Беарзишии Кабирӣ дар ҳузури ҷомеаи ҷаҳонӣ

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ 12 сентябри соли 2017 роҳбари ҳизби мамнуъ ва террористии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, дар конфронси САҲА иштирок ва суханронӣ кардааст.

Дар ин конфронс Кабириро вакили дифоъ аз Россия Дагир Хасавов, хабарнигори муқими Аврупо Темур Қличев ва Алим Шерзамонов ҳамроҳӣ ва ва суханронӣ низ кардаанд. Стив Свердлов аз созмони Human Rights Watch ва як қазоқистонӣ низ иштирок намудаанд.

Аз хабарҳо бармеояд, ки Кабирӣ муболиға карда, шумораи маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистонро 200 нафар гуфтааст. ҳол он ки наҳзатиҳои маҳбус на ашхоси сиёсӣ, балки террористу ҷинояткоранд. Барои ҳамаи инсонҳои солимақл кайҳо маълум аст, ки дар ҳама конфронсу нишастҳои созмонҳои байналмилалӣ наҳзатиҳо худ ва ҳамфикронашро таблиғу тарғиб ва ҳукуматро туҳмат менамоянд. То кай ин дурӯғпароканӣ идома меёбад, ба иродаву таҳаммули мардуми кишвар вобаста аст.

Аз навишти сомонаи хабарии Аkhbor.com бармеояд, ки бар хилофи эълонҳои пурсарусадои қабл аз ин нишаст, ки мегуфтанд, ҲНИТ дар Варшава маълумоти сенсатсиониеро дар бораи маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон ифшо хоҳад кард, кадом иттилои наву хеле баланде дар ин нишаст аз тарафи наҳзатиҳо садо надод. Ба ҷуз ин ки, ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, ду созмони ҳомии ҳуқуқ – Freedom Now ва Hogan lovells шикояти муовини зиндонии раиси ҲНИТ Муҳаммадалӣ ҳайитро дар 78 саҳифа ба гурӯҳи кории марбут ба ҳабсҳои худсаронаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ супурдаанд.

Барои мардуми ҷаҳон ва мардуми кишварҳои аврупоӣ ҳузури наҳзатиёни террорист ва проблемаҳои онҳо дигар зарур нест. Кас ҳайрон мешавад, ки бо қадом ақлу фаросат ҷонибдорони исломӣ иртиҷоӣ мехоҳанд, ки мардуми Аврупо онҳоро дастгирӣ кунанд? Ин мардуми ҷоҳили ифротӣ магар идроки онро надоранд, ки аврупоиён аз шумо ва арзишҳои мазҳабиатон дар гурезанд. То кай ба умеди созмонҳои аврупоии ҳуқуқи башар шуда, мардуми ҷаҳонро мефиребед?

 Аз рафти рӯзи дуюми ин конфронс маълум шуд, ки дигар наҳзатиҳо ва арзишҳои онҳо барои мардум ва ташкилотҳои хориҷӣ ҳам муҳим нестанд, зеро мақсаду арзишҳои онҳо дар бештари ҳолат мухолифи фарҳангу маънавиёти инсонианд.

Дар ин нишасти ҳизби террористии ҲНИТ на намояндагони ҳайъати расмии Тоҷикистон ва на намояндагони расмии САҲА ширкат наварзида буданд. Муҳиддин Кабирӣ дар посух ба суоли ҳозирин гуфтааст, кадом мулоқоти расмие бо намояндагони САҳА дар ҷараёни ҳузураш дар Варшава барномарезӣ нашудааст. Дар ин ҷаласа ширкат накардани намояндагони расмии Тоҷикистон далели он аст, ки масъалаҳои ҳизби террористии наҳзати исломӣ ва ҳаводоронаш дигар на барои мардуми Тоҷикистон ва на барои ҳукумати кишвар муҳим нестанд, зеро ҲНИТ дигар «ҷойи холӣ» дар сиёсату фарҳангу иҷтимоиёти кишвар мебошад.

 Чунин ба назар мерасад, ки ин нишаст мисли ба ном «эътироз»-и як рӯз пештар доиркардаи мухолифини тоҷик дар Варшава таваҷҷуҳи чандон зиёдеро ба худ ҷалб карда натавонист ва ними толори маҷлисгоҳ тақрибан холӣ буд.

Муҳиддин Кабирӣ дар баромадаш сабаби таваҷҷуҳи ками ҷомеаи байналмилалӣ ба мушкилоти сиёсии Тоҷикистонро ба сахт андармон будани ҷаҳон бо нуқоти доғе, ба мисли Сурияву Ховари Миёна, Украина ва Мянмар рабт дода гуфтааст, ки мушкилоти Тоҷикистон дар қиёс бо ин нуқоти доғ барои ҷаҳон зиёд муҳим наменамояд.

Албатта Кабирӣ ин ҷо дуруст дарк кардааст, ки наҳзатиҳо ва ҳамсафонашон бо чунин нияту арзишҳои ғализе, ки доранд, барои на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки барои инсоният нодаркоранд. Беҳтар он аст, ки Кабирӣ ба конфронсҳо рафтану масъалаҳои шахсиву тиҷоратии худро бо сиёсат омехта кардан ва ба мардуми олам бегуноҳ нишон додани худро бас кунад. Дигар мардуми дунё кӣ будану ба чӣ кор машғул шудани ҲНИТ ва ҳаммаслаконашонро хуб медонанд.

Кабирӣ ва ҳаммаслақонаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистони осоишта мехоҳанд ҳамон бесару сомониҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро барқарор созанд, вале ман умеди зиёд дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба ин гапҳо ва ваъдаҳои дурӯғи Кабирӣ дода намешаванд ва боварии комил дорам, ки мардум ва давлат бар зидди чунин хоинони давлат мубориза мебаранд.

Ф. Миравотов,
ҷонишини мудири  шуъбаи
кор бо ҷавонон

Add comment


Security code
Refresh