Гурӯҳҳои ифротгаро ва таъсири он ба амнияти Тоҷикистон

Сарвари давлат, Президенти Тоҷикистон дар шўрои Маҷлиси Миллӣ даъвати панҷум баромад намуда, диққати аҳли ҷамъиятро барои мубориза бар зидди хатари гурӯҳҳои ифротгаро ва ҷоннок гаштани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ҷалб намуд.

Чанд омилҳое ҳастанд, ки барои пайдоиши  чунин гароишҳо замина ба вуҷуд овардаанд. Яке аз омили ин гуна инҳироф паст шудани сатҳи зиндагии мардум бар асари буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва кам будани ҷои корӣ мебошад. Дигар омиле, ки ба ин раванд таъсир мегузорад, фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар тўли фаъолияти он аст, ки бо сиёсату идеологияи давлатдорӣ дахолат намуда, демократияи моро таҳриф ва дар зимни ин идеологияи худро тарғибу ташвиқ менамояд. Имрўз дар масҷидҳо як навъ афкори исломгароӣ тақвият гирифта, ҳиҷоб ва таассуби динӣ рў ба афзоиш аст.

Зимнан, тазаккур бояд дод, ки ташкилотҳои ифротгарои байналмилалии исломии «Толибон», «Ҳамос», «Давлати исломӣ» ба ин руҳияи мардум, хоса ҷавонон таъсир гузошта, ҷомеаи моро боз ҳам ҳассос менамоянд. Дар байни  гурӯҳҳои ифротгаро  «Ҷамоати Ансорулло», ки намояндаи ташкилоти байналмилалии «Ал-Қоида» дар Тоҷикистон аст, фаъол гардидааст. Ин гурӯҳ бо «Толибон» дар  Афғонистон ва равияи «Такфир»-и Покистон ҳамкорӣ дорад. Суди Олии Тоҷикистон соли 2012 «Ҷамоати Ансорулло»-ро  ташкилоти маъкардашуда эълон намуд. Аммо бо вуҷуди ин, дар назар доштан зарур аст, ки ин гурӯҳ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ ором намебошанд ва дар ҷалби тоҷикону Тоҷикистон ба кашмакашҳои мамолики исломӣ, минтақаи Осиё ва арсаи ҷаҳон пайваста дар кўшишанд.

Дар  чунин марҳилаи ҳассосе, ки мо қарор дорем, гароиши ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротгаро аз масоили доғи рўз буда, Сарвари давлат ва ҳукумати Тоҷикистон изҳори нигаронӣ аз паҳншавии ин падидаи хатарнок намуда, даъват ба амал оварда истодаанд, ки пеши ин роҳи номатлуб гирифта шавад. Ҷавонони мо бояд хуб дарк намоянд, ки роҳи тараққиёти ояндаи давлати мо дар  дасти мост.  Пас, биёед, ҷавонони Тоҷикистон,  бояд нисбати тақдири Ватан ва ояндаи худ саҳлангору бепарво набошем, пеши роҳи хатари нооромӣ ва парокандагиро бигирем!  Аз воқеоти Ироқ, Сурия, Яман, Шарқи Наздик барои худ хулоса барорем, бошуурии сиёсии худро нишон дода, нагузорем, ки ба эҳсосот дода шуда, Тоҷикистон ба коми ҷангу хунрезӣ кашида шавад ва дар дасти давлатҳои абарқудрат, ва гурӯҳҳои ифротгаро бозича гардад.  

Меҳринисо Очилова,
дотсенти кафедраи забонҳои форсӣ ва хитоӣ,
факултети Забонҳои шарқ, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh