Фарҳанг ва истиқлоли миллӣ

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ,рӯй бар ин ганҷ неҳ

А.Рӯдакӣ

Бунёди ҷомеаи фарҳангӣ ҳамеша орзуву ормони инсонҳо буда шоистаи зикр ва таҳсин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози роҳбарии худ сиёсати солими фарҳангро пеш гирифтанд.Масалан, татбиқи фарҳанги сулҳ дар Тоҷикистони ҷангзада далели равшану гуфтаҳо маҳсуб меёбад.

Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки мо бояд фарҳангро на бо мафҳуми танги он, балки бо маънои томаш фарогир бошем. Яъне таҳти мафҳуми фарҳанг мо танҳо санъату  хизматрасонии фароғатиро дар назар  дошта бошем, зеро, бояд фарҳангро бо мафҳуми васеаш дар рӯзгори ҳаррӯзаи худ татбиқ намоем.

Маънои фарҳанг маҳдуд набуда, мо бояд дар ин ҷо чанд мафҳуми умдаи фарҳангро шарҳ диҳем. Дар луғатҳои маъруф фарҳанг ба маъноҳои дониш, адаб, илм, осори илмӣ ва адабии як қавм ё миллат, ҳамчунин ба маънои китоби луғат омадааст.

Мавриди зикр аст, ки   дар мамлакати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сиёсати оқилонаи иқтисодиро дар шароити бисёр ҳассос пеш гирифтанд ё худ фарҳанги баланди иқтисодиро манзури ҷомеа карданд. Танҳо як мисол кофист, ки тасдиқи гуфтаҳои боло бошад. Ин ба мардум тақсим кардани як миқдор замин (75 ҳазор га), ки ба истилоҳи ,,..заминҳои  президентӣ”ёд мешавад,  миллати моро дар авҷи бӯҳрони иқтисодӣ аз вартаи бенавоӣ наҷот бахшид. Дар натиҷаи ин иқдоми шоиста мушкилоти таъминоти мардум бо ғалла,равған,биринҷ ва дигар маҳсулоти талаботи ҳаррӯза ба дараҷае ҳалли худро ёфт. Оре, ин мисол далели равшани фарҳанги иқтисодӣ маҳсуб ёфта, аҳамияти таърихии онро имрӯз ҳаёт исбот кардааст.

Олими машҳури форсу  тоҷик Закариёи Розӣ дар фасли ,,Иқтибосу дарёфт ва масраф” дар китоби “Тибби рӯҳонӣ”-и худ роҷеъ ба фарҳанги иқтисодию иҷтимоӣ андешаҳои хеле арзишмандро иброз намуда, ӯ олимона иқрор мешавад, ки ,,Кӯшиши бисёри одамон барои таъмини зиндагии як нафар ва баръакс, кӯшиши як нафар барои зиндагии одамон зарурият пайдо мекунад”.

Дар замони истиқлолияти кишвар мо кӯшиши як нафар фарди сарсупурдаи миллат, ки пояҳои давлатдорӣ  ва ояндаи маҷудияти миллати тоҷикро аз нестӣ эмин дошта, ,,киштии белангару беҳадафи давлату миллат”- ро аз гирдоби фано саломат берун оварданд шоҳид шудем.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар ин радиф давлати мо яке аз давлати демократию дунявии ҳуқуқбунёд шинохта шудааст. Ифтихори миллӣ, ваҳдати миллӣ, шинохти арзишҳои  миллӣ баланд бардоштани манзалати инсон дар низоми ҷамъият, гиромидошти таърихи дирӯзу имрӯзи халқу миллат, тарбияи насли бомаърифат, ҳифзи суннату фазилатҳо, асолати миллӣ ва дигар аркони маънавиёт пойдеворе аст, ки бақои миллатро таҳким мебахшад. ҳукумати кунунии Тоҷикистон, ки фаъолияти худро ба шарофати Иҷлосияи наҷотбахши ҶVI шурӯъ кард, дар эҳёи фарҳанги маънавӣ, ё худ пеш бурдани сиёсати фарҳангӣ иқдоми шоиста гузошт.

Таҷлили як силсила чорабиниҳои фарҳангӣ бо қарори созмони бонуфузи байналхалқии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ватани моро ба ҷаҳониён ҳамчун гаҳвораи фарҳанги арзишманд муаррифӣ намудааст.

Ҷаҳониён эътимод ҳосил карданд , ки миллати тоҷик ворисони ҳақиқии Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Розиву Сино,  Форобию Берунӣ, Носири Хусраву Аттор, Мавлавию Саъдӣ, ҳофизу Камол, Ҷомию Бедил, Аҳмади Донишу Айнӣ, Турсунзодаву, Бобоҷон Ғафуров ва дигар ситораҳои илму адаб мебошад.

Бахусус, ҳаким Фирдавсии ватанпараст бо ,,Шоҳнома”-и безаволаш таърихи гузаштагони моро умри тоза бахшид.

Дӯстиву душманӣ, некию бадӣ , сулҳу ҷанг, ғамхорию истисмор, ҳимояю ғорат ва даҳҳо дигар падидаҳои ба ҳам муқобилро ҷавонон бо Шоҳкитоби Фирдавсӣ муқоиса мекунанд ва ҳамеша дар ҳимояи деҳаи худ, ноҳияи худ, шаҳру кишвари худ чун қаҳрамонони мусбати ,,Шоҳнома” кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ин суханони оташини ватанхоҳонаи ҳаким Фирдавсӣ тақвиятбахши ғурури баланди миллӣ маҳсуб меёбад. Чунончӣ :

Зи баҳру бару буму пайванди хеш,

Зану кӯдаки хурду фарзанди хеш.

Ҳама сарбасар ба куштан диҳем,

            Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Шодравон Лоиқи зиндаёд аз муҷдаи сулҳ шодӣ карда, ба ваҷд омада чунин гуфта буд:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Сулҳи деринтизори мо омад!

Қобили таваҷҷӯҳ  аст, ки имрӯз дар ҷаҳон аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон мамоликҳои ноором сабақ мегиранд. Мо ёдовар мешавем, ки Ваҳдат ва сиёсат яке аз рукунҳои тақдирсози миллат аст. Миллат ва давлате, ки дар он ваҳдат, ризоияти миллӣ тантана накунад, он миллат ба нестӣ ва давлат аз байн меравад.

Тавре ки  дар яке аз суханрониҳояшон Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз дошта буданд:- ,,Миллати тоҷик, миллати соҳибмаърифат ва дорои тамаддуни оламгир аст ва месазад, ки мову Шумо арзишҳои миллӣ, мероси фарҳангӣ, таърихи куҳанбунёд, илму адаб ва ҳунари волои онро ба хотири расидан ба қадри истиқлол, ҳуввияти миллӣ,  худшиносӣ, давлату давлатдории навин пайваста омӯзишу татбиқро талқин намоем”

Мо тоҷикону тоҷикистониён  бо Пешвои миллати худ ифтихор мекунем ва  дар ободии ватани азизи хеш саҳмгузор бошем, нагузорем, ки ин озодию оромӣ, ваҳдати сартосарии мо осебе бинад. Аз бадхоҳону душманони миллат бояд кишварамонро ҳифз намоем.

Ӯ. Умаралиева, сармутахассиси шӯъбаи
 тарбияи раёсати ДДХ ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Add comment


Security code
Refresh