанашаванда пеш рафта, гул-гул шукуфт. Беш аз 200 мамолики сайёра онро шинохта, ҳамкории судмандро оғоз ва тоҷиконро чун халқи тамаддунофар, дорои фарҳанги бой ва меҳнатқарин шинохтанд. Ин муаррифӣ ба оламиён тавассути кўшишҳои беамсоли фарзанди сарсупурдаи миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро насиб гардид.

Бисту шаш сол муқаддам-санаи мубораки 9-уми сентябри соли 1991 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияро дар бораи Истиқлолияти давлатӣ қабул намуд. Ваҳдат, фарҳанги сулҳ, созандагиву бунёдкорӣ мўҳтавои зиндагӣ ва маънии ҳаёти тоҷикон гардид. Лек, мутаассифона, пайроҳаи сулҳу истиқрори миллат суфтаву ҳамвор набуд. Тавассути кўшишҳои як идда душманони миллат, сияҳкорон ҷанги хунини шаҳрвандӣ ба сари мардум ғаму кулфати зиёдеро ба бор оварду боиси гуреза шудани мардум гашт ва ашкҳоро ба хун табдил дод. Ақлу заковат, хиради волои азалӣ пеши роҳи ҳалокати миллиро гирифт. Санаи 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон имзо гардид ва дар таърих чун Рўзи Ваҳдати миллӣ номнавис гашт. Тоҷикистонро чун аъзои комилҳуқуқи СММ хуш пазируфтанд ва аъзои фахриву соҳибманзалати он гардида, муносибатҳои дўстонаро ба роҳ монд. Тоҷикон давлати худро аз нав эҳё намуданд. «Ман ба Шумо сулҳ меоварам» - ваъда дода буданд, сарвари тозаинтихоби кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба халқи кишвар ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Ҳоло таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омўзиш ва эҳтироми хосаи ҷаҳониён қарор дорад. Истиқлолияти кишвар ва сиёсати сулҳпарварона аз тарафи мамолики мутараққии дунё дастгирӣ ёфта, муносибати давлат ва шаҳрвандон дар асоси қонунҳои қабулгардида амалӣ гашта истодаанд. Аз ҷумла 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҳуқуқу озодиҳои инсон чун арзиши олӣ эътироф шуданд. Тағйироту иловаҳои воридшуда низ шаҳодат аз он медиҳанд, ки ҳадафҳои асосии давлат бунёди ҷомеаи озод, дунявӣ мебошад. Зина ба зина гузаронидани ислоҳоти судию ҳуқуқии кишвар, қабули қонунҳои ҷавобгўи талаботи замони муосир, тағйир додани сохторҳои судию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ворид шудани Тоҷикистон ба низоми нави ҳуқуқӣ дарак медиҳад. Дар бораи дастовардҳо дар ин самт сухан ронда, месазад таъкид бар он намоем, ки маҳз бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қонуни авф борҳо қабул шуда, чун санади башардўстона аз ба амал баровардани адолати судӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дарак медиҳад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодиҳои инсон, манфиати давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, адолатро ҳифз менамояд.

 Чун ин ҷо сухан дар бораи дастовардҳои 26-солаи Истиқлолияти миллӣ меравад, месазад аз ҷиҳати ободонӣ, созандагӣ сари ҳар қадам дар тамоми гўшаву канори Тоҷикистони азиз ҳарф зада, бо алоҳидагӣ зикри пойтахти азизамон – Душанбе, Хуҷанд, шаҳру навоҳии вилояти Суғд, Бадахшону Хатлон намоем, ки ба куллӣ дигаргун гаштаанд.

Аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, сохтмони НБО-и «Роғун»-ро идома бахшидан, тавассути нақби Анзоб Шимолро бо Ҷануб пайвастан, бунёди кўпрукҳо, иқдомҳо сўи Истиқлолияти энергетикии кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, инқилоби навин дар рушди маориф, компутеркунонии мактабҳо, дари худро боз кардани литсейҳо, коллеҷу мактабҳои ғайридавлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва миёнаи махсус, инқилоб дар соҳаи таъмин бо кадрҳои нави замони муосир, эътибор ба насли ҷавон чун ояндасози миллат, пешрафти тиб аз ҷумлаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолист. Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин боб зикр дошта буданд: «Итминони комил дорам, ки тамоми мардуми Тоҷикистон, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва бонангу номуси миллат бо дарки масъулияти ватандорӣ, ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва ободонии Ватани азизамонро қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии хеш ҳисобида, ба қадри соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа мерасанд, онро чун неъмати бебаҳо қадршиносӣ мекунанд, зиракии сиёсиро аз даст намедиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош менамоянд».

Ҳар як фарди бонангу номус бояд ба қадри сулҳу Ваҳдати миллӣ расида, баҳри ободии кишвар саҳмгузор бошад.

Раҳмон Ҷўрахон Қурбоналӣ,
муовини раиси Суди шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh