Роҳ ба сӯи таҳаввулоти фарҳанги миллӣ

Дар шаҳри Истиқлол вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода Иноят, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ, корманди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмон Мансурӣ, корманди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидасрор Саидов ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдуманнон Дадобойзода бо сокинон баргузор гардид.

Мулоқоти мазкур дар маҳаллаҳои Табошари кӯҳна, Меҳнатобод, дар толори Литсейи касбӣ - техникӣ ва Қасри фарҳанги шаҳр баҳри фаҳмонидани тағйиру иловаҳои воридгардида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардид.

Нахуст Оқилзода Нурулло Иноят оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолият, рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ ва рушди соҳоти мухталифи хоҷагии халқи кишвар давоми солҳои соҳибихтиёрӣ суханронӣ намуд. Инчунин, оид ба тағйиру иловаҳо, ки ба Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид гардидаанд, муфассал суханронӣ намуда, аз сокинон даъват ба амал овард, ки бояд дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиддӣ ба роҳ монанд.

Намояндагони касбу кори мухталиф аз саривақтӣ будани ин тағйиру иловаҳо баҳри пешгирии исрофкориву зиёдаравӣ, манъи ташкили баъзе маъракаҳои исрофталаб суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, оид ба тағйиру иловаҳо, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти танзими ҳаракат дар роҳ ва дигар уҳдадориҳо ворид гардидаанд, ҳарф заданд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
 “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh