Оғози ҷаласаи 15-уми байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд

Санаи 14 сентябри соли 2017 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи 15-уми байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба бехатарии саноатӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуданд. Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим нахуст аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамакдам гуфта, изҳор дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон соҳаҳои хоҷагии халқ рушд намуда, барои ноил гардидан ба дастовардҳои бештар шароиту имкониятҳои зиёд фароҳам оварда шуд.

Дар ин росто ӯ аз бунёди як қатор иншооти муҳим дар соҳаи энергетика, саноат, соҳаи куҳкорӣ, нақбу роҳҳои мошингард, ки бевосита бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд, ёдоварӣ намуд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ рушди соҳаи саноатро дар вилояти Суғд назаррас арзёбӣ намуда, таъкид намуд, ки дар маҷмӯъ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар оянда ба 1 миллиард доллари ИМА расонида мешавад. Ҳоло дар вилояти Суғд якчанд корхонаҳои бузурги муштараки саноатӣ фаъолияти пурсамар доранд. Раиси вилояти Суғд илова намуд, ки меҳмонон дар доираи сафарашон ба вилояти Суғд тибқи барномаи корӣ аз корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангиву таърихӣ боздид намуда, худ шоҳиди пешравиҳои соҳаҳои мухталиф хоҳанд шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ соли 2002 созмон ёфтааст. Ҳадаф аз ташкил гардидани Шӯрои мазкур ин ҳалли масъалаҳои марбут ба бехатарии саноатӣ ва таъмини кафолати амнияти ҳаёт ва саломатии кормандоне, ки дар иншооти хатарнок кору фаъолият менамоянд, инчунин ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист аз садамаҳои техногенӣ бо назардошти истифодаи самараноки таҷриба ва илму техника мебошад.

Бояд қайд намуд, ки тӯли як сол Раёсати Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатиро Ҷумҳурии Қирғизистон  ба уҳда дошт. Дар ҷаласаи 15-ум бо қарори аъзои Шӯро Раёсати Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ ба уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.

Хотиррасон мешавем, ки ба ҳайтаи Шӯро ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Молдова, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Украина шомил мебошанд. Илова бар ин бо пешниҳоди кишварҳои аъзои Шӯрои мазкур дар ҷаласаи 15-ум намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон даъват шуда, иштирок намуданд, ки ин аз густариши ҳамкори миёни кишвари Ӯзбекистон бо кишварҳои аъзо гувоҳӣ медиҳад. Дар ҷаласа намояндагони кишвари аъзо аз тадбирҳои андешидашуда дар самти бехатарӣ дар соҳаи саноат, қонунгузориҳо ва санаду меъёрҳои танзимкунандаи соҳавӣ дар кишварҳои хеш изҳори назар намуданд.

Ҷаласаи 15-уми байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ давоми ду рӯз идома меёбад. Дар назар аст, ки дар ин ҷаласа як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи танзими бехатарии саноатӣ миёни Хадамоти федералӣ, экологӣ-техногенӣ ва назорати атомии Федератсияи Россия ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо мерасад.

Гуфта мешавад, ки баргузории чунин ҷаласаҳои байнидавлатӣ дар пешрафти кори соҳа ва ҷоннок намудани муносибатҳои миёни кишварҳои аъзо нақши бориз мегузорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh