Таҷаллии шуълаи умед

Ҳар қадар ба умқи таърих ғўтавар шавем, қадру манзалати Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Тоҷикистон ҳамон қадар рўшантар муҷалло мегардад ва мардуми сарбаланди Тоҷикистон ин воқеаи сарнавиштсозро волотар арҷгузорӣ менамоянд.

Он айёми вазнину мураккаби ба сари халқи тоҷик омада ҳеҷ гоҳ аз хотири мардуми кишвар зудуда нахоҳад шуд. Зеро, рўзгори пурсаодати имрўзи мо бар ивази арзиши хеле гарон ба даст омадааст.

Абдурасул Ҳабибов ҳамчун вакили Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1990-1995-ум, даъвати дувоздаҳум шоҳиди рўйдодҳои солҳои аввали Истиқлолият ва иштирокчии Иҷлосияи тақдирсози кишвар аст. Дар бобати аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Тоҷикистон дар ҳаммуаллифӣ бо олим Ҳабибулло Холҷўраев асаре бо номи «Ваҳдат: воқеаҳо, далелҳо, ҳуҷҷатҳо, андеша ва хулосаҳо» бо забони русӣ таълиф намуд ва кўшиш ба харҷ дод, ки ҳақиқати ҳоли воқеаҳои аввали солҳои навадумро дар асоси санадҳои дақиқ ба назари хонанда рўшан намояд.

Вай ҳамчун вакили Маҷлиси Олии мамлакат аз ҳавзаи интихоботии рақами 140, Fўлакандоз буда, он рўзҳои талхро ба ёд меорад ва шукри рўзгори осоиштаи имрўз мекунад.

Вазъи муташанниҷи сиёсӣ дар кишвар нобасомонӣ ва беҳокимиятиро ба миён оварда буд. Ба ҷуз вакилон ягон нерўи қонунбарор мавҷуд набуд.

- Барои ҳамин,- мегўяд Абдурасул Ҳабибов, баҳри ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъ вакилони мардумӣ бо ҳамдигар пайваста иртибот доштанд ва маврид меҷустанд, ки Иҷлосияи ғайринавбатӣ доир гардад. Оқибат, ба қароре омаданд, ки бояд намояндагони ҳама ҷонибҳо як ҷо ҷамъ оянд. Роҳи дигаре набуд. Акнун муаммое пеш меистод, ки ин аниқ кардани ҷои баргузории Иҷлосия буд. Баъзе вакилон мегуфтанд, ки дар шаҳри Душанбе гузаронида шавад. Вале нотинҷии вазъи пойтахт ба ҷамъ шудану дар фазои ором гузаронидани Иҷлосия имкон намедод. Пешниҳод гардид, ки Иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд гузаронда шавад. Вакилон ба қароре омаданд, ки Қасри Арбоб мавзеи беҳтарин баҳри барпокунии Иҷлосия аст. Дар ҳолати муташанниҷ гардидани вазъ низ сокинон зарар намебинанд.

- Иҷлосия хеле пуршиддату тезутунд мегузашт,-мегўяд Абдурасул Ҳабибов-Иҷлосия ба кори худ шуруъ намуд. Дар рўзнома масъалаҳои баррасишаванда зиёд буданд. Вале аз дигар тараф ҳар кӣ манфиати худро дошт. Ба ҳар ҳол, хушбахтиву саодати мардуми сарзамини мо, иқболи баланди мост, ки ин Иҷлосия доир шуд ва он тақдирсоз гашт. Натанҳо сарнавиштсоз, балки сулҳу оштиовар, муросову мадороовар низ гашт. Ба хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ, ба тантанаи ваҳдату ягонагӣ дар Тоҷикистони азиз замина, таҳкурсӣ ва асос шуд.

Дар он рўзҳои торику зулмотии кишвар баргузор гаштани Иҷлосия ин тавлид гаштану таҷаллии шуълаи умед дар қалбҳои аксари мардуми диёр буд, ки оқибат беҳокимиятӣ хотима хоҳад ёфт!

Он санадҳое, ки дар Иҷлосия қабул карда шуданд, тадриҷан татбиқи худро меёфтанд ва бо ин дар дилҳои одамон боварӣ ба рўзҳои нек қавитар мегардид.

-Агар ба баргузории ин Иҷлосия баҳои сазовору ҳаққонӣ диҳем, аҳамияти он дар бадастории сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат хеле бузург аст, - зикр мекунад. А.Ҳабибов. - Аҳамияти муҳимтарини он интихоби Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳақиқати рўзгор натарсиданд, ба дифои он рафтанд, садоқатмандии беназир нисбат ба халқу Ватани хеш зоҳир намуданд. Ҳамин фазилати ҷавонмардонаашон буд, ки ватандори тавоно ва барўманд гаштанд.

Дар Иҷлосия боз як воқеаи таърихӣ ин қабул гардидани Парчам ва Нишони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Воқеаи дигар барпо шудани оши оштӣ бо иштироки ҷонибҳо буд, ки ин манзара, ин лаҳзаҳо кудуратро аз дилҳо зудуд…

-Аз тақдирам шоду ризомандам, ки дар он рўзҳои баҳри кишварамон хеле мушкил ман низ каме бошад ҳам, баҳри ба эътидол овардани вазъи сиёсии сарзаминамон ва баҳри тантанаи сулҳу субот саҳм гузоштаам,-мегўяд Абдурасул Ҳабибов.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh