“Ҷавонон бояд аз як гиребон сар бароранд!”

Мутааcсифона дар замони имрӯза шахсонеро дучор омадан мумкин аст, ки мафҳуми Ватану ватандӯстиро бо фикрҳои пучи худ дарк карда наметавонанд.  Ин гуна ашхосон  ҳамеша мехоҳанд, ки Тоҷикистони ороро ноором созанд, зеро хоҷагони лӯбадбози бурунмарзии онҳо аз ин лӯхтакҳо талаб мекунанд, ки чунин иғвоҳоро байни ҷавонон паҳн намоянд.

Имрӯзҳо дидан мумкин аст, ки ҷавонон  бештар ба равияҳои гуногуни экстримистию террористӣ шомил шуда истодаанд ва ин ҳама иғвогариҳои маҳз чунин ашхосон аст,  ки мехоҳанд ҷавононро,  ки ояндаи халқу ватананд гумроҳ созанд.  ҳадафи асосии ин гуна афродон ҷавононро зидди сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат равона созад.

Хоинони Ватан ба монанди Холиди Муҳаммадсаъид маҳз бо воситаи паҳн кардани фикрҳои ғаразомезу бадхоҳонаи  худ ҷавононро аз роҳи дурусти ватанхоҳиву ватандӯстӣ берун намуда, ҷавононро чун воситаи муҳими амалӣ сохтани ақидаҳои ғаразноки худ истифода менамоянд.

Бояд ҳамаи ҷавонон мисли ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз як гиребон сар бароварда,  ниқоби ин гуна афроди «ватанхоҳ»-ро аз рӯяшон бардоранд.

С. ҚОРИХОНОВ,
омӯзгори кафедраи  cиёсатшиносӣ
ва фарҳангшиносӣ

Add comment


Security code
Refresh