Кӯшиши барабас

Суханронии Холиди Муҳаммадсаъид, ба ном «фаъоли сиёсии тоҷик» дар мавзӯи “Ҷойгоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон” дар нишасти САҲА дар Варшава роҷеъ ба баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои узви ин созмон ҳар як сокини Тоҷикистонро бетараф гузошта наметавонад.

Созмонҳои аз тарафи Холид номбурда, яъне «Авангард» ва «Созандагони Ватан» узви фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва ҳамин танҳо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» зиёда аз 250 000 аъзои расмӣ дораду ҳазорон ҳазори дигар ҷавонони пайраву ҷонибдор дорад. Дар муқоиса аз чанд ҷавони авбошбашараи хиёнаткор ба монанди Холиди Муҳаммадсаъид ба миллату давлатдории миллӣ, ки аврупои бузург барояшон ҳаққи эътирозу гирдиҳамоӣ додааст, чаро натавонанд ба хотири ҳимоя аз манфиатҳои худу миллати худ даст ба тазоҳурот бизананд?

Айни ҳол дар хориҷ аз Тоҷикистон ҲНИТ ҳизби мамнӯъи террористӣ эълон шуда, аз ҳисоби ячейкаҳои дигари ихвонӣ таблиғоти густурдаро алайҳи ҳукумати Тоҷикистон ба роҳ мондааст ва  тавассути интернет ва дигар расонаҳои иттилоотӣ кӯшиш менамояд зеҳнҳоро мағшуш намояд, ки мисоли равшани он амали хоинонаи «фаъолони сиёсии тоҷик»  дар симои Холид барин  гурӯҳчаҳои хиёнаткор аст. Онҳо барои давлатдории миллии 8 миллион сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки зиёда аз 5 миллиони онро ҷавонон ташкил медиҳанд,  хатар эҷод мекунанд, мехоҳанд обрӯи давлати миллии онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ба хотири манфиатҳои худу хоҷагони хориҷиашон резонанд.

Дар мавриди ин, ки ҷаноби Холид ҷузъе аз ҷомеаи шаҳрвандӣ будани «Созандагони Ватан»-ро инкор мекунад, намедонем кӣ ба чӣ ҳаққе чунин хулоса кардааст. Ё шояд ҷомеаи шаҳрвандӣ аз нигоҳи ин мухолифони бо ном «сиёсӣ» ниҳоди сирф дар муқобили давлат қароргирифта фаҳмида шавад?! Магар созмони ҷамъиятие, ки зиёда аз 250 000 аъзо ва ҳазорон ҷонибдори дигар дошта, дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон саҳми муносиб мегузорад, аз ватану миллат, сулҳу осоиш, пешрафту шукуфоӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мегӯяд, оё метавонад ҷузъи ҷомеаи шаҳрвандӣ набошаду, ниҳодҳои нафақат ба расмият шинохтанашуда, балки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ террористию экстремистӣ эътирофшуда, амсоли ТЭТ ҲНИТ ва гурӯҳаки ҳамагӣ 24 ҷузъи ҷомеаи шаҳрвандӣ бошанд!?

Холиди Муҳаммад, ки худро фаъоли сиёсии Тоҷикистон мешуморад, чаро дур аз Ватан санги маломат ба ҳамватан, бахусус, ба ҷавонон ҳавола мекунад?

Мо, устодони ҷавони кафедраи сиёсатшиносӣ, чунин суханони бепояву бесаводона ва ғаразноки чунин фаъолони бо ном «сиёсӣ»-ро қатъиян маҳкум менамоем.

Моҳира Шарипова,
Оқилова Мавзуна,
устодони кафедраи
 сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

Add comment


Security code
Refresh