Ҳадаф — баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ

Сафари гуруҳи корӣ - намояндагони ҷумҳурӣ ва вилоят баҳри фаҳмонидани тағйиротҳои воридшуда ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт идома дорад.

Вохўрӣ дар Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови маркази ноҳия баргузор гардид.

Дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода ва дигарон иштирок намуданд.

Раиси ноҳия Зариф Мирдадо дарки нуктаҳои қонуни мазкурро муҳим арзёбӣ намуд. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуданд. Лоиҳа чанде қабл баъди баррасӣ аз ҷониби мақомоти қонунгузории кишвар ҳукми расмӣ гирифт.

Дар доираи оила ва бидуни хизматрасонии санъаткорон гузаронидани хатна, то 20-рўзагии кўдак дар беморхона тариқи ройгон хатна кардани кўдаки навзод, манъи ҳамаи маъракаҳо вобаста ба тавлиди кўдак, бидуни забҳи чорво ва додани таом доир намудани маъракаҳои дафну азодорӣ бозгў шуданд.

Қайд гардид, ки барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷавобгарии шахсони мансабдор ва ашхоси ҳуқуқӣ пурзўр карда шудааст. Андозаи ҷарима нисбат ба шахсони мансабдор аз 12500 то 25 ҳазор сомонӣ, барои соҳибкорони инфиродӣ ва ходимони дин бошад, 35 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Тағйироте, ки ба моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, баҳри пурзўр намудани ҷазо нисбат ба шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ нақлиётро идора намудаанд ва ё қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардаанд, равона гардидааст.

Ҳадафи асосии тағйиротҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешгирии сарфи зиёдатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст.

Т.МИСРОБӢ,
ноҳияи Ашт

Add comment


Security code
Refresh