Мубориза бо терроризм -тақозои зиндагӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш қайд намуданд, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Оқибати терроризм яке аз муаммои хатарноке мебошад, ки бо он ҷаҳони муосир рўбарў гаштааст. Ин зуҳурот ба инкишофи ҷамъият ва давлатҳо монеъгӣ ба бор овардааст. Воқеияти замони имрўз он ҳолате мебошад, ки терроризм пеш аз ҳама хатари зиёд ба амнияти давлатҳо дорад, оқибат он зарари иқтисодиву сиёсӣ ва равонӣ ба бар меорад.

Ташвиши ҷомеаи ҷаҳон аз афзудани амалиётҳои террористӣ, зиёд гардидани қурбониён, махсусан, кўдакону пиронсолон ва дигар шахсон, инчунин, зарарҳои калони моддӣ расонидашуда арзёбӣ мешавад.

 Мақсади терроризм ба халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ равона шудааст.

Fояи таҷовузкорона ҳамчун ғояи терроризм аз маҷмўи ақида ва шиорҳое, ки асоси фаъолияти террористиро ташкил медиҳанд, иборат буда, мақсади он ҷалб намудани одамон ба фаъолияти террористӣ мебошад.

Дар айни замон террористон барои амалӣ гардонидани ғояҳои худ аз афзалиятҳои ғояҳои исломӣ истифода намуда, ташвиқу тарғиби барномарезишудаи худсохтро ба мақсадҳои ғаразнокашон истифода менамоянд. ҳол он, ки дини мубини Ислом хостори ваҳдату тафоҳум ва сулҳу субот буда, ба ҳеҷ ваҷҳ хушунат ва ҷангу кушторро қабул надорад.

Омилҳои ташаккулдиҳандаи гуруҳҳои ифротгароии муосир, пеш аз ҳама ин набудани саводу маърифати дурусти динӣ, фаҳмиши радикалию хушунатомези меъёрҳои дин, истифода аз мушкилоти иҷтимоӣ ва ихтилофҳои фикрии ҷомеаҳои мусулмоннишин арзёбӣ мешавад.

Чунин гуруҳҳои ташкилёфта ҳамчун силоҳи муборизаи геополитикӣ ва ҳамчун нерўи тахрибгари сиёсӣ-низомӣ барои давлатҳо, миллатҳо, фарҳангҳо, тамаддунҳо, арзишҳо ва инсонҳо хатари ҷиддии ҳаётӣ пеш меоваранд. Пас мубориза бо ин «вабои аср» барои давлатҳо, миллатҳо, фарҳангҳо, тамаддунҳо, арзишҳо ва инсонҳо мубориза барои ҳаёт мебошад.

А. ИНОЯТОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh