Раҳоӣ аз худнамоӣ

Дар маҷлисгоҳи САҲШ-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир ба шарҳи нуктаҳои муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот Маҳмадалӣ Ватанзода –ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода – муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, - вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Мавлуда Зайнӣ ва Ҷаббор Ахмедов, Шералӣ Ризоён - сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рустам Раҳматзода - муовини якуми Раиси вилоят ширкат варзиданд.

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ мулоқотро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода доир ба тағйироти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моҳияти он маълумоти муфассал дод.

Ӯ гуфт, ки ҳар яки мо бояд таблиғгари қонун бошем ва барои дуруст фаҳмонидан қонуни мазкур кӯшиш намоем.

Доир ба фаъолияти комиссияҳо Маҳмадалӣ Ватанзода изҳори нигаронӣ карда, иброз дошт, ки пеш аз ҳама дар қонун як қатор тағйиротҳое ворид карда шудааст, ки он ба салоҳияти комиссияҳои маҳаллӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ тааллуқ доранд. Имрӯз фаъолияти комиссияҳо мувофиқи матлаб нест. Чунки дар бисёр идораву ташкилотҳо комиссияҳо ба ном вуҷуд доранду халос. Сабаб он аст, ки дар қонуни амалкунанда салоҳияти комиссияҳо мушаххас нишон дода нашуда буд. Аз ин рӯ, онҳо намедонистанд, ки бо чӣ корҳо машғул шаванд. Дар моддаи 5-и қонуни мазкур ба таври мушаххас вазифаҳои асосии онҳо нишон дода шудааст.

Ҳамзамон, ӯ гуфт, ки маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешаванд.

Дар бобати маъракаи хонадоршавӣ афзуд, ки падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд, ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро баҳри беҳтар гардондани зиндагии навхонадорон сарф намоянд. Баъзе нафарон муқаррароти қонунгузориро доир ба оши тӯй нодуруст фаҳмидаанд, ки гӯё оши тӯй манъ шудааст. Ин ақида нодуруст аст ва баргузоршавии онро ба ихтиёри соҳибони маърака вогузор кардаанд.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh