Бедору ҳушёру зирак бошем!

Имрўз Тоҷикистон дар роҳи ободониву созандагӣ, бунёдкориву офарандагӣ устуворона қадам ниҳода, дар таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як сокини кишвар кўшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст.

Мардум сиёсати хирадмандона ва ботадбиронаи сарвари хеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо дилу ҷон пазируфта, аз доштани чунин роҳбар ифтихор мекунанд. Сохтмонҳои бонуфузи нақбу ГЭС, роҳҳову марказҳои фарҳанги-фароғатӣ, корхонаву муассисаҳо дар дили шаҳрвандони Тоҷикистон муҳаббатро ба сарвари хирадманду ҳалимаш афзун гардонид. Ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо аксари мамолики олам, ки барои сокинони Тоҷикистон дар густариши соҳаи тиҷорат, санъату фарҳанг, варзишу ҳунармандӣ, тиббу сайёҳӣ, хусусан дар ташаккули таълиму тадрис ва мубодилаи таҷрибаҳо имконияти васеъро фароҳам меоварад, тақвиятгари гуфтаҳои болост.

Баъди расидан ба 20 солагии Ваҳдати миллӣ, 20 соли созандагиву бунёдкорӣ аз нав ба иғво андохтани мардум, ташкили ҳамоиш бо ба ҳам овардани рақибону бадхоҳону хоинони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвои руйирости ваҳдатшиканонаву ҷангҷўёнаи аъзоёни ҳизби террористии ҲНИТ-ро ифода мекунад. ҳадафҳои хунрезиву харобиовар доштани ҲНИТ имрӯз ошкор гардидааст, бинобар ин мардум набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳанд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мардум бояд бедор, ҳушёру зирак бошанд ва ба доми хоинону бадхоҳони Ватани азизамон наафтанд.

Нигора Ҷӯраева, 
Зилола Комилова, 
омӯзгорони кафедраи
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

Add comment


Security code
Refresh