Бо терроризм мубориза бояд бурд

Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст, проблемаи терроризму экстремизм аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба чунин проблемаҳо бетараф буда наметавонад. Бахусус, дар шароите, ки кишвари ҳаммарз ва ҳамфарҳанги мо - Афғонистон дар ҳоли муташанниҷу бесуботӣ қарор дорад, ҷомеаи Тоҷикистонро ин вазъият дучанд нигарон мекунад.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба тавсеа ёфтани терроризм, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи гурўҳҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Ширкати баъзе ҷавонони ноогоҳ дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи Сурия маҳз бо тарғиб ва ташвиқи ҳамин хоинони ҷинояткор сурат гирифтааст. Агарчи фаъолияташон бо қарори Суди Олии кишвар манъ шудааст, пайравонаш аз беруни кишвар бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ба оромиву суботи кишвар халал ворид созанд. Аммо онҳо дар хотир дошта бошанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар фирефтаи ақидаҳои тундгароёна нахоҳанд шуд. Барои мардуми тоҷик оромиву суботи кишвар, манфиатҳои давлату миллат арзишҳои  ивазнашавандаанд.

Мушкилоти аслӣ он аст, ки доираи хатари ин гуна зуҳуроти сангини давр рӯз аз рӯз васеъ гардида, доираи фаъолияти чунин гурӯҳҳо сатҳи ҷаҳонро фаро гирифта истодааст. Барои мисол, гурӯҳи террористии ба ном Давлати исломӣ аз рӯйи маълумоти “РИА Новости” зиёда аз 200 ҳазор нафар аъзо дошта, намояндагони он қариб дар аксари кишварҳои олам фаъолияти пинҳонкорона мебаранд. Вале аксари аъзои он дар кишварҳои исломӣ, мисли Сурия ва Ироқ барои ба даст овардани ҳокимият мубориза бурда, ба кирдорҳои зишт даст мезананд.

Ҷомеаи моро зарур меояд, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи он дастаҷамъона фаъолият барем ва барои ҳифз кардани амнияти миллӣ саъю талош намоем.

Масъулиятнокӣ дар ҳифзи муқаддасоти Ватан – марзу бум, амният, зиракии сиёсӣ ва монанди ин ҷиҳати мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

М. Fайбуллоева,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи
академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh