Рисолати ватандорӣ хоси ҷавонон бошад!

Насли ҷавон нерўи бузурги ҳар як давлату ҷомеа ба шумор мераванд, зеро онҳо табақаи мустаҳакам ва пайвандгари наслҳо мебошанд.

Дар шароити муосири инкишофи давлати соҳибистиқлоламон ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хоса зоҳир менамояд.

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерўи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Дар суханрониҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда мешавад, ки аз бар кардани мероси илмию фарҳангии гузаштагон ба фаъолияти ҷавонон сабақ мебахшанд, пару боли муқтадир барои парвоз ато мекунанд. ҳамчунин, ба таври мушаххас мегўянд: Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро бояд тамоми ҷавонони мо бодиққат хонанд, гузашта ва имрўзаи халқи худро донанд, то ки ояндаро ба худ дуруст тасаввур намоянд. Онҳо бояд хабар дошта бошанд, ки Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров барин фарзандони сарсупурдаи миллатамон барои зинда кардани таърихи фарҳанги халқи худ бо чӣ азобҳо, туҳматҳо ва мушкилоти дигар рўбарў шуда буданд. Вале онҳо аз ҳеҷ чиз натарсиданд, зеро нангу номуси ватандориашон аз манфиатҳои шахсӣ ва маҳаллӣ хеле боло буд». Бо ибораи дигар бигўем, Президенти мамлакат ҳаёт ва осори илмию адабии Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуровро ба насли ҷавон ҳамчун дорулфунуни ватандорӣ, ифтихори миллӣ, давлатдорӣ, халқпарварӣ ва башардўстӣ тавсия мекунанд.

Б.Алимов,
дотсенти Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh