Меҳвари рӯзгор

Баҳри ба мардум фаҳмонидани нуктаҳо ва моҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуруҳи вакилони парлумони мамлакат таҳти сарварии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва намояндагони дигар сохторҳо бо роҳбарии муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода тайи чанд рӯз бо сокинони шаҳри Панҷакенти бостонӣ вохӯриву мулоқотҳо доир намуданд.

Дар мулоқоти ҷамъбастӣ, ки дар толори Кохи фарҳанги шаҳр бо иштироки бештар аз панҷсад нафар сокинон аз ҳаҷдаҳ маҳаллаҳои шаҳр барпо гардид, вакилон ва намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба мардум нуктаҳои тағйироту иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридшударо фаҳмонида, дар бобати тарзи баргузор намудани маросими азодорӣ ва дигар маъракаҳоро шарҳ доданд. Ҳамчунин, дар ҷамъомад масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро, ба хондану донишандӯзӣ ҷалб намудани ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 Мулоқоту вохӯриҳо дар ҳамаи чаҳордаҳ Ҷамоатҳои деҳоти шаҳр, аз ҷумла Саразм, Сӯҷина, Шинг, Косатарош, Лоиқ Шералӣ, Вору, Амондара ва дигар ҷойҳо бо иштироки васеи сокинон баргузор гашта, мардум ворид гардидани тағйироту иловаҳоро ба қонуни танзим якдилона дастгирӣ намуданд.

Ба ҳайати гуруҳи корӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Абдуназар, Олим Салимзода, Абдуҳалим Fаффоров, ҳамчунин, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адибон шомил буданд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
 “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh