Ҷонибдорӣ аз қонуни танзим

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи тағйиротҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Конибодом низ вохўриҳои намояндагони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон ва интихобкунандагон баргузор гардида истодааст. Аз ҷумла, чунин мулоқот дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Эргаш Шарифов, Раҷаб ҳамробоев ва Ғафурҷон Ортиқов баргузор шуд.

Дар мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Достиев ва Равшан Раҷабов, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода иштирок намуданд.

 Ҳайати гуруҳи корӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози назар намуда, ишора карданд, ки нақши қонуни мазкур дар раванди паст кардани сатҳи камбизоатӣ басо назаррас маҳсуб меёбад. Ҳар як банду нишондодҳои қонун дар алоҳидагӣ шарҳ ва равшанӣ андохта шуд.

Дар интиҳо сокинони шаҳр ҷонибдории хешро аз тағйиру иловаҳо ба қонуни миллӣ иброз дошта, зикр намуданд, ки саҳми хешро дар татбиқи муваффақонаи ин санади муҳим хоҳанд гузошт.

Парвина АБДУЛЛОЕВА,
шаҳри Конибодом

Add comment


Security code
Refresh