Кӣ ӯро дастгирӣ мекунад?

Тибқи ВАО маълум гардид, ки санаи 12 сентябри соли ҷорӣ роҳбари ҳизби мамнуъ ва террористии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, дар конфронси САҲА иштирок ва суханронӣ намудааст.

Дар суханронии худ роҳбари ҳизби террористии ҲИТ Муҳиддин Кабирӣ алайҳи сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуда, худро ҳамчун шахси адолатхоҳ нишон додааст. Дар суханрониаш Кабирӣ иброз доштааст, ки гуё имрўз маҳбусони сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба 200 нафар расидаанд. Дар асл ин наҳзатиҳои маҳбус ва худи Муҳиддин Кабирӣ ашхоси сиёсӣ набуда, балки ҷинояткор, террорист ва душмани ин халқу миллат мебошанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон воқеаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузаштаро хуб дар хотир доранд.  Саркардаи ин ҷанги хонумонсўзи бародаркуш аъзоёни ҲНИТ мебошанд, ки имрўз дар назди хоҷагони хориҷии худ аз «адолат»  сухан меронанд.

Онҳо орзу мекарданд, ки мардуми Аврупо онҳоро дастгирӣ кунанд. Кас ҳайрон мешавад, ки бо қадом ақлу фаросат чунин андеша меронанд? Ин мардуми ҷоҳили ифротӣ магар идроки онро надоранд, ки аврупоиён аз шумо ва арзишҳои мазҳабиатон дар гурезанд. То кай ба умеди созмонҳои аврупоии ҳуқуқи башар шуда, мардуми ҷаҳонро мефиребед?

Аз рӯзи дуюми ин конфронс маълум шуд, ки дигар наҳзатиҳо ва арзишҳои онҳо барои мардум ва ташкилотҳои хориҷӣ муҳим нестанд, зеро мақсаду арзишҳои эшон дар бештарин ҳолат мухолифи фарҳангу маънавиёти инсонианд.

Ин суханрониҳои Кабирӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки  имзои Созишномаи истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби Пешвои муаззами Миллат ва роҳбари мухолифин ханӯз санаи 27-уми июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Россия - шаҳри Москва ба имзо расида буд. Онҳо бо аҳдшиканӣ ва маслиҳати хоҷагони хориҷӣ мехостанд фазои орому осудаи мамлакатро, ки бо ҷонбозиҳои бемислу монанди Пешвои муаззам, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ноором созанд. Воқеаи душмани миллати тоҷик, аъзои фаъоли ҲНИТ Назарзода ҳалими Мирзо (ҳоҷӣ ҳалим), ки бевосита бо супориши Муҳиддин Кабирӣ бо як амали террористӣ мехост фазои осудаи мамлакатро ноором гардонад. Инчунин роҳбари ҳизби террористӣ Муҳиддин Кабирӣ дар баромадаш сабаби таваҷҷуҳи ками ҷомеаи байналмилалӣ ба мушкилоти сиёсии Тоҷикистонро ба сахт андармон будани ҷаҳон бо нуқоти доғе, ба мисли Сурияву Ховари Миёна, Украина ва Мянма қайд карда гуфтааст, ки мушкилоти Тоҷикистон дар қиёс бо ин нуқоти доғ барои ҷаҳон зиёд муҳим наменамояд. Албатта Кабирӣ ин ҷо дуруст дарк кардааст, ки наҳзатиҳо ва ҳамсафонашон бо чунин нияту арзишҳои ғализе барои на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки умуман барои инсоният нодаркоранд. Беҳтар он аст, ки Кабирӣ дар  конфронсҳо рафтану масъалаҳои шахсиву тиҷоратии худро бо сиёсат омехта кардан ва ба мардуми олам бегуноҳ нишон додани худро қатъ карданд, зеро мардуми дунё кӣ будану ба чӣ кор машғул шудани ҲНИТ ва ҳаммаслаконашонро хуб медонанд.

Кабирӣ шояд хуб донад, ки дар замони кунунӣ он касоне, ки дар кишварҳои арабии Сурия, Ироқ, Яман, Лубнон, ҳатто дар кишвари Афғонистон ба қатли мардуми осоишта машғул гашта, амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд ва боз иддао мекунанд, ки адлу адолатпешагӣ дар ин кишварҳо вуҷуд надорад, пайравони хаворич ҳастанд. Яке аз онҳо дар Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва пайравон (наҳзатиҳо)-и ӯ мебошанд.

Ман боварии комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба  ин фитнангезиҳои Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони он ҳеҷ гоҳ дода намешаванд ва нақшаҳои террористие, ки аз ҷониби ҲНИТ барои ғасби ҳокимият матраҳ гардида буд, фаромуш намекунанд 

Бояд гуфт, ки ин тоифаи хавориҷ ба Паёмбар (с) туҳмати беадолатӣ зада, ба асҳоби ӯ қатлу хунрезиро раво дидаанд. Пас чи гуна мумкин аст, чунин тоифа адолату садоқатро ба Пешвои Миллат раво бинанд.

Х.Исмоилов,
мутахассиси шуъбаи
кор бо ҷавонон

Add comment


Security code
Refresh